02.07.2025

 img

2 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи раёсати маориф ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти раёсат бо иштироки муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Асомиддинзода Шарофиддин, сардори раёсати маориф Назруллозода Зиёратшо, инчунин кормандони раёсат, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳо баргузор гардид.

 

Суханронии асосиро сардори раёсат Назруллозода Зиёратшо бо пешниҳоди ҳисоботи муфассали фаъолияти шашмоҳа ироа намуд.

 

Сипас намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби кӯдакон ба таҳсили томактабӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ изҳори назар кард.

 

Мирзозода Баҳриддин, муовини раиси шаҳр низ оид ба масъалаҳои зикршуда андешаронӣ карда, ба масъулини соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Дар анҷом як қатор омӯзгорон, директорон ва кормандони фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

  • Фаъолияти раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2025 img
  • Фаъолияти раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2025 img
  • Фаъолияти раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2025 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад 3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.   Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.   Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.   Дар робита ба ин ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Саудии Рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун ва 30 миллион доллари амрикоӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.   Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо мувофиқи мақсад дониста шуд.   Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.

    14

    03.07.2025
  •  img
    БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА РАВШАН АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "ШАРОРА" Санаи 2 июли соли 2025, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо мақсади шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат ва барномаҳои таълимиву тарбиявии кӯдакон ва наврасон аз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.   Дар ҷараёни боздид, муовини вазир бо роҳбарияти истироҳатгоҳ, тарбиятгирандагон ва роҳбарони гурӯҳҳо вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити будубоши кӯдакон, барномаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ шинос гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони 2025 ва татбиқи сиёсати давлатии наврасону ҷавонон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат таъкидҳои зарурӣ баён карда шуданд.   Каримзода Равшан ташаббусҳои роҳбарият ва кормандони истироҳатгоҳро ҷиҳати фароҳам овардани муҳити солим ва фаъол барои истироҳати кӯдакон мусбат арзёбӣ намуда, пешниҳоди ҷорӣ намудани унсурҳои таълими экологӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳиро дар барномаҳои истироҳатӣ муҳим шуморид.   Дар анҷоми боздид, роҳбарияти истироҳатгоҳ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон минбаъд низ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.

    28

    02.07.2025
  •  img
    ФУРСАТИ ТИЛОӢ БАРОИ ДӮСТДОРОНИ ФИЗИКА: ИШТИРОКИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ ISPHO-2025 Аз 29 июн то 8 июли соли 2025 дар шаҳри Ханти-Мансийск, Федератсияи Русия Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика «ISPhO-2025» баргузор мегардад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаи мунтахаби иборат аз 3 нафар хонанда ва 1 нафар омӯзгор муаррифӣ менамоянд.   Ин олимпиада ба афзоиши шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши амиқи физика мусоидат намуда, ба дастаҳо имконияти беназири ба даст овардани таҷрибаи арзишманд дар ҳал ва моделсозии масъалаҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ медиҳад.   Олимпиадаи ISPhO-2025 аз ду бахш назариявӣ ва таҷрибавӣ иборат буда, дар қисми назариявӣ иштирокдорон бояд 3 масъаларо ҳал кунанд. Яке аз масъалаҳои назариявӣ унсурҳои моделсозии компютерӣ ва таҳлилро дар бар мегирад. Дар бахши таҷрибавӣ бошад ба иштирокдорон супориш дода мешавад, то таҷриба гузаронанд, ки дар рафти он барои гирифтан ва коркарди маълумот компютер истифода шуда метавонад.   Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Федератсияи Русия, Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийск – Югра ва Муассисаи давлатии федералии автономии таҳсилоти олии «Донишкадаи физикаву техникаи Москва (донишгоҳи тадқиқотӣ)» гузаронида мешавад.

    5

    02.07.2025