19.08.2026

 img

19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид.

 

 

Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

 

 

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи «Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

 

Президенти кишвар, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъсиси Шуро идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти навсозии иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ мебошад.

 

 

Зикр гардид, ки эълон шудани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва тасдиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030 барои пешбурди ин раванд заминаи зарурӣ фароҳам овардааст.

 

 

Сарвари давлат иброз доштанд, ки рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд.

 

 

Таъкид гардид, ки дар мамлакат низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ роҳандозӣ шудаанд, вале фаъолияти ҷудогонаи онҳо, такроран талаб намудани маълумот, мавҷудияти расмиёти коғазӣ ва номуайянии натиҷаи баъзе лоиҳаҳо ҳанӯз мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, ҳамгироии низомҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, шаффофияти хароҷот ва риояи принсипи «маълумот танҳо як маротиба» аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.

 

 

Муовини Раиси Шуро, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ гузориш дод.

 

 

Дар идома Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода вобаста ба ҷалби сармоя ва механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои рақамӣ ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода оид ба омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ иттилоъ дод.

 

 

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо вобаста ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот пешниҳодҳо манзур кард.

 

 

Зимни муҳокима таъкид гардид, ки ҳар як пешниҳоди марбут ба рақамикунонӣ бояд ба натиҷаи мушаххас, муҳлати иҷро, манбаи маблағгузорӣ ва масъулияти роҳбарон пайваст карда шавад. Барои солҳои 2027 - 2030 ҳадафҳои солона ва натиҷаи ниҳоӣ муайян гардида, аз таҳияи чорабиниҳои такрорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои беасос пешгирӣ карда шавад.

 

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки рақамикунонӣ дар асоси чор принсипи асосӣ – натиҷаи мушаххас барои инсон ва иқтисод, роҳандозии сохтори ягонаи рақамии давлат, пешниҳоди маълумот танҳо як маротиба ва дастрасии баробари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда шавад.

 

 

Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ ташкили низоми ягонаи идоракунии равандҳои рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, ташкили низоми миллии маълумот ва ҳамгироии феҳристҳои давлатӣ, пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии бахшҳои воқеии иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ, соҳибкории рақамӣ ва инноватсия, ҷалби сармоя, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти киберӣ муайян гардиданд.

 

 

Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки масъулони сатҳи техникиро барои ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди низомҳои рақамӣ муайян намуда, дар ин самт бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд.

 

 

Ба мақомоти давлатии хизматрасон супориш дода шуд, ки барои ворид намудани хизматрасониҳои худ ба портали ягона ва пешниҳоди пурраи онҳо дар шакли электронӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Пеш аз электронӣ намудани ҳар як хизматрасонӣ тартиби он содда гардида, талаботи зиёдатӣ, ҳуҷҷатҳои такрорӣ ва муроҷиати беасос ба чанд мақом барҳам дода шаванд.

 

 

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор гардид, ки нақшаи марҳала ба марҳала пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои афзалиятноки давлатиро пешниҳод намояд.

 

 

Таъкид гардид, ки Хадамоти алоқа якҷо бо мақомоти дахлдор бояд иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи рушди соҳаи алоқаро таъмин намуда, диққати асосиро ба баланд бардоштани сифат ва фарогирии интернет, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, равона созад.

 

 

Ба Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор харитаи гузариш ба расмиёти пурра бекоғазро таҳия ва татбиқ намояд.

 

 

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардиданд, ки оид ба ҷалби сармояи хусусӣ ва рушди соҳибкории рақамӣ пешниҳодҳо манзур намоянд. Таъкид гардид, ки дастгирии давлатӣ бояд шаффоф, рақобатнок ва ба натиҷа нигаронида шуда, барои иштироки ширкатҳои ватанӣ ва ба кор даровардани маҳсулоти инноватсионӣ имконияти бештар фароҳам оварда шавад.

 

 

Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳоро ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ созад. Таъкид гардид, ки дар баробари малакаҳои касбӣ, тадбирҳо барои баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ низ бояд тақвият дода шаванд.

 

 

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.

 

 

Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳоро аз рӯйи натиҷаҳои рақамикунонӣ арзёбӣ намояд. Таъкид гардид, ки роҳбарон барои ҳамгироии низомҳо, сифати маълумот, соддагардонии хизматрасониҳо, истифодаи самараноки маблағ ва натиҷаҳои воқеии лоиҳаҳои рақамӣ масъулияти шахсӣ доранд.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, таъкид доштанд, ки Шуро бояд майдони қабули қарорҳои стратегӣ, бартараф намудани монеаҳои байниидоравӣ ва назорати қатъии натиҷаҳо гардад.

  • Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАНАЛМИЛАЛӢ ВОБАСТА БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ 18 августи соли 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи Барномаи омӯзишии Корея - Осиёи Марказӣ оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид.   Дар кори ҳамоиши мазкур директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Муҳаммадраҷабзода иштирок намуда, дар мавзуи «Рушди таҳсилот дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея» маъруза намуд.   Зимни маъруза сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ, татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040, инчунин тадбирҳои марбут ба ҷорӣ намудани курси «Асосҳои зеҳни сунъӣ» ва татбиқи озмоишии он дар 100 муассисаи таҳсилоти умумӣ муаррифӣ гардид.   Ҳамзамон, масъалаҳои омода намудани омӯзгорони баландихтисос, таҳияи маводи таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномасозӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таъмини истифодаи бехатари технологияҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои омода намудани тренерони миллӣ, таҳияи муштараки барномаҳои таълимӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои намунавии зеҳни сунъӣ, ташкили платформаи муштараки захираҳои рақамӣ, баргузории олимпиадаҳо ва ҳакатонҳо, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки хонандагону омӯзгорон пешниҳод намуд.   Дар рафти форум намояндагони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро дар самти зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Барномаи омӯзишии Корея - Осиёи Марказӣ то 21 август идома ёфта, дар доираи он боздид аз муассисаҳои пешрафтаи таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла, озмоишгоҳи Smilegate Future Lab, Мактаби миёнаи технологияҳои иттилоотии Сеул, Донишгоҳи Корея ва Осорхонаи роботҳо ва зеҳни сунъии Сеул дар назар аст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    24

