13.09.2025

Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ва самимияти зиёд Шуморо ба чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод», ки аз 15 сентябр, дар тамоми марказҳои таҳсилоти иловагӣ ҷумҳурӣ оғоз мегардад, даъват менамояд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ шиносоии кӯдакон ва наврасони аз синни 6 то 18 сола бо имкониятҳои фароҳамовардаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмӣ, эҷодӣ, варзишӣ ва ҳунарӣ, инчунин, тақвияти дониш ва маҳоратҳои зеҳниву бадеӣ мебошад.
Ҳоло дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ маҳфили илмӣ, фаннӣ, эҷодӣ, варзишӣ ва ҳунарӣ фаъолият дошта, таҳсил дар онҳо ройгон мебошад.
Наврасон имкон пайдо мекунанд, ки таҳти роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷриба донишҳои худро такмил дода, дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат намоянд.
Самтҳои асосии маҳфилҳо:
Забономӯзӣ: русӣ, англисӣ, олмонӣ, хитоӣ;
Фаннӣ: химия, физика, адабиётшиносӣ, биология, информатика, кишваршиносӣ, табиатшиносӣ;
Эҷодӣ ва ҳунарӣ: дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, кадбону, дуредгарӣ, санъати тасвирӣ, меъморӣ, журналистика, маҳорати суханварӣ, асбобҳои мусиқӣ, хор, рақсу театр;
Варзишӣ: футбол, волейбол, гӯштингирӣ, таэквондо, шашка ва шоҳмот
Мо бовар дорем, ки ояндаи давлату миллат аз тарбия ва рушди насли имрӯза вобаста аст. Аз ин рӯ, даъват мекунем, ки аз ин имконияти фароҳамовардаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ истифода намоед ва фарзандони худро ба маҳфилҳои марказҳо шомил гардонед.
Марҳабо ба марказҳои таҳсилоти иловагӣ!
Барои маълумоти бештар ба:
- Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба рақамҳои 227-92-78, 93-556-67-15;
- Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд ба рақами 92-818-10-72;
- Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Хатлон ба рақами 900-09-29-09;
- ВМКБ ба рақами 93-501-86-06 тамос гиред.
Маркази ҷумҳуриявии
муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ВМИҶТ