08.06.2026

 img

Аз 1 то 7 июни соли 2026 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» аз фанҳои математика ва информатика баргузор гардид, ки дар он наврасон аз 10 давлати ҷаҳон байни ҳам рақобати илмӣ намуданд.

 

Дар ин олимпиадаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ намуда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

 

Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 1 медали тилло (ҷойи якум), 2 медали нуқра (ҷойи дуюм) ва 8 медали биринҷӣ (ҷойи сеюм) ба даст овард.

  • ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «АЛ-ХОРАЗМӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун - Манижабону Аминзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Боронзода Давлатманд, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, ғолибони озмун ва волидайни онҳо иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» яке аз ташаббусҳои муҳим ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба рушди тафаккури илмӣ, густариши ҷаҳонбинии техникӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.   Қайд карда шуд, ки дар даври ноҳиявии озмун зиёда аз 530 нафар хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз рӯи ҳашт номинатсияи муқарраргардидаи низомномаи озмун донишу малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибони арзанда муайян гардида, барои иштирок дар даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.   Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадарон, инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, волидайни онҳо бо "Сипоснома"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

    33

    06.06.2026
  •  img
    ДАР РОҲИ ПОСДОРИИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ 6 июни соли 2026 ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори фарзандони барӯманди миллат ба оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.   Ҳайати устодон бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром ба оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, аз корномаҳои пуршарафи онҳо дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуданд.   Зимни маросими арҷгузорӣ таъкид гардид, ки бо ибтикор ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муште аз хоки оромгоҳи ин шахсиятҳои барҷаста ба Ватан оварда шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.   Дар ҷараёни боздид иштирокчиён таъкид намуданд, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои фидокори миллат, посдории арзишҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди давлату миллат, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии эҳсоси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад.   Ин иқдом бозгӯи пайванди устувори гузаштаву имрӯз ва нишонаи эҳтироми амиқ ба шахсиятҳое мебошад, ки бо ҷоннисорӣ ва садоқати худ дар бунёди пояҳои давлатдории тоҷикон нақши таърихӣ гузоштаанд.

    35

    06.06.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” 4 июни соли 2026 дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, роҳбарони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳайати ҳакамон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ғолибон Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо як шукӯҳи хос баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия баромад намуда, ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, табрик намуда, таъкид намуданд, ки боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногун ба илму маърифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии аҳли ҷомеа, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.   Маврид ба зикр аст, ки рушди илм дар ҳама давру замон ба нафъи ҷомеа ва ҳар як давлату ҳукумат қарор дорад. Аз ин рӯ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва намояндагони касбу кори гуногун ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмуни мазкур ба роҳ монда шуд.   Дар идома, ғолибон ва омӯзгорон бо маблағҳои пулӣ ва диплом, аз ҷумла ғолибони ҷойҳои якум - 1000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм – 800 сомонӣ, ҷойҳои сеюм – 600 сомонӣ, омӯзгорон низ бо маблағҳои пулӣ 700 сомонӣ, 600 сомонӣ ва 500 сомонӣ мутаносибан барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ва бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.   Боиси зикр аст, санаҳои 21-23 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 1700 нафар довталаб баргузор гардид ва беҳтаринҳо бо назарсанҷии донишу малакаи иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян гардида, 156 нафар ғолиби даври ноҳиявии озмун ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

    24

    05.06.2026