    19.08.2026
  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб Муҳтарам табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ!   Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик мегӯям.   Интихоби зодрӯзи донишманди бузургу фарзонаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамчун ҷашни касбии шумо нишонаи возеҳи арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба заҳмати содиқонаву софдилонаи кормандони соҳаи тиб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷоти ҳаёти инсон мебошад.   Заҳмати шабонарӯзӣ ва садоқати шумо ба Савганди табиб асоси солимӣ ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.   Табиб шахсияти соҳибкасбест, ки тамоми донишу таҷриба ва неруи зеҳнии худро барои ҳифзи саломатии мардум ва таҳкими солимии ҷомеа бахшидааст.   Аз ин рӯ, касби табиб пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷаҳон ба шумор меравад.   Имсол Рӯзи кормандони тандурустӣ дар айёме таҷлил мегардад, ки мардуми Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои озоду ободи кишвар ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд.   Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар гардида, то имрӯз дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаи наву замонавии тиббӣ бунёд карда шудаанд.   Муассисаҳои тиббии кишвар ҳоло бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат карда истодааст.   Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаам, ки саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад.   Вобаста ба ин, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат ҳадафи аслии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Дар баробари рушди инфрасохтор, рақамикунонии соҳа низ босуръат пеш меравад.   Ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилооти тандурустӣ, истифодаи сабтҳои электронии тиббӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар солҳои наздик сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.   Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва зиёд шудани давомнокии умри аҳолӣ мусоидат менамоянд.   Муҳтарам табибон!   Шумо намояндагони касбе мебошед, ки бо умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад.   Ҳар як шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад.   Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар як беморро талаб менамояд.   Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар як табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд.   Ҳамзамон бо ин, рушди босуръати тибби муосир аз ҳар як мутахассис тақозо менамояд, ки донишу малакаҳои худро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро аз худ намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад.   Илм ҳамеша дар ҳоли ҳаракату пешрафт аст ва табиби муваффақ бояд омӯзандаи ҳамешагӣ бошад.   Муҳтарам кормандони соҳаи тиб ва   олимону донишмандон!   Бузургдошти номи Абуалӣ ибни Сино – фарзанди фарзонаву чеҳраи барҷастаи миллати тоҷик дар кишвар ва ҷомеаи мо танҳо як эҳтироми рамзӣ нест.   Тавре ки дар яке аз вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тиб гуфта будам, нуфузи ибни Сино дар таърихи тиб бо нуфузи Арасту дар таърихи фалсафа қобили муқоиса аст.   Хизмати ибни Сино дар рушди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла илми тиб ниҳоят бузург буда, ному осори ӯ на танҳо ифтихори миллати тоҷик, балки мояи сарфарозии тамоми инсоният гардидааст.   Ба шарофати ақлу заковат, донишу истеъдоди фавқулода ва заҳмати шабонарӯзӣ номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи башарият ва илми ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.   Аз миёни осори арзишманди ӯ китоби машҳури «Қонуни тиб» яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои илми тиб мебошад, ки машҳуртарин асари тиббӣ дар тамоми таърихи инсоният ба шумор рафта, зиёда аз 600 сол ҳамчун дастури бунёдии таълимӣ дар донишгоҳҳои пешрафтаи олам истифода гардидааст.   Бузургиву ҷовидонагии ибни Сино дар он аст, ки ӯ саломатии инсонро арзиши олӣ медонист ва пешгирии бемориро аз табобати он муҳимтар мешуморид.   Ҳанӯз ҳазор сол пеш ӯ дар бораи аҳаммияти ҳавои тоза, оби босифати нӯшокӣ, ғизои солим, покизагии муҳити зист, фаъолияти ҷисмонӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии модару кӯдак андешаҳои муҳимму судманди илмӣ баён кардааст.   Ҳоло ин андешаҳо заминаи устувори илми тибби муосир, тандурустии ҷамъиятӣ, беҳдошт ва тибби профилактикиро ташкил медиҳанд.   Ба ҳамин хотир, мероси гаронбаҳои илмии Абуалӣ ибни Сино барои мо мояи ифтихори милливу таърихӣ мебошад.   Маҳз ҳамин эҳтирому гиромидошт ба мероси беназири ӯст, ки имрӯз номи Абуалӣ ибни Синоро дар муҳимтарин муассисаҳои илмиву таълимии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷовидона гардонидааст.   Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки беш аз ҳашт даҳсола барои мамлакати мо ва кишварҳои дигар ҳазорҳо мутахассисони баландихтисоси тиббиро омода намудааст, идомадиҳандаи анъанаҳои мактаби илмии ин нобиғаи оламшумули тоҷик мебошад.   Имрӯз бо номи ӯ дар пойтахти кишварамон яке аз калонтарин ноҳияҳо ва яке аз зеботарин хиёбонҳо номгузорӣ шудааст.   Инчунин, дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кӯчаҳои марказӣ ва яке аз баландтарин қуллаҳои Помир бо баландии 7134 метр ба номи Абуалӣ ибни Сино сабт шудаанд.   Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳо Маркази синошиносӣ таъсис дода шудааст, ки кормандони он ба омӯзишу тарҷумаи осори ибни Сино машғул мебошанд.   Дар кишвари мо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника таъсис дода шудааст, ки дар ду сол як маротиба ба олимону донишмандон барои асарҳои шоиста дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ; биология ва кишоварзӣ; илмҳои тиббиву фарматсевтӣ ва ҷомеашиносиву гуманитарӣ супорида мешавад.   Имсол бо Фармони Президенти мамлакат Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд.   Хотирнишон менамоям, ки ин ҷоиза танҳо як қадрдониву мукофоти илмӣ нест.   Он рамзи эҳтироми амиқи мо ба мероси гаронбаҳои яке аз бузургтарин донишмандони миллати тоҷик ва таърихи инсоният мебошад.   Ин иқдоми бесобиқа Тоҷикистонро ба маркази муколамаи илми тибби ҷаҳонӣ табдил дода, олимону табибони барҷастаи дунёро барои кашфиёту навовариҳо дар соҳаи тиб қадрдонӣ менамояд.   Гуфтаҳои боло нишони эҳтироми амиқи давлат ва мардуми Тоҷикистон ба шахсияте мебошад, ки бо илму хиради худ номи миллати тоҷикро дар таърихи тамаддуни башар ҷовидона гардонидааст.   Табибони муҳтарам!   Бори дигар такрор мекунам, ки ҳамчун Рӯзи кормандони тандурустӣ интихоб гардидани санаи таваллуди ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ дар кишвари мо тасодуфӣ нест.   Шумо – ворисони ин олиму табиби бузург – вазифадор ҳастед, ки бо пайравӣ аз мактаби андешаи ӯ илми тибби ватаниро ба қуллаҳои нав бароред ва номи Тоҷикистони азизамонро дар ҷаҳон боз ҳам бештар муаррифӣ намоед.   Бигзор, заҳматҳои шабонарӯзии шумо ҳамеша бо эҳтирому самимияти мардум қадрдонӣ гарданд.   Бигзор, ҳамеша андешаву неруи тоза ва комёбиҳои илмиву касбӣ ҳамқадами ҳар яки шумо бошанд.   Ҳамаи шуморо бори дигар бо ҷашни касбии кормандони соҳаи тиб самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафатон барору муваффақият орзу менамоям.   Ҷашни касбӣ муборак бошад, табибони ҳозиқ!

    58

    18.08.2026
  •  img
    ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИРТИБОТИ ФАРҲАНГИИ МАЛАЙЗИЯ Имрӯз, 18 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Дабири кулли Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва Раиси Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ниси Бай, директори иҷроияи «ITEA Jobs» Чжан Чжи Ҳао ва муовини директори иҷроия Бенҷамин Леонг вохӯрӣ намуд.   Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки мулоқоти мазкур идомаи мантиқии муколамаи созандаи ҷонибҳо буда, барои гузариш ба марҳалаи нави ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.   Таъкид гардид, ки натиҷаҳои сафари намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 апрели соли 2026 ва мулоқотҳои баргузоршуда имкониятҳои воқеии роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат, татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро нишон доданд.   Дар идома ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, таъсиси барномаҳо ва марказҳои муштараки таълимӣ, рушди таҳсилоти фаромиллӣ, татбиқи барномаҳои дудиплома, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат, такмили ихтисос, баргузории чорабиниҳои илмию таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҳамчунин, вобаста ба ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, татбиқи барномаҳои байналмилалии бурсиявӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосири таълимию инноватсионӣ дар самтҳои STEM, зеҳни сунъӣ, технологияҳои таълимӣ ва таҳсилоти касбӣ табодули афкор сурат гирифт.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бо роҳнамоӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ, рақамикунонии раванди таълим, дастгирии илму инноватсия ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад.   Зикр шуд, ки ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия метавонад барои ворид намудани таҷрибаи пешқадам, технологияҳои муосири таълим ва моделҳои самараноки омодасозии кадрҳо мусоидат намояд.   Дар доираи вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои рушди ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону мутахассисон, рушди малакаҳои касбӣ ва идоракунӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам меорад.   Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳияи нақшаи муштараки чорабиниҳо бо муайян намудани самтҳои афзалиятнок, муҳлатҳои иҷро, масъулон ва натиҷаҳои интизоршаванда изҳор дошта, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда, амалӣ ва натиҷамеҳвар дар соҳаи маориф ва илм изҳори ҳавасмандӣ намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    72

    18.08.2026