07.08.2026
Ҳар давлате, ки дар заминаи пошхӯрии империяҳо пайдо мешавад, бо санҷиши мушкилу қавӣ рӯ ба рӯ мешавад, вале кам халқу миллате чунин имтиҳони фоҷиаборро доштанд, ки миллати тоҷик дар оғози солҳои 90-уми асри XX дошт. Парокандшавии Иттиҳоди Шуравӣ ба Тоҷикистон танҳо истиқлол надод, балки буҳронҳои амиқеро ошкор кард, ки қариб сарнавишти як миллати куҳанро ба бунбаст мебурд. Дар ҳамин лаҳзаи ҳассос, вақте кишвар дар марзи буҳрони сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дошт, дар маркази ҳамин хараҷу мараҷи таърихӣ шахсияти фавқулодае ба арсаи таърих ва сиёсати Тоҷикистон ворид шуд. Ва ин шахсияти таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлатдории Тоҷикистон ва ислоҳоту таҳаввулоти минбаъдаи кишвар танҳо ҷумлае дар тарҷумаи ҳоли як раҳбари сиёсӣ нест, балки намунаи нодирест, ки чӣ гуна иродаи шахс ба раванди пошхӯрии таърихӣ таъсир мерасонад. Барои дарки аҳаммият ва моҳияти ин дастовард зарур аст, ки нуқтаи ибтидоии гузариш беғаразона баррасию сабт карда шавад. Дар ибтидову миёнаи солҳои 1990 сохторҳои ҳукумат комилан фалаҷ шуда буданд, робитаҳои иқтисодӣ қатъ гардида, қонун дар дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ буду бо силоҳ қонунгузорӣ мекарданд. Садҳо ҳазор паноҳҷӯ, ноумедии мардум аз фардо, таҳдиди воқеии гуруснагӣ мавҷудияти давлату миллатро зери суол мегузошт. Хидмати таърихию мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки тавонистанд ба хараҷу мараҷи беҳокимиятӣ неруи созандаву мутаносиби тартиботро муқобил гузоранд ва муваффақ ҳам шаванд. Суханони машҳури Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии кишвар «Ман барои шумо сулҳ меорам», шиори популистӣ не, балки амали бузурги сиёсии ҷавонмардӣ гардид. Мухолифон ва мунаққидони давлати мо аксаран фаромӯш мекунанд, ки равандҳои сулҳсозӣ дар Тоҷикистон, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 анҷом ёфт, дар таърихи муосир назир надорад. Фаромӯш кардани душманӣ, ба сари мизи музокирот шинондан ва ҷалб кардани онҳо барои хидмат ба манфиати миллату давлат вазифае, ки нухбагони сиёсии таҷрибадори бисёре аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқо наметавонанд иҷро кунанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот карданд, ки ваҳдати миллӣ аз шиору талаботи шахшудаи идеологӣ болотар аст.
Давлат захираҳои калони молиявиро ба самти таҳкими сармояи инсонӣ, таҳсил ва саломатии насли наврас равона кард. Тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ (дар кадом кишвари олам барои китобхонӣ маблағ медиҳанд?, дар кадом давлат ба хотири огоҳӣ аз таъриху корнамоиҳои фарзандони миллат шоҳасарҳо ройгон ба ҳар хонадон тақдим мегарданд?), эҳёи хотираи таърихӣ, таҷлилу бузургдошти мутафаккирони гузашта беҳтарин васила ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ мебошад.
Дар баробари таҳаввулоти маънавии ҷомеа, мустақилияти иқтисодӣ ҳам қавӣ гардид. Имрӯз чор ҳадафи стратегӣ, ки Пешвои миллат муайян карда буданд: берун шудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин кардани амнияти ғизоӣ, ба даст овардани мустақилияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба воқеият табдил ёфтанд.
Сохтмони нақбҳои мураккаби кӯҳӣ ва шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Хоруғ – Қулма, Душанбе – Лахш минтақаҳои ҷудошудаи кишварро ба як ҷисми воҳиди иқтисодӣ пайваст намуд.
Ислоҳоти кишоварзӣ ва фармонҳои маъруфи «заминҳои президентӣ» кишварро аз буҳрони ғизо раҳо карданд ва истеъмолгари пештараи кумакҳои башардӯстонаро ба содиркунандагони маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза табдил доданд.
Бунёди НБО-и Роғун – муҳаррики саноат ва шоҳраги энергетикии минтақа рамзи иродаи қавии сиёсӣ гардид, ки Пешвои муаззами миллат тавонистанд ин лоиҳаи бузургро то ба кор андохтани чархаҳои аввали он новобаста аз муқовимати сахти берунӣ, амалӣ кунанд.
Сохтмони корхонаҳои бузурги саноатӣ низ бавусъат идома дошта, тадриҷан Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ табдил меёбад.
Пешвои миллат ҳамчун меъмори таърихӣ амал карда, на танҳо хонадони тоҷикро наҷот доданд, балки пояи устувор барои рушди дарозмуддат гузоштанд. Хулосаи таърих равшан аст: давлатдории мустақили Тоҷикистон имрӯз як воқеияти ба амал омадаю баргаштнопазир аст. Ва ин воқеият бо ном ва иродаи устувори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дорад.
Ҷамшед САЪДУЛЛОЕВ,
Сангин ГУЛЗОД,
устодони кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон