25.06.2026
Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Педагогикаи миллӣ ва нақши он дар ташаккули худогоҳӣ ва худшиносии ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсияро ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи шаҳрвандони ватандӯст ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои арзандаи соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маърифат, фарҳанг ва худшиносии шаҳрвандон равона гардида, дар ин раванд педагогикаи миллӣ ҳамчун низоми арзишҳо ва таҷрибаи бойи тарбиявии халқи тоҷик нақши муассир дорад.
Дар кори конференсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Сӯҳроб Самадзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти педагогикаи миллӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли соҳибмаърифат ва рушди арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир андешаронӣ карданд.
Дар идомаи кори конференсия маърузаҳои илмии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайрулло Сабурӣ дар мавзуи «Саҳми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар омодасозии кадрҳои илмию педагогӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ», номзади илмҳои филологӣ ва дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Саидумрон Саидов перомуни «Масъалаҳои истифодаи сарчашмаҳои тарбиявии педагогикаи миллии халқи тоҷик дар рушди ҳаматарафаи насли наврас», дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ Нодирҷон Солиҷонов оид ба «Омилҳои педагогии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Абдуҳаким Шарипов дар мавзуи «Нақши педагогикаи муосир дар татбиқи ҳадафҳои эълон гардидани солҳои 2026-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»» шунида шуданд.
Дар анҷоми конференсия изҳори умед гардид, ки натиҷаҳои муҳокимаҳои илмӣ барои рушди минбаъдаи афкори педагогӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои педагогикаи миллӣ дар низоми таълим ва таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.