04.10.2026

 img

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

 

Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукуҳ ва ҷалоли хоса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд.

 

Истиқболи гарму самимӣ ва шодию нишоти намояндагони сершумори аҳолии ҷомеа дар фазои сафобахши Ватан шаҳодати ифтихор ва шукргузории мардуми Тоҷикистон аз сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, суруду таронаҳои дилангез ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар ва комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд. 

  • Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб img
  • Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб img
  • Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб img
  • Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб img
  • Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шумо ва ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории миллату давлат мебошад, самимона табрик мегӯям.   Забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро карда истодааст.   Он ҳамчун арзишмандтарин ёдгори аҷдоди ориёии мо дар паҳнои таърихи пур аз шебу фароз, вале пурифтихори худ тавассути андешаву қалами фарзандони фарзонаи миллат ҳама гуна монеаҳоро убур карда, роҳи рушди худро идома бахшидааст.   Забони тоҷикӣ, ки инъикосгару муаррифгари андешаву афкори миллӣ ва арзишу дастовардҳои мо мебошад, гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони миллату давлат пайванди ҷовидонӣ мебахшад.   Ҳамчунин, забони модарии мо ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз руҳи шикастнопазири ниёгону имрӯзиён, нигоштаҳои оламшумули бузургони илму адаб, фарҳангу маънавиёти миллат ва талошҳои созандаву бунёдгаронаи мардуми куҳанбунёди моро дар пайкари хеш таҷассум намудааст.   Дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои фарҳангӣ мо бояд хотираи неки абармардони илму адаби гузаштаамонро, ки дар рушду такомули забони тоҷикии форсӣ ва густаришу пойдории он саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд, пайваста зинда нигоҳ дорем, барои омӯзишу таҳқиқ ва муаррифии шоистаи осори гаронбаҳои онҳо ба аҳли башар кӯшишу талоши бештар намоем.   Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯзҳо садо додани забони нобу шевои тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гувоҳи ҳастии миллати тоҷик ва пешрафту ободии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.   Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ бо пуштибониву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат марҳалаи муҳимми рушдро тай намуда, ҳоло ба василаи асосии иттиҳоду сарҷамъии мардуми мо ва омили муҳимтарини тавсеаву таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа табдил ёфтааст.   Ман ҳанӯз соли 2002 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат иброз дошта будам, ки ғамхориву пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи он ва вусъат бахшидан ба фазои амали ин забони ширину шоирона дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа асоси сиёсати давлатии мо боқӣ мемонад.   Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти мамлакат, ба истифода додани китобхонаҳо ва шабакаҳои гуногуни телевизиону радио, роҳандозӣ намудани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, нашри фарҳангҳои тафсирию соҳавӣ, чоп ва ба ҳар як оила дастрас намудани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, инчунин, дар 50 ҷилд гирдоварӣ кардану таҳти номи «Ахтарони адаб» ба нашри оммавӣ расонидани осори гаронбаҳои гузаштагону муосиронамон аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки иқтидори илмиву истеъмолии забонро таҳким мебахшанд ва мақоми онро дар ҷомеа боз ҳам устувор менамоянд.   Ҳамватанони азиз!   Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки илму техника ва технологияҳо, ихтирооту кашфиёт ва зеҳни сунъӣ суръати бесобиқа касб намудаанд.   Ҳама гуна дастоварду кашфиёт ва ихтирооти илмиву техникӣ, пеш аз ҳама, тавассути забон ифода гардида, бо калимаву истилоҳоти махсуси соҳавӣ муаррифӣ мегарданд.   Дар шароити шиддат гирифтани таъсиргузориҳои забонӣ мутахассисони соҳаро зарур аст, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имкониятҳои маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.   Истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тоҷик, ба хотираи он ворид намоянд.   Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.   Бинобар ин, мо бояд мақоми иҷтимоӣ, зарурати дар сатҳи аъло донистани забон ва эҳтирому бузургдошти забони модариамонро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълиму тарбия ҳарчи бештар тарғиб намоем.   Насли наврас ва ҷавонони мо бояд огоҳ бошанд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.   Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки забон на танҳо василаи ибрози андеша, балки падидаи нодири иҷтимоиест, ки дар он таъриху тамаддуни пурифтихор, фарҳангу маънавиёти гаронбаҳои мардумӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ нуҳуфтааст.   Вазифаи ҷонии мо – соҳибони аслии забон аст, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз он пуштибонӣ кунем, истифодаи дурусту меъёрии онро дар ҳама зинаҳои фаъолият таъмин созем ва забони зебову шевои тоҷикии форсиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоем.   Итминон дорам, ки ҳар нафаре, ки бо ин забони ширину шоирона сухан мегӯяд ва андеша меронад, дар оянда низ ба хотири ҳифзу гиромидошт, поку беолоиш нигоҳ доштан ва тавсеаи фазои истеъмолии он саъйу талош хоҳад кард.   Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат рӯзгори ободу осуда ва ба забони нобу ширини тоҷикии форсӣ умри ҷовидон орзу менамоям.   Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    6

    05.10.2026
  •  img
    Ифтитоҳи раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор дода, бо шароити он шинос шуданд.   Иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пудратчии сохтмон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилафрӯз дар муҳлати қариб 5 сол бо ҷалби 45 коргари маҳаллӣ сохта шудааст.   Тибқи лоиҳа дар бинои навсохт шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Раёсат, маркази рақамикунонӣ ва инноватсионии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, маҷлисгоҳ бо 110 курсӣ, 25 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири техникӣ, озмоишгоҳ, китобхона, меҳмонхона бо 6 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ таъмин ҳастанд.      Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёди чунин иншооти замонавиро дар маркази шаҳри Кӯлоб барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки барои анҷоми босифати корҳои назоратӣ, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ андешанд.   Дар бомпӯши бинои навсохти соҳаи ҳифзи муҳити зист панелҳои офтобӣ бо иқтидори 36 килловатт насб карда шудааст, ки тамоми фасли сол биноро бо неруи барқи доимӣ таъмин мекунад.    То ин вақт кормандони Раёсат дар бинои солҳои 50-уми асри гузашта бунёдшуда, фаъолият мекарданд, ки шароити кории он ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд.   Бо ифтитоҳи иншооти нав корманди Раёсат, ки наздики 50 нафарро ташкил медиҳад, фаъолиятро дар бинои муосиру дорои шароити хуби корӣ идома дода, донишу малакаи худро дар рушди соҳа сарф менамоянд.    Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Роҳбари давлат барномаҳои нави самти рақамикунонии соҳа, ки дар доираи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030) аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ шудааст, муаррифӣ гардид.     Иттилоъ дода шуд, ки таҳияи шакли нави барномаҳои Назорат, Экомеп, Маркази тамос, Дидбонгоҳи отмосферӣ ва Рақамикунонии замини Тоҷикистон бо зеҳни сунъӣ, сифати корҳои назоратӣ ва сатҳи хизматрасониро ба мутахассисону шаҳрвандон ба маротиб осон намудааст.   Бо барномаи электронии Назорат нозир ва ё масъулини дахлдор имкон пайдо мекунанд, ки ҳангоми ошкор шудани қонуншиканиҳои экологӣ, маҳалли воқеъшавии ҳодисаро тавассути геолокатсия муайян намуда, маълумоти лозимаро дар шакли электронӣ сабт ва протоколи электронӣ таҳия намояд.   Барномаи Экомеп бошад, чун пойгоҳи ягонаи маълумоти экологӣ хизмат намуда, маълумоти муҳими соҳаро дар шакли муназзам ва рақамӣ муттаҳид месозад.    Ҳоло фаъолияти Маркази тамос бо рақами кӯтоҳи 2122 ба роҳ монда шуда, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он аз ҳолатҳои эҳтимолии вайрон гардидани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист хабар дода, муроҷиатҳои худро пешниҳод намоянд.   Ин иқдом қадами муҳими самти рақамикунонии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист буда, барои такмили низоми идоракунии иттилооти экологӣ, баланд бардоштани шаффофият ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.

    1

    04.10.2026
  •  img
    Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Фархор 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор  бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.   Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст.   Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд.   Барои роҳату осонии истифодаи бино лифти замонавӣ насб гардида, инфрасохтори муҳандисии он низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ карда шудааст.   Бунёди  иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз  гардида, дар раванди сохтмон 40  сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.   Саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан сабзкорӣ шуда, суҳбаткадаю   майдончаи бозӣ бунёд гардидааст.   Таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон, таъмини онҳо бо манзили хизматӣ ва муҳити зарурии кору зиндагӣ, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани самаранокии хизмат ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳавӣ нигаронда шудааст.

    3

    04.10.2026