18.08.2026
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва №6-и шаҳри Хоруғ боздид ба амал овард.
Зимни боздид муовини вазири маориф ва илм рафти корҳои сохтмонӣ ва сатҳи иҷрои онҳо дар ин муассисаҳои таълимиро мавриди назорат қарор дода, бо шароити фаъолияти сохтмончиён, сифати корҳои анҷомёфта, риояи талаботи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист аз наздик шинос гардид.
Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хоруғ муовини вазир аз рафти сохтмони бинои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ боздид намуд. Бинои мазкур дар доираи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» (STEM)-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 3 ошёна, 15 синфхона ва озмоишгоҳҳо, утоқҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори зарурии санитарию гигиенӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 1650 метри мураббаъ буда, он барои фарогирии зиёда аз 400 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, муовини вазир аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хоруғ боздид намуда, ба масъулин ҷиҳати риояи меъёрҳои сохтмонӣ, таъмини сифати корҳо ва анҷоми онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида дастурҳо мушаххас дод.
Дар сохтмони иншооти мазкур истифодаи технологияҳои муосир, каммасраф ва фароҳам овардани шароити дастрас барои ҳамаи хонандагон аҳаммияти хос дорад. Аз ҷумла, дар бинои иловагии муассисаи №2 насби панелҳои офтобӣ бо иқтидори тавлиди аз 45 то 60 кВт неруи барқ, низоми нави гармидиҳӣ бо истифода аз насосҳои ҳаво-об ва лифт барои хонандагони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, пандусҳои мутобиқ ба шароити иқлимӣ, иншооти алоҳидаи гигиенӣ барои духтарону писарон ва хонандагони имконияташон маҳдуд, низомҳои муосири бехатарӣ ва огоҳонӣ аз ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ гардида, биноҳо бо назардошти талаботи тобоварӣ ба офатҳои табиӣ тарҳрезӣ шудаанд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бунёду навсозии чунин иншооти таълимӣ барои беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳо, фароҳам овардани шароити муосири таълим, рушди омӯзиши фанҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математикӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон