25.04.2025

 img

25 апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар якҷоягӣ бо директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Кумаки техникӣ ба соҳаи маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Штефан Зеверт, сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис ва коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ Айгул Казжанова дар ҷамъбасти арзёбии байналмилалии PISA, ки 2 апрели соли 2025 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”-и ноҳияи Синои пойтахт иштирок намуданд.

 

Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбаст бо иштирокдорони арзёбии мазкур суҳбат анҷом дода, иброз дошт, ки шумо аввалин хонандагоне мебошед, ки дар арзёбии байналмилалии PISA иштирок намуда, маорифи миллииамонро дар миқёси ҷаҳонӣ бо натиҷаи ин арзёбӣ ҳимоя мекунед.

 

Иттилоъ дода шуд, ки арзёбии байналмилалии PISA бо фарогирии 6300 хонанда дар 160 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ ба таври расмӣ гузаронида мешавад.

 

Ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба озмоиши хурди ин арзёбиро дар 71 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо фарогирии 2272 нафар хонандагони синну соли аз 15,3-16,2 сола аз 6-уми май то 21-майи соли 2024 гузаронид. Озмоиши он заминаи муҳим ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон - PISA-2025 буд.

 

Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон - PISA - омӯзиши байналмилалие мебошад, ки соли 2000 оғоз шудааст. Ҳадафи он баҳодиҳии низоми таълим дар саросари ҷаҳон тавассути санҷиши малакаҳо ва донишҳои таълимгирандагони 15-сола дар кишварҳои ширкаткунанда мебошад ва аз соли 2000 беш аз 90 кишвар дар барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон -PISA-2025 ширкат варзиданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИШТИРОК ДАР ҶАМЪБАСТИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PISA img
  • ИШТИРОК ДАР ҶАМЪБАСТИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PISA img
  • ИШТИРОК ДАР ҶАМЪБАСТИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PISA img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 20 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи таҳқиқи вазъи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала мудири шуъбаи педагогика ва методикаи таълими Академия Ф. Гулмадов гузориш пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар миёни хонандагон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф буда, тақвияти корҳои тарбиявӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидайн дар ин раванд аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Сипас, масъалаи хизматрасонии психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ С. Ниёзӣ маъруза намуда, вазъи кунунии хизматрасонии психологӣ, нақши равоншиносон дар муҳити таълимӣ ва зарурати тақвияти корҳои машваратӣ бо хонандагону омӯзгоронро шарҳ дод. Дар ҷараёни муҳокима таъкид гардид, ки беҳтар намудани фазои равонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҳолатҳои номатлуб миёни хонандагон ва баланд бардоштани маърифати психологии иштирокчиёни раванди таълим аз вазифаҳои муҳимми соҳа маҳсуб меёбанд. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда ва андешидани тадбирҳои иловагӣ барои таҳкими корҳои тарбиявию психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    85

    20.02.2026
  •  img
    ҶАЛАСАИ КОРИИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ШОҲНОМАХОНӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД 19 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.   Ҷаласа бо мақсади баррасии рафти омодагӣ ва тасдиқи ҷадвали баргузории даврҳои озмун доир шуда, дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳои марбута, аъзои комиссия ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини Сарвазири кишвар ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он арҷгузорӣ ба мероси безаволи адабии миллат ва омӯзиши амиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Сипас, вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои саривақтии амри Президенти кишвар Ситоди кории Вазорати маориф ва илм таъсис дода шуда, як қатор тадбирҳои ташкиливу методӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, нусхаи Низомномаи озмун ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ирсол гардида, ҷиҳати ташкили босифати даврҳои озмун дастуру тавсияҳои методӣ пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои машваратӣ барои масъулон ва аъзои комиссия баргузор гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳангоми омодасозии иштирокчиён ба дарки амиқи муҳтавои «Шоҳнома», фарҳанги баланди қироат, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Инчунин, лоиҳаи рамзи озмун ва ролики таблиғотӣ таҳия гардида, барои мувофиқа ба комиссия пешниҳод шудааст. Дар идомаи ҷаласа ҷадвали баргузории чор даври озмун барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамин тартиб, даври якум дар моҳи март, даври дуюм дар моҳи апрел, даври сеюм дар нимаи дуюми моҳи сентябр ва даври чорум дар нимаи якуми моҳи декабр баргузор мегардад. Дар ҷараёни ҷаласа зикр гардид, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин замина нашр ва тақдими беш аз 1,7 миллион нусха «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи тоҷик ҳамчун иқдоми муҳимми фарҳангӣ арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши фарҳанги мутолиа мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки озмун на танҳо воситаи кашфи истеъдодҳои нав дар бахши қироат ва суханварист, балки омили муҳимми баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Дар қисмати хотимавии ҷаласа муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ» иқдоми муҳим дар роҳи эҳёи суннатҳои асили миллӣ буда, омӯзиши «Шоҳнома» на танҳо шиносоӣ бо таъриху фарҳанги ниёгон, балки василаи муассири тарбияи насли худшиносу ватандӯст мебошад. Муовини Сарвазир аз масъулон даъват ба амал овард, ки шаффофият, адолат ва сатҳи баланди ташкилиро дар тамоми марҳилаҳои озмун таъмин намоянд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    81

    19.02.2026
  •  img
    АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ: САҲМИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҲИФЗИ ТАБИАТ Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои кабудизоркунӣ ва татбиқи Нақшаи амали солҳои 2025–2027-и Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз минтақаи вобаста боздид намуд. Зимни боздид таъкид гардид, ки Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 тасдиқ гардида, Вазорати маориф ва илм дар доираи татбиқи он дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ корҳои амалиро оид ба шинонидани ниҳолҳои гуногун ба роҳ мондааст. Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом бо мақсади сабзгардонии муҳити зист, коҳиши газҳои гулхонаӣ, таъмини рушди иқтисодиёти «сабз» ва таҳкими амнияти экологӣ амалӣ гардида, ҳамчун саҳми муассисаҳои соҳа дар ҳифзи табиат арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон, тибқи тавсияи мутахассисон дар минтақа корҳои мониторинги ниҳолҳои хушкшуда, барқарорсозии онҳо ва инчунин шинонидани ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ идома дошта, барои афзоиши фазои сабз тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Муовини вазир зимни суҳбат бо масъулон ба зарурати таъмини сифатнокии корҳои агротехникӣ, нигоҳубини мунтазами ниҳолҳо ва ҷалби бештари донишҷӯён ба чунин ташаббусҳои экологӣ таъкид намуд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ чунин иқдомҳои созандаро идома дода, ҷиҳати иҷрои босамари барномаи мазкур, ҳифзи табиат ва беҳбуди муҳити зист чораҳои заруриро мунтазам ба роҳ хоҳад монд.                                                                                                                                                                                                                                                                                             Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    95

    18.02.2026