19.09.2024

 img

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-ро дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Муассисаи нави дуошёнаи таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар муҳлати 8 моҳ бунёд ёфта, дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд.

 

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои тозабунёди соҳаи маориф дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинг дар масоҳати 1,75 гектар, дуошёна сохта шуда, дорои 36 синфхонаи таълимӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 198 курсӣ, китобхона, ошхона бо 95 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

 

7 синфхонаи мактаб барои фанҳои муайян, аз ҷумла таълими меҳнати писарон ва духтарон алоҳида, кор бо комютер ва дарсҳои химия, физика ва биология муҷаҳҳаз шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди чунин мактаби замонавӣ, ки бо анҷоми ин тадбир мушкилоти норасоии синфхонаҳо дар деҳаи Алиҷон пурра бартараф гардид, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки имкониятҳои мавҷудаи ин даргоҳи илму маърифат бояд самаранок истифода гардад, то насли имрӯзу оянда дар руҳияи ватандустӣ ба камол расанд. 

 

Барои таъмини гармӣ дар бино, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки бо ангишт фаъолият менамояд ва тавассути он тамоми синфхонаҳои таълимӣ дар фасли тирамоҳу зимистон  гарм нигоҳ дошта мешавад. 

 

Ҳоло дар ин муассисаи  таълимӣ  26 омӯзгор фаъолият  менамояд, ки барои онҳо тамоми шароит муҳаё карда шудааст.

 

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф биноҳои наву замонавии дорои шароити муосир бунёд шудааст ва ин тадбир ба боз ҳам беҳтар шудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. 

 

Дар шафати бино ҳамзамон майдончаи муосири варзишӣ бунёд шудааст.

 

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ гирду атрофи бинои муассиса бо шинонидани дарахтони сояафкан ва сабзкорӣ зебову назаррабо гардидааст.

 

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боз азм доранд, ки чунин тадбирҳои бунёдкориро дар дигар деҳаҳо ба анҷом расонанд.

  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА НАҚШИ МАОРИФУ ИЛМ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР: АРЗИШҲО, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО Таҳти ин унвон 25 ноябри соли 2026 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ташкил ва баргузор гардид.   Ҳадафи асосии конференсия баррасии заминаҳои илмӣ, педагогӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайян намудани ҷойгоҳи маорифу илм дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавии муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.   Конференсияро директори Пажӯҳишгоҳ Сироҷиддин Ниёзӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Дар меҳвари сухани ифтитоҳӣ аҳаммияти омӯзиши ҳуқуқи инсон, нақши муассисаҳои илмию таълимӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва ташаккули масъулияти шаҳрвандии насли наврас қарор дошт.   Дар идомаи конференсия Абдуллозода Парвиз - муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, дар мавзуи «Нақши санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди илму маориф» маърӯза намуд. Мавзуи мазкур масъалаҳои аҳаммияти меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини ҳуқуқ ба таҳсил ва рушди ҳамкориҳои илмиро фаро гирифт.   Ҳамзамон, Назарзода Аваз - мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, дар мавзуи «Заминаҳои таърихӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи инсон» суханронӣ намуда, масъалаҳои ташаккул ва таҳаввули андешаҳои ҳуқуқӣ, асосҳои таърихии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва аҳаммияти онҳоро дар рушди ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор дод.   Дар доираи муҳокимаву музокироти конференсия ба масъалаҳои ҳамгироии донишҳои педагогӣ ва ҳуқуқӣ, такмили мазмуни таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва нақши таҳқиқоти илмӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.   Баргузории чунин ҳамоиши илмӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳ дар самти татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва тақвияти нақши илму маориф дар таъмини рушди устувори ҷомеа аҳаммияти хос дорад.

    37

    25.11.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 25 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Ҷаласаро муовини якуми вазир оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, рушди устувори он дар тарбияи насли созанда, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва омода намудани кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад. Мавсуф зарурати таҳкими масъулияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллии соҳаи маорифро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таъмини сифати таҳсилот ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таъкид намуд.   Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон, инчунин вазъи таҳия ва тасдиқи тарификатсияи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Аз рӯйи масъалаи якум муовини вазири маориф ва илм Илҳомуддин Иброҳимзода оид ба вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон баромад намуд. Мавсуф зимни баромади худ вазъи фаъолияти муассисаҳои мазкур, масъалаҳои таъмини сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисон ва камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди таҳлил қарор дода, зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда таъкид намуд.   Зимни музокира масъалаи мазкур аз ҷониби ҳозирин мавриди баррасӣ ва қарор гирифта, вобаста ба беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд.   Раиси ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон ва масъулини дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти назорати дохилӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими масъулияти роҳбарон дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Аз рӯйи масъалаи дуюм сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Ш. Дӯстмурод оид ба вазъи таҳия ва тасдиқи тарификатсияи муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суханронӣ намуд.   Мавсуф иброз дошт, ки тарификатсия яке аз санадҳои муҳими танзимкунандаи фаъолияти молиявию иқтисодии муассисаҳои таълимӣ буда, таҳия ва тасдиқи дурусти он барои таъмини саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати кормандон аҳаммияти муҳим дорад. Тибқи натиҷаи санҷишҳои дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронидашуда, дар раванди таҳия ва тасдиқи тарификатсия камбудиҳо ошкор гардидаанд. Ҳамзамон, мавсуф зарурати риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини татбиқи якхелаи тартиби пардохти музди меҳнат ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони мақомоти маҳаллии соҳаи маорифро таъкид намуд.   Вобаста ба масъалаи мазкур ҳозирин фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, таъмини пардохти пурраи иловапулиҳои пешбинишуда ва такмили раванди таҳияю тасдиқи тарификатсия таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.   Дар фарҷом муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъулини дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва тасдиқи тарификатсия, пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнату иловапулиҳои кормандони соҳаи маориф, инчунин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисон дастуру супоришҳои мушаххас ва қатъӣ дод.   Таъкид гардид, ки масъулини соҳа вазифадоранд ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои додашуда ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида чораҳои зарурӣ андешида, натиҷаи фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    55

    25.11.2026
  •  img
    ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН 25 ноябри соли 2026 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ директори Департаменти ғизои босифат ва ҳамоҳангсозии муассисаҳои таълимии махсусгардонидашудаи Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулноза Омонова, ёвари директори департаменти мазкур Исломҷон Ғайратов ва президенти ташкилоти автономии ғайритиҷоратии «Институти соҳавии ғизо» Владимир Чернигов иштирок намуданд.   Нахуст, муовини вазири маориф ва илм меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир марҳилаи нави рушдро касб намуда, дар заминаи эътимод, эҳтироми мутақобила ва сиёсати неки ҳамсоягӣ густариш меёбанд.   Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти рушди низоми ғизои мактабӣ, омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаи татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар доираи он ҷиҳати беҳтар намудани шароити ташкили ғизои мактабӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.   Ҳамзамон, таъсиси Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ҳамчун иқдоми муҳим дар самти омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси «Ошпази мактабӣ», такмили ихтисоси кормандони соҳа ва ҷорӣ намудани таҷрибаи муосири ташкили ғизои солиму босифат арзёбӣ гардид.   Дар ин замина, масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти идоракунӣ ва ташкили хизматрасонии ғизо дар муассисаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси ошпазони мактабӣ, риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ низ баррасӣ шуданд. Инчунин, ҷонибҳо доир ба баргузории семинару машваратҳои муштарак ва ташкили боздидҳои мутақобила табодули назар намуданд.   Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои соҳавӣ, густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак бо ҷалби шарикони байналмилалӣ изҳор доштанд.   Таъкид гардид, ки густариши чунин ҳамкориҳо ба такмили низоми ғизои мактабӣ, беҳтар гардидани шароити ғизогирии хонандагон ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    48

    25.11.2026