11.11.2025

 img

11 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии лоиҳаи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030 баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва дигар нафарони масъул иштирок намуданд.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид кард, ки таҳия ва қабули барномаи мазкур ба таъмини рушди устувор ва ҳаматарафаи низоми таҳсилоти кишвар равона гардида, ҳадафи асосии он фароҳам овардани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва инфрасохтори муосир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.

 

Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва ҷаҳонишавӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи асосии омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир ба ҳисоб мераванд. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла, саноатикунонии босуръати кишвар, низоми таҳсилот бояд бо таҷҳизоти муосир ва муҳити созгори омӯзишӣ таъмин карда шавад.

 

Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода зимни баромади худ қайд намуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои назарраси барномаи солҳои 2021-2025, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам муассисаҳои таълимӣ аз ҷиҳати таъмин бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба таври кофӣ таъмин нестанд. Бо дарназардошти болоравии нархи таҷҳизот, тағйирёбии вазъи иқтисодӣ ва афзоиши талабот ба сифати таҳсилот, таҳияи барномаи нави солҳои 2026-2030 ба миён омад.

 

Барномаи нав бо дарназардошти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳия шуда, ба беҳтар намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, рушди малакаҳои омӯзгорону хонандагон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи рақамӣ нигаронида шудааст.

 

Тибқи гуфтаи масъулон, бо татбиқи барномаи мазкур шароити мусоид барои таҳкими донишҳои назариявию амалӣ, рушди малакаҳои муҳандисӣ, барномасозӣ ва таҳқиқотии хонандагон фароҳам мегардад.

 

Дар ҷамъбаст таъкид шуд, ки таҳия ва қабули Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030 иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар самти рушди минбаъдаи низоми маорифи миллӣ ба шумор меравад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ТАЪМИН НАМУДАНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img
  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ТАЪМИН НАМУДАНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img
  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ТАЪМИН НАМУДАНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ!   Ҳамаи шумо, инчунин, собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсия самимона табрик мегӯям.   Ҷашни касбии кормандони милитсия дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи беш аз се даҳсола дар ҷодаи пешрафту тараққиёт ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.   Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд.   Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.   Кормандони милитсия, хусусан, дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддиву техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд.   Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд.   Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд.   Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки барои таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус дода шавад.   Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.   Кормандони милитсияи тоҷик бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромиву осоиштагии диёри азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон нафар сарсупурдагони роҳи истиқлолу озодӣ ба даст омадааст.   Таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад.   Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба давлату миллат, сарзамини муқаддас ва Ватани аҷдодӣ итминони комил дорам.   Бовар дорам, ки шумо ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонед, вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худро минбаъд низ содиқонаву сарбаландона иҷро мекунед.   Бори дигар тамоми кормандони милитсияи тоҷик ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям.   Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!

    63

    10.11.2025
  •  img
    ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАСИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “KhIMIO–2025” Дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои шоиста дар аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — “KhIMIO–2025”, ки аз 5 то 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баромад кард.   Аз миёни 96 иштирокдор аз 8 кишвари дунё, хонандагони тоҷик тавонистанд 8 ҷойи намоён ва Шоҳҷоиза - Ҷоми Хайёмро соҳиб шаванд.   Дар ин олимпиада, ки аз фанҳои математика ва информатика иборат буд, намояндагони Тоҷикистон бо дониши амиқ, зеҳни баланд ва тайёрии ҷиддӣ истеъдоди худро дар сатҳи байналмилалӣ нишон доданд.   Ғолибони тоҷик бо дипломҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ин дастовард натиҷаи талоши омӯзгорон, муҳитҳои омӯзишии муассир ва дастгирии давлат дар рушди илмҳои дақиқ мебошад.   Олимпиадаи “KhIMIO–2025” на танҳо майдони рақобати зеҳнҳо, балки рамзи ифтихори миллӣ ва нишондиҳандаи сатҳи рӯзафзуни маорифи Тоҷикистон гардид.   Тоҷикистон — сарзамини истеъдодҳо ва илму хирад! 

    80

    09.11.2025
  •  img
    ҶОМИ ХАЙЁМ БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “KhIMIO-2025” СУПОРИДА ШУД! Имрӯз, 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO–2025” бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.   Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, довталабони кишварҳои иштирокдор ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.   Дар оғоз вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, баргузории чунин олимпиадаҳоро қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти дӯстии миллатҳо арзёбӣ кард. Вазир зикр намуд, ки “KhIMIO-2025” на танҳо майдони рақобати хонандагони лаёқатманд, балки василаи муҳимми баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хонандагон дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.   Дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO–2025”, ки аз 5 то 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 96 нафар хонанда аз 8 кишвари дунё иштирок намуданд.   Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар хонанда аз панҷ минтақа - шаҳри Душанбе ВМКБ, Суғд, Хатлон, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ширкат варзиданд.   Аз шумораи умумии иштирокдорон 39 нафар (40%) сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Натиҷаи бадастовардаи кишварҳо: Тоҷикистон - 8 ҷой, Белорус - 4 ҷой, Қазоқистон - 8 ҷой, Қирғизистон - 10 ҷой, Узбекистон - 7 ҷой, Туркманистон - 2 ҷой, Арманистон - 0 ҷой ва Шоҳигарии Камбоҷа - 0 ҷой.   Ғолибон бо дипломҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.   Дастаҳое, ки миқдори зиёди ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд, бо Шоҳҷоиза - Ҷоми Хайём, китоби “Рубоиёти Хайём”, сертификат ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА сарфароз гардонида шуданд.   Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Олимпиада ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём», Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҶДММ “11-1” ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои ҳамкории фаъолона Сертификат супорида шуд

    88

    09.11.2025