18.10.2025

Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакону наврасон 17 октябри соли 2025 бо ташаббуси бевоситаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо кӯдакону наврасон омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем” дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия Нозири калони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони адлия Абдуллозода Одил Толиб, директорони марказҳои таҳсилоти иловгагии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, кормандон, аъзои ҳакамони озмунҳо ва хонандагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории конференсия баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зидди корупсионии кӯдакону наврасон, ташаккули ҷаҳонбинии дуруст нисбат ба хатарҳои коррупсия, инчунин ҷалби кӯдакону наврасон ҳамчун паёмрасонҳои арзизшҳои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар кори конференсия намояндагон ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ вобаста ба Стратегияи мазкур, ҳамзамон дар мавзӯҳъои марбут ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муҳити таълим, аҳмияти поквиҷдонӣ, одоб ва масъулияти шаҳрвандӣ баромад намуданд.
Дар доираи конференсия бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кўдакону наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озоди озмунҳои ҷумҳуриявии расм ва видеоролики беҳтарин дар мавзўи “Мо кўдакону наврасон омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем”. Инчунин бахшида ба 35 солагии Истиқлолиятии давлатӣ озмунҳои ҷумҳуриявии расм ва иншои беҳтарин дар мавзўъҳои “Ватанамро сарсабз мегардонем” , "Дурахши Истиқлол", "Дунёи кӯдакии ман" ҷамъбаст гардида, намоиши расму видероликҳои ғолибон баргузор карда шуд.
Дар қисмати ҷамъбастии конференсия ғолибони озмунҳои болозикр аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.