09.01.2026

 img

9 январи соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” баргузор гардид.

Ҷаласа дар  толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир шуда, дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони  шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ректорон (директорони)-и муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, литсею мактабҳои Президентӣ, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва китобдорони раёсату шуъбаҳои маориф, инчунин, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас ҳисоботи вазири маориф ва илм “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” шунида шуд.

Дар маърузаи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ёдовар шуда, иброз дошт, ки Президенти маҳбуби кишвар дар Паёми навбатии хеш бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз ва кормандони муассисаҳои илму маориф ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки таваҷҷуҳ нисбат ба илму маориф дар меҳвари асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ҳамчунин, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” иқдом ва ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат дар ҳаққи аҳли маориф буда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа мусоидат менамояд. Чунин ғамхории Сарвари давлат мо, аҳли маорифро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта меҳнат намуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.

Дар идома, вазир фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои онро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад.

Сипас, дар қисмати музокираҳо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Зилола Эгамзода ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода  баромад намуда, маърузаи вазири маориф ва илмро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни баргузории ҷаласа суханронӣ карда, иброз дошт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври чашмрас рушд намуда истодааст. Дар баробари дастовардҳо, мутаассифона дар фаъолияти кории баъзе аз сохторҳои тобеи вазорат, аз ҷумла, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.

Ҷомӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Муовини Сарвазири мамлакат фаъолияти сохторҳои зикршударо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас ироа намуд.

Дар охир, вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои соли 2026 дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз дошт, ки имсол ҷашни муҳимми сиёсӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ пешниҳод карданд, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шавад. Дар ин замина, моро зарур аст, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин рӯйдоди таърихию сиёсӣ корҳои ободониву созандагиро беш аз пеш вусъат бахшида, дар самаранок истифода намудани неруи барқ, таҳкими сулҳу субот, рушди устувори давлат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани дохилу атрофи муассисаҳои таълимӣ,  саҳми арзандаи худро гузорем.

 

  • ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД img
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД img
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД img
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН» 10 феврали соли 2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №44  бо иштироки муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа З. Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф А. Бобозода, роҳбарони муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳия дар доираи  омодагӣ ва таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия ҷиҳати амалигардонии "Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардидани солҳои 2020-2040", “Стратегияи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030" даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии "Ахтаракони ҳисобдон" баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, маҳорати дарки яклухту томи ҳаёти атроф ва истифодаи ахборот барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, рушди маҳорату малакаи фикррониву мушоҳида, муқоиса, ҷудо намудан ва хулосабарорӣ намудан, ташаккули тасаввуротҳои оддитарини математикӣ тартиб додану ҳал намудани масъалаҳои математикӣ, дарк кардан ва ҳал кардани муаммоҳои арифметикӣ, сайқал додани маҳорати ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури мантиқӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо доир мегардад. Дар озмун кўдакони гурўҳи калон ва гурўҳи омодагӣ ба мактаби муассисаҳои таълимии томактабии (5-7 сола) новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок менамоянд. Иштирокчиёни озмун ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд: - тарбиягирандагони гурўҳи калон (5-6 -сола); - тарбиягирнадагони гурўҳи омодагӣ (6-7-сола). Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорату малакаи ҳал кардани мисолу масъалаҳои математикӣ, тафаккури мантиқии кӯдакон бартарӣ дода мешавад. Озмун асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба довталабоне, ки дар гурӯҳҳои таълим бо забони ғайритоҷикӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, имконияти бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) баромад кардан дода мешавад. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи талаботи зерин муайян карда мешавад: - санҷиши тафаккури математикӣ (диктанти математикӣ) - ҳалли масъалаи математикӣ аз рӯи расми пешниҳодшуда дар тахта ва ҳисоб карда тавонистани амалҳо (кам ва зиёд кардан); - бо истифодаи шаклҳои геометрӣ сохтани ашёву манзараҳо (тибқи супориш); - ҳалли муаммоҳои математикӣ; - дар маводҳои таълимӣ муайян карда тавонистани тасаввуротҳо оид ба вақту фазо ва тарафҳо; - маҳорати истифодаи маводҳои таълимӣ ва бозичаҳои тафаккурро таҳрикдиҳанда (сохтани шаклҳои геометрӣ аз қоғаз, расму манзараҳо аз лото, лего, (пазлҳо, мазайкаҳо), пирамидаҳо ва истифода бурда тавонистани кубик - рубик). Ғолибон  аз ҷониби ташкилкунандагони озмун  ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.  

    48

    10.02.2026
  •  img
    СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲНОМАХОНӢ" Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати давлатӣ дар самти рушди маърифати миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, тарғиби мероси гаронбаҳои адабӣ ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ миёни хонандагону наврасон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб семинари машваратӣ оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар шахсони масъули озмун, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик, роҳбарони маҳфилҳои адабӣ иштирок намуданд. Дар оғози семинар таъкид карда шуд, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» ҳамчун тадбири муҳимми фарҳангиву маърифатӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди малакаи суханварӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои адабии хонандагон нақши муҳим мебозад. Зикр гардид, ки тавассути чунин озмунҳо насли наврас ба омӯзиши амиқи осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҷалб гардида, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар онҳо тақвият меёбад. Зимни баромадҳо аҳаммияти озмун дар рушди маънавиёти ҷомеа таъкид гардида, аз масъулини соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои гуногуни озмун тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.  Дар идома талаботи низомномаи озмун, тартиби баргузории марҳилаҳо, меъёрҳои баҳогузорӣ, усулҳои дурусти интихоб ва омодасозии иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ба омӯзгорон тавсия дода шуд, ки ҳангоми омодасозии хонандагон ба дурустии талаффуз, фаҳмиши мазмун, фарҳанги нутқ, саҳнаороӣ ва дониши таърихию адабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Иштирокчиён вобаста ба таҷрибаи кори худ фикру пешниҳодҳо иброз намуда, роҳҳои такмили раванди омодасозии хонандагон, беҳтар намудани фаъолияти маҳфилҳои адабӣ ва баланд бардоштани сифати баргузории озмунро баррасӣ карданд.  Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ВМИҶТ  

    50

    10.02.2026
  •  img
    БАЙНИ МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА KING’S COLLEGE LONDON ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад. Ёддошти тафоҳуми баимзорасида ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ равона гардида, фароҳам овардани имконияти мусоид барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Шоҳигарии Муттаҳида — King’s College London-ро дар назар дорад. Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо имкон доранд дар самтҳои тарғиби имконияти таҳсил, мубодилаи иттилоот вобаста ба барномаҳои таълимӣ, раванди қабул ва хизматрасониҳои дастгирии донишҷӯён, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни бурсиявӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд. Дар доираи ин ҳамкорӣ King’s College London омодагии худро барои  расонидани дастгирии маъмурӣ ва машваратӣ ба донишҷӯёне, ки аз ҷониби Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба таҳсил равона мегарданд, иброз намуда, ҳамзамон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби донишҷӯёни болаёқати тоҷик таъкид намуд. Зимни музокирот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки татбиқи Ёддошти тафоҳум ба таҳкими робитаҳои академӣ, болоравии сатҳи касбии ҷавонони тоҷик ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат мекунад.  

    45

    09.02.2026