27.04.2026
27 апрели соли ҷорӣ дар бинои «IT Park Dushanbe» маросими расмии рӯнамоии барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Б. Исмоилзода, муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон Д. Муқимӣ, доктори илмҳои педагогӣ академик, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Каримова, сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Назарализода, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Т. Маҳмадова, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ‑иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» З. Муродзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази таҳлилӣ‑иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, менеҷерони барнома, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуда, ба марҳалаи нави рақамикунонии равандҳои таҳсилоти томактабӣ дар пойтахт оғоз бахшид.
Бояд гуфт, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» низоми ягонаи рақамӣ барои бақайдгирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо, идоракунии раванди қабул, ташкили омори дақиқ ва такмили ҳамкории муассисаҳо бо волидайн мебошад. Он бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирӣ, таъмини шаффофияти навбат ва роҳхат, автоматикунонии журнали давомот ва беҳтар намудани назорати дохилии муассисаҳои томактабӣ таҳия шудааст.
Гуфта шуд, ки барнома дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 сентябри соли 2025, №575 роҳандозӣ гардида, аввалин маротиба маҳз дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт ба кор дароварда шудааст. Ба таъкиди роҳбарияти соҳа, таҷрибаи Душанбе минбаъд метавонад барои дигар шаҳру ноҳияҳо низ ҳамчун намуна хизмат кунад.
Дар қисми амалии чорабинӣ менеҷерони барнома аз Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ‑иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» сохтор ва тартиби истифодаи «Kudak.tj»-ро бо баргузории рӯнамо ва намоиши слайдҳо шарҳ доданд.
Иштирокчиён аз ҷорӣ гардидани чунин низоми ягонаи рақамӣ истиқбол намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ҷараёни татбиқи минбаъдаи барнома баён карданд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки «Kudak.tj» барои таҳким бахшидани шаффофият, сарфаи вақт, баланд бардоштани сифати идоракунӣ ва таҳкими робитаи муассисаҳои томактабӣ бо волидайн нақши муҳим хоҳад бозид. Ба гуфтаи масъулон, ҳамзамон бо тавсеаи ҷуғрофии барнома, пайваста такмил додани муҳтавои рақамӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба корбарон дар назар дошта шудааст.