21.04.2026

 img

21 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири маориф ва илм Музаффарзода Бадриддин бо ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва консорсиуми «Eductrade» баргузор гардид. Дар он Педро Алтубе, директори консорсиуми «Eductrade» ва Луи Танги, менеҷери лоиҳа ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҷараёни татбиқи «Барномаи дастгирии таълими босифат II», такмили ихтисоси омӯзгорон ва мутасаддиёни марказҳои методии шаҳру ноҳияҳои кишвар, омодагӣ ба муаррифии натиҷаҳои арзёбиҳои байналмилалии PISA, ки моҳи сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор гардида буд ва ба наздикӣ натиҷаҳои он нашр мегарданд, инчунин дигар самтҳои муҳимми ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои рушди технологияҳои муосир, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ ва ҳамгироии он ба раванди таълим, тақвияти рақамикунонии соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилотро муҳокима намуданд.

Муовини вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҳамкории судманд бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти байналмилалии вазорат ба ҳисоб рафта, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар заминаи он ба рушди устувори соҳаи маориф, такмили ихтисоси кадрҳо ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар навбати худ, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва консорсиуми «Eductrade» ба ҷониби Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо, изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои самаранок таъкид карданд.

 

  • БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО ВА ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ МУШТАРАК ДАР СОҲАИ МАОРИФ img
  • БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО ВА ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ МУШТАРАК ДАР СОҲАИ МАОРИФ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ "МУРАББИИ СОЛ – 2026" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ 22 апрели соли 2026 дар Муассисаи таълимии томактабии №59-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни "Мураббии сол -2026" дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Дар даври ноҳиявии озмун мураббияҳои муассисаҳои таълимии томактабии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштирок намуда, сатҳи баланди дониши касбӣ, маҳорати педагогӣ, малакаҳои методӣ ва қобилияти эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён бо машғулиятҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд. Бо мақсади таъмини шаффофият ва риояи талаботи муқарраргардидаи озмун ҳайати доварон аз ҳисоби мураббияҳои соҳибтаҷриба, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ ва мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуда, фаъолияти иштирокчиёнро мутобиқ ба меъёрҳои муқарраршуда арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани раванди баргузории озмун кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҳамаи корҳои ташкилию методиро мувофиқи талаботи амалкунанда ба роҳ монд. Озмуни мазкур бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷамшед Маҷидзода оғоз гардида, зимни баромади худ номбурда таъкид намуд, ки баланд бардоштани мақому манзалати мураббиён, такмили маҳорати касбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбия ва дастгирии мутахассисони болаёқат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин қайд гардид, ки фаъолияти босамари мураббиён дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии насли наврас нақши калидӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин озмунҳои касбӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиён, такмили маҳорати педагогӣ, рушди методикаи таълиму тарбия, густариши таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

    28

    22.04.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 22 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин сардорон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки рушди рӯзафзуни соҳаи маориф омили муҳимми пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, таъмини сифати таҳсилот, тарбияи насли соҳибмаърифат ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа маҳсуб меёбанд. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд” аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки бо роҳхат дар соли 2025 ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш. Саъдуллозода гузориши муфассал пешниҳод намуда, оид ба вазъи иҷрои санади мазкур, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот дод. Дар идома, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ С. Сироҷзода оид ба вазъи фаъолияти робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маъруза намуда, аз густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои хориҷӣ, татбиқи барномаҳои муштарак ва ҷалби грантҳо иттилоъ дод. Сипас, масъалаи вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта аз ҷониби сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Ассомиддинзода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба шароити таҳсил, таъминоти моддию техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тарбия дар ин муассисаҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд. Оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 мудири бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илм С. Зиёзода баромад намуда, аз пешрафтҳо, мушкилоти мавҷуда ва тадбирҳои минбаъда иттилоъ дод. Ҳамчунин, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода оид ба рафти ташкил ва баргузории курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон суханронӣ намуда, аҳаммияти такмили пайвастаи малакаҳои касбии омӯзгоронро таъкид кард. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои қабулшуда, тақвияти назорат аз болои татбиқи барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.    

    58

    22.04.2026
  •  img
    ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲНОМАХОНӢ" ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 21 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар баргузории озмун муовини раиси ноҳияи Сино иштирок намуда, довталабонро дар баргузории даври ноҳиявии озмуни мазкур, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, табрик намуда, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ин иқдом арҷгузорӣ ба мероси безаволи Ҳаким Абулқосим Фардавсӣ, зинда нигоҳ доштани заковату шуҷоати ниёгон ва таҳкими худшиносиву ватандӯстӣ дар ниҳоди насли наврас мебошад. Инчунин дар озмун мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбари муассисаи мазкур, ҳайати ҳакамон ва довталабон дар асоси Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун бо маҳорати баланди суханварӣ ва аз худ намудани достонҳои ҳамосии «Шоҳнома» собит намуданд, ки ҷавонони имрӯз ворисони арзандаи ин ганҷинаи адабӣ буда, таҳти ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои ҳифзи забону фарҳанги миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

    46

    21.04.2026