14.04.2026
13-14 апрели соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баргузор гардид, ки дар кори он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни маросими расмии ифтитоҳи Конгресс вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои фаромарзиро дар соҳаи маориф ва илм таъкид кард. Вазир иброз дошт, ки шаҳри бостонии Самарқанд аз қадимулайём ҳамчун маркази илм, фарҳанг ва муколамаи тамаддунҳо шинохта шуда, баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд дар ин макон рамзӣ ва дорои аҳаммияти хос мебошад.
Дар идомаи Конгресс, вазири маориф ва илм дар ҷаласаи пленарӣ таҳти унвони «Интегратсияи маориф ва илм ҳамчун асоси шарикии устувори Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо» иштирок карда, доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалӣ суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мо барои рушди соҳаи маориф ва илм се ҳадафи стратегии муҳим, рушди таҳсилоти муҳандисӣ ва тиббӣ бо мутобиқсозии барномаҳо ба стандартҳои аврупоӣ, ҷалби грантҳо ва барномаҳои табодули академӣ, инчунин тақвияти ҳамгироии илм ва истеҳсолот тавассути татбиқи технологияҳои рақамӣ ва «сабз»-ро ро пайгирӣ менамоем. Ҳамзамон, вазир пешниҳод намуд, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ, роҳандозии мубодилаи устодону донишҷӯён, таъсиси фонди минтақавии грантҳо ва ифтитоҳи маркази ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар минтақа зарур мебошад. Зикр шуд, ки чунин иқдомҳо метавонанд имкониятҳои нави таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва шуғли ҷавононро фароҳам оварда, ба рушди иқтисод ва тақвияти низоми тандурустӣ ва муҳандисии кишварҳо мусоидат намоянд.
Барномаи Конгресс фарогири як қатор ҷаласаҳои муҳимми мавзуӣ, аз ҷумла панелҳои сатҳи вазирон, муҳокимаҳои илмӣ ва нишастҳои соҳавӣ дар самтҳои иқтисод, технология ва тиб буд, ки дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, татбиқи барномаҳои муштарак ва рушди таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардид.
Дар ҳошияи Конгресс вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор ҳамтоён ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои иштирокчӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва рушди лоиҳаҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд гуфт, чорабинии мазкур яке аз платформаҳои муҳимми байналмилалӣ дар самти таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо маҳсуб ёфта, дар он вазирони соҳа, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Конгресси «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» ҳамчун платформаи муҳимми ҳамгироии илмию таълимӣ ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар минтақа мусоидат менамояд.