01.09.2026

 img

Иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш

 

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид, ки он на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки ибтидои маънавии марҳилаи нав дар ҳаёти кӯдакону наврасон мебошад. АМИТ «Ховар» ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.

 

— Мулоқоти ҳарсола бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки мо вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Зеро маҳз дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад.

 

***

Ниёгони хирадманду рӯзгордидаи мо донишро беҳуда «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» нагуфтаанд.

 

***

Ман дар сиёсати худ пешрафти соҳаи маорифро дар ҷойи аввал мегузорам.

***

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.

***

Фарзандони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

***

Ҷавоне, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад, хору зор намешавад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат мебинад, зеро дунёи маънавии ӯро ақлу хирад, донишу маърифат ва саъю талош пурбор гардонидааст.

***

Маблағгузорӣ ба неруи инсонӣ ва пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонони мамлакат беҳтарин ва самарабахштарин сармоягузорӣ мебошад.

***

Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.

***

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди мамлакат эътимоди комил дорам.

***

Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва азхуд кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад.

***

Наврасону ҷавонони боиродаи Ватани маҳбубамонро зарур аст, ки бо шукронаи истиқлолу озодӣ дар пайи ободӣ ва пешрафти кишвари азизи худ бошанд, зеро дар Тоҷикистон барои амалӣ гардидани тамоми мақсаду мароми созандаи онҳо ҳама шароиту имконияти мусоид муҳайё карда шудаанд.

***

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар баробари бунёди муассисаҳои нави таълимӣ беш аз ҳазор мактаби мавҷударо навсозӣ кардем, мактабҳои боқимондаро таъмиру тармим карда, дар онҳо тамоми шароити зарурии замонавиро муҳайё сохтем ва ҳоло ин равандро идома дода истодаем.

***

Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст.

***

Асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад.

***

Бори дигар таъкид мекунам, ки вақте миллат бесавод мемонад, ҷомеа дар торикӣ мемонад ва ба ҷаҳолат гирифтор мешавад.

***

Ҳангоми Дарси сулҳ аз гузаштаи вазнин ва начандон дури халқамон ёдовар шуда, шогирдон, яъне наслҳои наврасу ҷавонро даъват бояд кард, ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расанд ва ин сарвати бебаҳои зиндагиро, ки самараи азму талош ва фидокориву ҷоннисориҳои ҷавонмардони бонангу ор ва мардуми шарифамон мебошад, пос доранд.

***

Мактабу маориф василаи ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

***

Бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имконияти зарурӣ муҳайё карда шудаанд.

***

Ҳадафи мо аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи шумо – фарзандони азиз, аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имконияти мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.

***

Шумо – наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли хушбахти замони истиқлол соҳибони ояндаи Ватан, давлат ва номбардорони фардои миллат ҳастед.

***

Бигзор бо шарофати истиқлолият соҳаи аз ҳама муҳими мамлакат– илму маориф рушд намояд ва барои Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон насли сазовору арзандаро ба воя расонад.

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.   Дар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки робитаҳои мардумони ду кишвар решаҳои куҳани таърихӣ ва тамаддуниву фарҳангӣ доранд.   Ба масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетиĸа, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Рушди ҳамĸории фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.   Авзоъ дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон бо тамаркуз ба роҳҳои ҳалли сиёсии низоъҳои минтақа дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дошт.   Табодули афкор, ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, сурат гирифт.

    1

    01.09.2026
  •  img
    Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд.   Дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Никол Пашиниянро барои аз нав таъйин гардидан ба мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрик намуда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид доштанд.   “Мо барои талошҳои минбаъдаи муштарак баҳри ғанӣ гардонидани муносибатҳои байни кишварҳоямон бо муҳтавои нави амалӣ омодаем”- изҳор доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Тавре зикр гардид, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арманистон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди бемайлони онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.   Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар таъмини рушди савдои дуҷониба, робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили форумҳои тиҷоратӣ зарур шумурда шуд.   Дар ин робита зарурати баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид гардид.   Масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои бисёрҷониба низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

    5

    01.09.2026
  •  img
    ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ Омӯзгорони муҳтарам! Донишҷӯёну хонандагони азиз!   Бо камоли эҳтиром Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро ба кулли ҳамватанон, устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён самимона муборакбод менамоям.   Илму маориф ҳамчун заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва омили муҳимтарини пешрафти давлат дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад.   Тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ ба шарофати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, бо амалисозии иқдомҳои созанда барои насли наврас шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.   Вусъати бесобиқаи сохтмони муассисаҳои таълимию томактабӣ дар пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ далели равшани он аст, ки рушди маориф ва тарбияи насли ояндасоз дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, барои эъмори ҷомеаи донишбунёд ва пешрафта заминаи устувор гузошта мешавад.   Имрӯз дар назди соҳаи маориф вазифаи муҳими омода намудани насли донишманд, соҳибкасб, худшиносу ватандӯст ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қарор дорад. Зеро ояндаи давлату миллат пеш аз ҳама ба дониш, ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобаста мебошад.   Итминони комил дорам, ки дар шароити таҳаввулоти амиқи технологӣ хонандагону донишҷӯёнро водор месозад, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, ҳамчун мутахассисони соҳибмаърифат барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми сазовори худро гузоранд.   Бори дигар оғози соли нави таҳсилро ба кулли мардуми Тоҷикистон, замватанони бурунмарзӣ ва аҳли маорифи кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар як хонандаву донишҷӯ таҳсили пурмаҳсул ва ба Ватани азизамон шукуфоиро орзумандам.   Рӯзи дониш муборак бод замдиёрони азиз!

    32

    31.08.2026