04.11.2025
4 ноябри соли равон бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсяии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нашрияи «Омӯзгор» дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва кормандони ҳафтанома иштирок карданд. Дар оғоз сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода зикр намуд, ки қабули Конститутсия дастоварди муҳимми мардуми тоҷик ва ормонҳои миллӣ буда, ба пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафту шукуфоии кишвар мусоидат намуда, дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз гузошт.
Сипас мутахассиси Кумияти иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Фараҳноз Каттаева дар хусуси заминаҳои таърихии ташаккули Конститутсия суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки маҳз ин санади муҳим тавонист мамлакати моро ба марҳалаи нави созадагӣ ворид намояд, ки дар заминаи он фазои сулҳу субот дар Ватани азизамон – Тоҷикистон танинандоз гардид.
Муҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Ҳотами Ҳомид дар мавзуи «Ҷойгоҳи Конститутсия дар рушди давлати демократӣ» баромад кард. Мавсуф иброз дошт, ки тамоми фаъолияти инсон ва давлат дар доираи Конститутсия амалӣ мегардад ва он ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз фаъолияти тамоми сохторҳои давлатдориро ба танзим медарорад. Боиси ифтихори мост, ки Конститутсяи Ҷумҳурияри Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳонӣ эътироф ва пазируфта шудааст.
Хамчунин, кормандони ҳафтанома Шодӣ Раҷабзод ва Абдурауф Муродӣ перомуни таҷлили Рӯзи Конститутсия андешаҳои хешро баён намуда, гиромидошту риояи ин муқаддасоти миллиро қарзи шаҳрвандии тамоми мардуми кишвар маънидод карданд.
Дар охир ба 6 нафар корманди ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва замимаи он «Пайрав» (нашрия барои кӯдакону наврасон), ки ба сафи ҳизб пайвастанд, дафтарчаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
НАШРИЯИ ҲАФТАНОМАИ "ОМӮЗГОР"-И
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН