20.08.2026

 img

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

 

Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳри Роғун Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Роғун ва фаъолон бо эҳтирому самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд.

 

Дар бинои нав 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд аст.

 

Дар баробари таъмини шароити корӣ, ҳамчунин, дар иншоот ҳуҷраҳои зист низ барои кормандон муҳайё гардидааст.

 

Сохтмони бино бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.

 

Бинои нави хизматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукуҳи миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандони прокуратура арзёбӣ гардид.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои прокуратура ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

 

Зимни суҳбат бо масъулин Пешвои миллат барои тақвият бахшидани фаъолият, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд.

 

Талаб карда шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд.

 

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани шароити фаъолият ва мукаммалсозии инфрасохтор ба кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти хуштарҳу замонавии хизматӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода мешавад.

  • Ифтитоҳи бинои Прокуратураи шаҳри Роғун img
  • Ифтитоҳи бинои Прокуратураи шаҳри Роғун img
  • Ифтитоҳи бинои Прокуратураи шаҳри Роғун img
  • Ифтитоҳи бинои Прокуратураи шаҳри Роғун img
  • Ифтитоҳи бинои Прокуратураи шаҳри Роғун img
  • Ифтитоҳи бинои Прокуратураи шаҳри Роғун img
  • Ифтитоҳи бинои Прокуратураи шаҳри Роғун img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои нозироти андози шаҳри Роғун 20.08.2026 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд.   Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти андоз инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст.   Бинои нави нозироти андоз аз 10 ҳуҷраи корӣ, компютерӣ, машваратӣ, толори калони маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зиддисухтор ва техникӣ иборат аст.   Тавре аён гардид, дар бинои нозироти андоз барои беҳсозии фаъолияти кормандон ва ворид кардани технологияҳои рақамӣ шароити корӣ фароҳам гардидааст.   Иттилоъ дода шуд, ки мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани бинои наву муосири мақомоти андоз ба рушди инфрасохтори мақомоти мазкур нигаронида шуда, дар самти татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.   Бинои нави нозироти андоз дар шаҳри Роғун дар доираи сиёсати созандагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтиттоҳ гардида, туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ гардид.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нави Нозироти андоз ба сифати сохтмон баҳои баланд доданд.

    17

    20.08.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ БА ПЕШВОЗИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Шоми 19 августи соли 2026 дар боғи фарҳангӣ - фароғатии "Кули Ҷавонон" - и шаҳри Душанбе бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамбастагӣ бо Ансамбли “Фалак” - и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Илҳомиддин Иброҳимзода, ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ буд, фазои идона оростанд.   Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.   Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои тоҷикон ва таҷлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

    15

    20.08.2026
  •  img
    Боздид аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК Тоҷикгидроэлектромонтаж дар Неругоҳи Роғун 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун аз хобгоҳи бунёднамудаи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж боздид намуданд.   Хобгоҳи нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту истироҳати кормандони ширкат сохта шуда, дар он 84 ҳуҷраи хоб, мавҷуд мебошад.   Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои кормандон шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст.   Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар хобгоҳ камераҳои назоратӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ насб гардидааст.   Хобгоҳи нав дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон ба сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд.   Дар ҳаминҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон лоиҳаи нави биноҳои иловагӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар оянда бунёд мегарданд, муаррифӣ карда шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи биноҳо то охири сол сохта ба истифода дода мешаванд.   Таъкид гардид, ки бунёди чунин хобгоҳҳои наву замонавӣ, таъмини шароити арзанда ба кормандони ин иншооти азими аср дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандон ба роҳ монда шудааст.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати муҳандисону бунёдкорон даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамшуда ба сифати сохтмон ва иҷрои саривақтии масъулияташон диққати баланд зоҳир намоянд.   Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

    14

    20.08.2026