06.08.2026

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Зимни ҷаласа масъалаҳои таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, мутобиқсозии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои гузариш ба маблағгузории меъёрии сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар идома вазъи маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, таносуби маблағҳои буҷетӣ ва махсус, инчунин ду намунаи формулаи маблағгузории меъёрии сарикасӣ тавассути рӯнамо ба иштирокчиён пешниҳод гардид.

 

Аъзои гурӯҳи корӣ вобаста ба формулаҳои пешниҳодшуда ва роҳҳои татбиқи механизми нави маблағгузорӣ мубодилаи афкор намуда, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дар ин самт муваффақро муҳим арзёбӣ карданд.

 

Таъкид гардид, ки бо назардошти гуногунсамтии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва фарқияти хароҷоти омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун, таҳияи механизми маблағгузории меъёрии сарикасӣ омӯзиши амиқи хароҷоти давлатӣ, ба инобат гирифтани шароиту имкониятҳои ҷумҳурӣ ва ҷалби коршиносони маҳаллию байналмилалиро тақозо менамояд.

 

Дар анҷом ҷиҳати идомаи омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, такмили формулаҳои пешниҳодшуда ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба механизми нави маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ БОЗБИНИИ НИЗОМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ БОЗБИНИИ НИЗОМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ БОЗБИНИИ НИЗОМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    «ҶИЛОИ ИСТИҚЛОЛ» - ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Ҷилои Истиқлол» баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорону кормандони академия иштирок намуда, тавассути барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва фазои идона дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ таҷассум ёфтанд.   Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол ва саҳмгузорӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ миёни ҷомеа арзёбӣ гардид.

    17

    06.08.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Шоми 4 августи соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Куруши Кабири шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва дилнишин пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардида, фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ фароҳам овард.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии миллӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.

    34

    05.08.2026
  •  img
    ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 5 августи соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷаласаи корӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода баргузор гардид.   Дар ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илм, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа мебошанд.   Дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба соли нави таҳсил, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён пас аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ, таҷдиди Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, омода намудани омӯзгорони самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таъсиси ихтисосҳо дар самти зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва низоми дуалии таҳсил, рушди аккредитатсияи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби донорҳо, тарбияи идеологӣ, татбиқи барномаҳои фарҳангӣ, инчунин иҷрои қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2026, №10 «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Ҳамзамон, иштирокчиён бо омодагии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои оғози курсҳои такмили ихтисос шинос гардида, аз синфхонаҳо ва маҷмӯи маводи таълимӣ боздид намуданд. Зикр гардид, ки тамоми маводи таълимӣ мутобиқ ба талаботи муосир таҳия гардида, ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ омода мебошад.   Ректори донишкада Н. Мирзозода зимни муаррифии маҷмӯи маводи таълимӣ иброз дошт, ки аз 10 августи соли 2026 курсҳои такмили ихтисос бо истифода аз низоми модулӣ оғоз гардида, барои ҳамаи шунавандагон маводи таълимӣ пешакӣ омода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Донишкада ва филиалҳои он барои қабули шунавандагон пурра омода буда, таҷрибаи ҷорӣ намудани таҳсилоти ба салоҳият асосёфтаро минбаъд низ густариш хоҳанд дод.   Дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда, таъмини омодагии босифат ба соли нави таҳсил ва татбиқи пурраи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат супоришҳои мушаххас дода шуданд.

    56

    05.08.2026