11.09.2026
Имрӯз, 11 сентябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди кории ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар кори ситод муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ, ҳайати ҳакамон, масъулони Вазорати маориф ва илм, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо Дилрабо Мансурӣ оғоз намуда, таъкид кард, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф, илм, маърифатнокии ҷомеа, худшиносии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон роҳандозӣ гардидаанд.
Зикр гардид, ки ин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии насли наврасу ҷавон, омӯзиши мероси адабӣ ва фарҳангии миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи омодагӣ ва баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба ин, иттилоъ дода шуд, ки даврҳои якум ва дуюми озмун мутаносибан дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, дар даври якум 313 ҳазору 664 нафар ва дар даври дуюм 59 ҳазору 825 нафар иштирок намудаанд. Аз ин шумора 5 ҳазору 93 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтаанд.
Бо мақсади такмили низоми бақайдгирӣ ва назорати раванди озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм Портали электронии озмун роҳандозӣ гардида, то даври сеюм 4 ҳазору 307 нафар иштирокчӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Даври сеюми озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия - биология, география, химия, математика, физика ва астрономия, технологияҳои иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ баргузор мегардад.
Таъкид шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани даври сеюм ҳайати ҳакамон ва комиссияҳои дахлдор омода гардида, ҷадвали маконҳои баргузорӣ муайян шудааст. Ҳайати ҳакамон вазифадор гардидааст, ки ҳангоми баҳогузорӣ ба донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ, қобилияти ҳалли масъалаҳо, гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ ва дастовардҳои навоваронаи иштирокчиён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, талаботи Низомнома ва принсипҳои шаффофиятро риоя намояд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии масъулон ва ҳайати комиссияҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони соҳаҳои дахлдор семинарҳои машваратӣ баргузор гардидаанд.
Сипас, масъалаи омодагӣ ба баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба ин иттилоъ дода шуд, ки дар даври дуюми озмун аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳазору 360 нафар довталаб иштирок намуда, 1 ҳазору 744 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, 169 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 629 нафар аз вилояти Хатлон, 469 нафар аз вилояти Суғд, 137 нафар аз шаҳри Душанбе ва 340 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Қайд гардид, ки даври сеюми озмун дар шаш минтақа - шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаҳои Ҳисор ва Рашт баргузор гардида, маконҳои баргузорӣ муайян карда шудаанд.
Ҳамчунин, дар асоси талаботи Низомнома номзадии устодони соҳибтаҷриба ва мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои шомил намудан ба ҳайати ҳакамон ва комиссияи апеллятсионӣ пешниҳод гардидааст.
Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки ба омодагии иштирокчиён, азхудкунии амиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, дарки мазмуну муҳтавои асар, дониши таърихию адабӣ ва фарҳанги баланди суханварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки бо дарназардошти аҳаммияти озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» масъулон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҳайати комиссияҳо ва ҳакамон вазифадоранд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва одилона баргузор намудани даври сеюми озмунҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, ба масъулон ҷиҳати риояи қатъии талаботи низомномаҳо, таъмини шароити мусоид барои иштирокчиён, назорати ҷараёни озмун ва пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои ба шаффофияти он халалрасон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон