12.08.2026
Имрӯз, 12 августи соли 2026 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, намояндагони мақомоти давлатӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм, роҳбарону кормандони муассисаҳои соҳавӣ, меъморону муҳандисон, сохтмончиён, лоиҳакашон, соҳибкорон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас филми мустанади «Маорифпарвар» ва наворҳои оморӣ вобаста ба раванди бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ манзури иштирокчиён гардонида шуданд.
Зимни суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон табрик гуфта, таъкид намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон марҳилаи таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва вусъати бесобиқаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободонӣ дар мамлакат ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам оварда шудаанд.
Гуфта шуд, ки соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор дошта, дар баробари такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва сифати таълиму тарбия, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ низ ба яке аз самтҳои муҳим табдил ёфтааст.
Зикр гардид, ки мактаб танҳо бино ё маҷмуи синфхонаҳо набуда, пеш аз ҳама муҳити ташаккули инсон, ҷаҳонбинӣ, қобилияту истеъдод ва заминаи омода намудани насли ояндаи давлат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як муассисаи таълимии навбунёд ҳамчун сармоягузории мустақим ба ояндаи миллат ва рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ мегардад.
Тавре дар чорабинӣ иттилоъ дода шуд, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 ҳазору 135 бинои муассисаҳои таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 888 ҳазору 531 ҷойи нишаст дар як баст ва 1 миллиону 770 ҳазору 62 ҷойи нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шудаанд.
Аз ин шумора 1 ҳазору 941 иншоот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 621 иншоот аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва 1 ҳазору 573 иншоот бо саҳми соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва тавассути ҳашар бунёд гардидаанд.
Таъкид карда шуд, ки ин нишондиҳандаҳо танҳо рақамҳои оморӣ нестанд, зеро дар паси ҳар як муассисаи таълимии навбунёд имконияти таҳсили садҳо кӯдак, шароити беҳтари фаъолияти омӯзгорон ва таҳкими заминаи моддию техникии низоми маориф қарор дорад. Аз ҳамин нуқтаи назар, сохтмони муассисаи таълимӣ на танҳо бунёди як бино, балки бунёди заминаи ояндаи миллат мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои мутобиқ намудани муассисаҳои таълимии нав ба талаботи замони муосир, аз ҷумла, устувории сейсмикӣ, бехатарӣ, дастрасӣ, фарогирӣ, самаранокии энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу барқ, беҳтар намудани шароити санитариву беҳдоштӣ, кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ба масъалаи ташаккули консепсияи «Мактабҳои сабз» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки мактаби сабз бояд на танҳо ҳамчун бинои замонавӣ, балки ҳамчун муҳити мукаммали таълимӣ хизмат намояд, ки дар он истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва об, технологияҳои каммасраф, кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон бо раванди таълиму тарбия пайваст карда шавад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Умарзода суханронӣ намуда, оид ба нақши кормандони соҳаи сохтмон дар татбиқи сиёсати созандагии давлат, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва махсусан муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи меъморию техникӣ ибрози назар намуд.
Дар доираи чорабинӣ маросими қадрдонии як қатор роҳбарон, намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони соҳаи сохтмон, соҳибкорон, масъулони Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм, гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо ва пудратчиёне, ки дар бунёд, азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ саҳми арзанда гузоштаанд, баргузор гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони кишвар бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона баромад намуда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардониданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба меъморону муҳандисон, сохтмончиёну бунёдкорон, соҳибкорон ва ҳамаи шахсоне, ки дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф саҳм мегузоранд, барои меҳнати содиқона изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки бо идомаи сиёсати созандаву маорифпарваронаи Пешвои миллат раванди бунёдкорӣ дар кишвар минбаъд низ вусъат хоҳад ёфт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон