15.04.2026

 img

Имрӯз, 15 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнфаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озмуни «Омӯзгори сол – 2026» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

 

Дар озмун довталабон аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ, сатҳи дониш, малакаи педагогӣ ва эҷодкории худро муаррифӣ намуданнд. Иштирокчиён бо дарсҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд.

 

Бо мақсади таъмини шаффофият ва баҳогузории одилона, ҳайати доварони озмун аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҷараёни озмунро мувофиқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монд.

 

Дар рафти чорабинӣ инчунин намояндагони иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок доштанд, ки саҳми онҳо дар ташкили чорабинӣ назаррас арзёбӣ мегардад.

 

Озмун бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷ. Маҷидзода оғоз гардида, зимни баромади худ ӯ аҳмамияти баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, рушди малакаҳои касбӣ ва дарёфти истеъдодҳои навро таъкид намуд.

 

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, рушди методикаи таълим ва табодули таҷрибаи пешқадам нақши муҳим дошта, барои пешрафти соҳаи маориф мусоидат менамояд.

  • БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛ – 2026» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img
  • БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛ – 2026» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img
  • БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛ – 2026» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ СИТИИ МАЛАЙЗИЯ Имрӯз, 16 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Донишгоҳи ситии Малайзия баргузор гардид.   Дар мулоқот ҳамчунин муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Т. Баҳриддин ва намояндаи раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат иштирок намуданд.   Муовини вазир меҳмононро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ ва таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ мебошанд. Зикр гардид, ки оғози ин раванд ба имзои Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду кишвар дар соли 2014 рост омада, баъдан ҳамкориҳо бо як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Малайзия густариш ёфтаанд.   Қайд карда шуд, ки ҳоло донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсил намуда, ҳамзамон омӯзгорону муҳаққиқони тоҷик дар барномаҳои гуногуни байналмилалӣ, семинару конфронсҳо ва курсҳои такмили ихтисос фаъолона иштирок мекунанд.   Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳо, ташкили курсҳои забономӯзӣ, барномаҳои такмили ихтисос ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами Малайзия барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.   Муовини вазир инчунин аз иштироки фаъолонаи донишгоҳи мазкур дар сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2026 ёдовар шуда, онро заминаи муҳим барои таҳкими робитаҳои минбаъда арзёбӣ намуд.   Дар навбати худ, намояндагони донишгоҳ омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии барномаҳои муштарак ва тақвияти табодули академӣ изҳор доштанд.   Маркази Дурахшандагон

    12

    16.04.2026
  •  img
    ДУШАНБЕ - ШАҲСУТУНИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ МО Бо ифтихор метавон гуфт, ки ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббускории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободониву сабзкорӣ, тозагиву зебоӣ ва одоби баланди муошират гардидааст. Бо назардошти ин омилҳо мантиқан дуруст аст, ки шаҳри Душанберо шаҳсутуни устувори давлатамон номем.   Бениҳоят зиёд будани дастовардҳо далели возеҳи он аст, ки масъулини пойтахти мамлакат бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дас- тури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷузъи таркибии низоми идоракунии маъмуриву давлатии мамлакат ба шумор рафта, бояд фаъолияти худро дар доираи татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ба роҳ монад”-ро сармашқи кор қарор додаанд.   Маҳз хоса будани таваҷҷуҳ ва доимӣ будани дастгирии Роҳбари мамлакат кулли роҳбарону мутахассисони шаҳр, вакилону хизматчиёни давлатии воҳидҳои сохтории дастгоҳи шаҳр ва ноҳияҳои онро водор кардааст, ки бо риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва бо дасту дилу нияти пок манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, вазифаҳои имрӯз баёншударо дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки 23 январи соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.   Дар чорабинии зикршуда Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор намуданд, ки соли 2025 аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда татбиқ гардида, 46 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.   Дастоварди дигаре, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, он аст, ки соли 2025 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе бо нишондиҳандаҳои устувор таъмин шуда, суръати афзоиши маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 8,3 фоизро ташкил дод ва буҷети шаҳр 22,2 фоиз барзиёд иҷро гардидааст. Аз ин суханронӣ, ҳамчунин маълум гардид, ки дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд ва суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 фоизро ташкил додааст.   Бунёдкориву созандагӣ низ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, бо масоҳати 713 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидани хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ва таъмиру таҷдиди 60 километр роҳ далели возеҳи ин гуфта аст. Қобили зикр аст, ки дар давраи роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ беш аз 3,5 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуда, шароити зист ва манзилию маишии сокинони пойтахти кишвар хеле беҳбуд ёфт. Дар маҷмуъ, фаъолияти серпаҳнову сермаҳсули муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати Раиси шаҳри Душанбе - шаҳрдори оқилу одил ва созандаву ободкори пойтахти Ватани маҳбубамон аз ҳар ҷиҳат қобили қабул ва шоёни дастгирӣ аст.   Ҳама шоҳиди он ҳастем, ки тайи 9 соли охир дар доираи иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷиҳати бо набзи замон мутобиқ намудани тамоми инфрасохтори пойтахт як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд.   Бо амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок дар самти беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои бисёрқабата, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, мавриди истифода қарор додани нақлиёти замонавии мусофирбари ҷамъиятӣ, аз ҷумла автобусҳои дуошёна ва барқӣ, роҳандозии низоми пардохтҳои электронӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, муассисаҳои таълимию тиббӣ, маҷмаа ва майдончаҳои варзиш, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои пойтахти кишвар зеботар ва сатҳи зиндагии сокинону хизматрасонии меҳмонон, ба таври куллӣ беҳтар гардид. Тӯли ин муддат иқтисодиёти шаҳр ба ҳисоби миёна 7,3 фоиз рушд карда, ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст. Давоми муҳлати зикршуда дар шаҳри Душанбе бунёду азнавсозии 80 муассисаи таълимӣ, 16 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ, 245 муассисаву марказҳои тиббӣ, 110 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 192 километр роҳ, бахусус, 2 роҳи сеқабатаи автомобилгард (эстакада) ва 207 истгоҳи замонавии нақлиётӣ, 56 бинои маъмурӣ, 392 бинои баландошёна бо 279 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 5 меҳмонхона, 12 тарабхона, 5 бозор, 4 маркази бузурги савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ, 17 боғ, 59 гулгашт, 15 иншооти варзиш, 382 майдончаи варзиш ва 5 хобгоҳ шаҳодати гуфтаи болост.   Қобили зикр аст, ки танҳо дар зарфи нуҳ соли охир шаҳри Душанбе бо 7 шаҳри ҷаҳон, аз ҷумла Чиндао, Ашқобод, Остона, Боку, Исломобод, музофоти Хайнан ва Давҳа, муносибатҳои бародаршаҳриро роҳандозӣ намудааст.   Бамаврид аст ёдовар шавем, ки тайи солҳои охир бо ибтикори шаҳрдорӣ 26 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардид, ки дар онҳо беш аз 4052 варзишгар аз 167 давлати дунё иштирок ва сабқат намуданд.   Ҳамаи ин ва дигар тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ, ки таҳти роҳбарии сарвари кордону ободпеша, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯи кор омадааст, имкон доданд, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз зеботарин ва сарсабзтарин пойтахтҳои дунё ва макони дӯстдоштании сокинони кишвар ва сайёҳони сершумори хориҷӣ табдил ёбад. Таваҷҷуҳи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф хоса буда, ин ҷавонмарди масъулиятшиносу поквиҷдон бо меҳвар қарор додани суханони Пешвои миллат: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад», ба дастовардҳои беназир ноил шуданд, ки дар таърихи пойтахти мамлакат назир надоранд.   Агар дастовардҳои соҳаи маорифи кишварро тайи солҳои охир бозгӯӣ намоем, пас вусъат ёфтани бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав (гимназияву литсейҳо), ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути «Барномаи электронии eDonish» аз ҳамон ҷумлаанд. Барои мисол, соли 2025 дар шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимӣ барои 19 ҳазор хонанда ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 тарбиягиранда сохта, ба истифода дода шуд. Ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, роҳандозӣ намудани озмунҳои гуногун, зиёд шудани теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат, баланд бардоштани мақоми аҳли маориф аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ идомаи мантиқии ин раванд аст.   Айни замон дар шаҳри Душанбе 174 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 36163 тарбиягиранда ва 208 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 320712 толибилм фаъолият менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мутаносибан 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1865 тарбиягиранда ва 18522 нафар хонанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд мебошад.   Роҳандозии низоми муосири иттилоотӣ тавассути «Барномаи электронии eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе низ самараи таваҷҷуҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Муҳим он аст, ки барномаи мазкур пурра ройгон буда, ҳамаи хароҷот вобаста ба татбиқи он бо дастгирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пардохт шудааст. Шоистаи зикр аст, ки то ин вақт 93,3 фоизи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба барномаи мазкур пайваст гардида, дар ин замина раванди таълиму тарбияи зиёд аз 309000 хонанда ҷиддӣ назорат шуда истодааст. Ба ғайр аз ин 95 муассисаи томактабии пойтахт ба барномаи “Kudak.tj” пайваст шудаанд. Ин иқдом имкон фароҳам овардааст, ки бақайдгирӣ, идоракунӣ ва ҳамкории муассиса бо волидайн таври шаффоф ва самаранок ба роҳ монда шавад.   Ҳамасола ташкил ва баргузории олимпиадаҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм», озмунҳо барои ноил шудан ба номи пуршарафи гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистону Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, дигар озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ, аз қабили «Китоб - сарчашмаи рушди тафаккур» (байни мураббиёну омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ), «Беҳтарин кабинети методӣ» (миёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ), «Доноякон», “Ҷаҳондонӣ аз забондонист”, “Ахтаракони ҳисобдон” (сабқати тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ) ҷузъе аз фаъолияти маорифмеҳвари муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳисоб меравад.   Боиси хурсандист, ки шумораи иштирокчиён ва гирандагони стипендияҳо сол аз сол зиёд шуда истодааст. Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки соли таҳсили 2020-2021 барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе 800 нафар ширкат варзида, 43 кас муваффақ гаштанд. Соли таҳсили 2021-2022-юм 2000 хонанда дар озмун ширкат варзида, 312 кас ғолибиятро ба даст оварданд. Соли таҳсили 2023 -2024 аз 2500 довталаб 320 нафарашон комёб гаштанд, ки мутаносибан 1700 довталаб ва 277 гирандаи стипендия зиёд аст. Соли гузашта бошад, 334 нафар довталаб комёб гашта, ба номи пуршарафи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштанд.   Шумораи довталабони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе низ сол аз сол зиёд гашта, агар соли 2024 шумораи иштирокчиён 522 нафар бошад, пас ин шумора дар соли 2025 ба 568 нафар баробар гашта, шумораи гирандаи стипендия дар соли 2025 ба 217 нафар расонида шуд.   Натиҷаҳои даври ниҳоии олимпиада аз фанҳои таълимӣ низ арзандаи ситоиш мебошанд. Барои мисол, соли таҳсили гузашта шаҳри Душанбе дар умум бо 971 (124 нафар медали тилло, 235 нафар медали нуқра, 612 нафар медали биринҷӣ) медал мақоми ифтихориро ба даст оварда дар ҷумҳур пешсаф маҳсуб мешавад, ки 159 медал зиёд нисбати соли гузашта мебошад.   Ифтихормандем, ки хонандагони пойтахт бо муҳасиллини бештар аз 90 кишвари дунё қувваозмоӣ карда, ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодаанд.   Аз ҷумла, дар соли 2025 хонандагони пойтахт соҳиби 1417 медал (145 нафар медали тилло, 476 нафар медали нуқра, 794 нафар медали биринҷӣ) гаштанд, ки аз ин шумора 4 медал дар олимпиадаи бонуфузтарини ҷаҳонӣ ва 124 ҷой олимпиадаҳои сатҳи баланд (35 медали тилло, 41 медали нуқра, 48 медали биринҷӣ) мебошад, ки дар умум ин нишондиҳанда 431 медал зиёд нисбати соли гузашта мебошад.   Ҷамъбасти ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 шаҳодати он аст, ки иштирокчиёни он аз шаҳри Душанбе аз 90 ҷойи ифтихорӣ соҳиби 28 ҷой (31,1%) гаштанд, ки аз ин шумора 12 нафари ғолибонро (43,0 фисад) хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ташкил дод.   Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз 156 ҷойи ифтихорӣ соҳиби 86 ҷой (55,1%) гаштанд, ки аз ин шумора 45 нафари ғолибонро (52,0 фисад) хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ташкил дод.   Дар даври ниҳоии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ба шаҳри Душанбе 67 ҷой ва 2 шоҳҷоиза рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 10 адад зиёд мебошад.   Нишондиҳандаҳо дар самти пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ низ назаррас буда, ҳамасола «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ва дар заминаи он Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ доир мегардад.   Барои ҳавасмандгардонӣ ба фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ панҷ сол аст, ки дар шаҳри Душанбе олимпиада аз фанни технология доир мешавад. Ёдовар бояд шуд, ки ин таҷрибаи нахустин дар кишвар буда, барои касбинтихобкунии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардааст. Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар робита ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз рӯйи 6 номинатсия ва озмуни шаҳрии «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ» баргузор шуда, дар муддати кӯтоҳ маҳбубияти зиёд пайдо кардаанд.   Ҳамзамон қайд кардан ҷоиз аст, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар соли 2025 бо ба даст овардани 36 адад аттестати аълои универсалӣ ва равияҳои табиӣ - риёзӣ, ҷамъиятӣ - гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми аввалро сазовор гашта, нишондоди мазкур дар таъхири маорифи кишвар бесобиқа мебошад.   Инчунин 19 нафар хатмкунандаи синфи 11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тибқи натиҷаи имтиҳонҳои қабул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳарии Точикистон ба рейтинги Беҳтарин довталаб - 2025 ворид гаштаанд, ки аз шумораи умумии ғолибон дар сатҳи ҷумҳур 76 фисадро ташкил медиҳад.   Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даҳҳо омӯзгори шаҳри Душанбе барои такмили ихтисос ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардиданд.   Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола аҳли маориф дар чорабиниҳои бахшида ба «Рӯзи пойтахт», таҷлили «Рӯзи омӯзгор», конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи пойтахт бо мукофот ва ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегарданд.   Мо – аҳли маориф ба дастовардҳои мазкур иктифо накарда, дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозӣ ба иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вазифадорем фаъолиятамонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.   Ҳамон тавре Пешвои миллат таъкид карданд: “Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем”.   Баҳром ИСМОИЛЗОДА, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

    10

    16.04.2026
  •  img
    ҶИЛОИ ПОЙТАХТ ДАР ОИНАИ ИСТИҚЛОЛ Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ба марҳалаи рушду пешрафт ба таври бесобиқа ворид гаштааст.   Дар як марҳалаи начандон тулонии таърихӣ, дар баробари бо гулу дарахтони зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт, даҳҳо боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бо шароити муосир ва тарҳи замонавӣ мавриди истифодабарии сокинони пойтахт қарор гирифтанд. Имрӯзҳо боғҳои фарҳангӣ – фароғатии “Рӯдакӣ”, майдони “Истиқлол”, “Ҷавонон”, “Кӯли ҷавонон”, “Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ”, “Куруши Кабир”, “Аҳмади Дониш”, “Садриддин Айнӣ”, “Умари Хайём” ва боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи “Абдулқосим Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе саропо зебову гулрез ва гулбадомон гардида, ба макони сайёҳӣ ва фароғативу фарҳангии ҳамарӯзаи сокинони мамлакат табдил ёфтаанд.   Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсуси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҳаёти давлатдорӣ ишғол менамояд, ки оинаи таърих, тамаддун ва рушди ҷомеаи муосири тоҷикон мебошад. Душанбе ҳамчун рамзи истиқлол, ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон дар ташаккули симои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.   Аз маълумотҳои таърихӣ Душанбе аз як маҳалли бозории хурд ба маркази бузурги маъмурию сиёсӣ ва шаҳри ободу зебо табдил ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки чунин амал хосси миллати тамаддунофари тоҷик буда, таърихан тоҷикон шаҳрҳои зиёдеро ободу хуррам гардонидаанд. Номи шаҳр аз рӯзи ҳафта, ки дар он рӯз баргузории бозори анъанавӣ “Душанбе” ё “Душанбебозор” маншаъ гирифта, ин воқеият ба таърихи иҷтимоии минтақа пайванди амиқ дорад. Бо таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе ба ҳайси пойтахт интихоб гардида, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи минтақа табдил дода шуд.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе марҳалаи нави рушдро паси сар намуда истодааст. Бо бунёди иншооти муҳташами давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳои бонуфуз, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ мақоми онро ҳамчун маркази сиёсии давлат тақвият бахшид. Қасри миллат, маҷмааҳои фарҳангӣ, боғҳои фароғатӣ, хиёбонҳои зебову ороста ва биноҳои муҳташами замонавӣ ба шаҳр ҳусни тоза бахшида, симои онро ҳамчун пойтахти замонавӣ муаррифӣ менамоянд.   Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази асосии маориф ва илм дар кишвар ба шумор рафта, дар он даҳҳо муассисаҳои олии таълимӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва марказҳои тадқиқотӣ фаъолият доранд, ки дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва рушди тафаккури илмии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин ҷиҳат пойтахти кишвар на танҳо маркази маъмурӣ, балки маркази зеҳнӣ ва фарҳангии миллат ба ҳисоб меравад.   Дар солҳои ахир шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои муҳимми чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, нуфузи пойтахт на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар соҳаҳои варзиш, илм, иқтисод ва муносибатҳои байналмилалӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.   Дар шаҳри Душанбе чандин маротиба мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ доир гардида истодааст ва аз рӯйи маълумоти расмӣ мусобиқаҳои варзишии ҷудо “Judo Grand Prix” ва “Grand Slam” дар пойтахти кишвар то имрӯз чор маротиба баргузор шудаанд: соли 2023 “Grand Prix”, солҳои 2024, 2025 “Grand Slam” ва санаи 5-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе 7-умин мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.   Ҷойгоҳи маориф ва илм дар пойтахт мақоми хосса дошта, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе пайваста мизбони олимпиадаҳои байналмилалӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳои машваратии байналмилалӣ ва ҳамоишҳои академӣ мебошад. Олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯён аз кишварҳои гуногун дар ин чорабиниҳо иштирок намуда, саҳми Душанбе дар рушди илми байналмилалиро тақвият мебахшанд.   Инчунин, дар шаҳри Душанбе бизнес – форумҳои байналмилалии сармоягузорӣ пайваста доир гардида, ҳамоишҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамчунин шаҳри Душанбе борҳо мизбони вохӯриҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, нишастҳои сатҳи олӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ шудааст, аз ҷумла ҳамоишҳои марбут ба масъалаҳои об, иқлим, амният ва рушди устувор мақоми байналмилалии шаҳрро боз ҳам боло бурдаанд.   Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ба шарофати Истиқлол пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар боз ҳам зеботар ва ободу пешрафта гардид ва мояи ифтихори тамоми тоҷикон мебошад”. Чунин суханони пурмазмун мақоми баланди пойтахтро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯ менамоянд.   Дар маҷмуъ, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои ҳаёти давлатдории миллӣ, сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг мавқеи калидӣ ва муайянкунанда дорад ва рушду пешрафти босуръати шаҳр дар даврони Истиқлол, бунёди инфрасохтори муосир ва густариши фаъолияти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки Душанбе ба як маркази муҳимми минтақавӣ табдил ёфтааст. Пойтахти кишвар имрӯз на танҳо маркази идоракунии давлатӣ, балки макони ташаккули тафаккури миллӣ, рушди илм ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба шумор рафта, шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва давлатдории муосири тоҷикон дорои имконҳои васеъ барои рушди минбаъда буда, дар оянда метавонад нақши муҳимро дар пешрафти кишвар ва таҳкими нуфузи он дар сатҳи байналмилалӣ бошад.   Асомиддин БОБОЗОДА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур

    64

    15.04.2026