10.02.2026

 img

10 феврали соли 2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №44  бо иштироки муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа З. Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф А. Бобозода, роҳбарони муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳия дар доираи  омодагӣ ва таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия ҷиҳати амалигардонии "Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардидани солҳои 2020-2040", “Стратегияи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030" даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии "Ахтаракони ҳисобдон" баргузор гардид.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, маҳорати дарки яклухту томи ҳаёти атроф ва истифодаи ахборот барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, рушди маҳорату малакаи фикррониву мушоҳида, муқоиса, ҷудо намудан ва хулосабарорӣ намудан, ташаккули тасаввуротҳои оддитарини математикӣ тартиб додану ҳал намудани масъалаҳои математикӣ, дарк кардан ва ҳал кардани муаммоҳои арифметикӣ, сайқал додани маҳорати ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури мантиқӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо доир мегардад.

Дар озмун кўдакони гурўҳи калон ва гурўҳи омодагӣ ба мактаби муассисаҳои таълимии томактабии (5-7 сола) новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок менамоянд.

Иштирокчиёни озмун ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

- тарбиягирандагони гурўҳи калон (5-6 -сола);

- тарбиягирнадагони гурўҳи омодагӣ (6-7-сола).

Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорату малакаи ҳал кардани мисолу масъалаҳои математикӣ, тафаккури мантиқии кӯдакон бартарӣ дода мешавад.

Озмун асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба довталабоне, ки дар гурӯҳҳои таълим бо забони ғайритоҷикӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, имконияти бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) баромад кардан дода мешавад.

Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи талаботи зерин муайян карда мешавад:

- санҷиши тафаккури математикӣ (диктанти математикӣ)

- ҳалли масъалаи математикӣ аз рӯи расми пешниҳодшуда дар тахта ва ҳисоб карда тавонистани амалҳо (кам ва зиёд кардан);

- бо истифодаи шаклҳои геометрӣ сохтани ашёву манзараҳо (тибқи супориш);

- ҳалли муаммоҳои математикӣ;

- дар маводҳои таълимӣ муайян карда тавонистани тасаввуротҳо оид ба вақту фазо ва тарафҳо;

- маҳорати истифодаи маводҳои таълимӣ ва бозичаҳои тафаккурро таҳрикдиҳанда (сохтани шаклҳои геометрӣ аз қоғаз, расму манзараҳо аз лото, лего, (пазлҳо, мазайкаҳо), пирамидаҳо ва истифода бурда тавонистани кубик - рубик).

Ғолибон  аз ҷониби ташкилкунандагони озмун  ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

 

  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН» img
  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН» img
  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 5-уми марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, занону бонувони собиқадори соҳаи маориф ва раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм занону бонувони собиқадори соҳа ва кормандони дастгоҳи марказиро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом, хушбахтии ҷовидонӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кард. Ҳамзамон қайд намуд, ки модар рамзи меҳру муҳаббати бекарон, вафодорию садоқати беназир ва ҳусну таровати ҷовидонӣ буда, ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз ёфта, ситоиши модар чун меҳру муҳаббати ӯ интиҳо надорад. Ҳастии мо, кору фаъолияти пурсамари мо бидуни модар ва меҳрубонию ғамхорию роҳнамоиҳои ӯ имконнопазир аст. Дар кулли корҳои мо нақши барҷастаю мондагори дастони модар равшан эҳсос мешавад, ки ин худ нишона аз бузургии эшон аст. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба мақоми баланди зан-модар таъкид намуда, онҳоро чароғи хонадон ва тарбиятгари наслҳои оянда номидаанд: «Занон ва модарон неруи бузурги ҷомеа мебошанд, ки дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва пешрафти давлат нақши калидӣ доранд», – иброз доштаанд Пешвои миллат. Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба мақоми зан-модар аҳаммияти махсус медиҳад ва барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Нақши бонувони мо, махсусан, дар соҳаи маориф барҷастаю назаррас буда, барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Дар идома маърузаи сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” Э.Сафарзода дар мавзуи “Нақши зан - модар дар таҳкими давлатдории миллӣ” шунида шуд. Қисмати фарҳангии чорабиниро барномаҳои рангини ҳунарӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони варзида ва ҳаваскорони санъат иҷро шуд, шукӯҳу таровати хосса зам намуда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш, вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни чорабинӣ, бахусус занону бонувони собиқадор ва кормандони фаъоли вазорат, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    12

    05.03.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ТАКМИЛИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи маориф мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва методии соҳаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, такмил ва рушди санадҳои меъёрӣ дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст муовини якуми вазир зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти такмили низоми таҳияи китобҳои дарсӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири таълим ва талаботи байналмилалӣ ибрози назар намуд. Сипас ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тавзеҳоти ҳуқуқию педагогӣ оид ба такмили консепсия ироа намуда, ҷанбаҳои назариявӣ, меъёрӣ ва амалии ҳуҷҷати мазкурро шарҳ дода, таъкид дошт, ки консепсияи такмилёфта бояд ба принсипҳои шаффофият, сифати илмӣ, мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва фарогирии равандҳои инноватсионӣ такя намояд. Дар идома муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ шакли такмилёфтаи “Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пешниҳод намуда, тағйиру иловаҳои воридгардида, ҳадафу вазифаҳо ва механизмҳои амалисозии онро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар қисмати муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда ибрози назар намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили минбаъдаи санади манзур намуданд. Намояндагони ЮНИСЕФ омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва расонидани дастгирии техникӣ дар самти рушди муҳтавои таълимӣ ва таҳияи маводи таълимии босифат изҳор доштанд. Дар фарҷоми мизи мудаввар қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар самти такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳияи китобҳои дарсӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти умумӣ тақвият дода мешаванд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    8

    05.03.2026
  •  img
    МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ РАИСИ ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ТУРКМАНИСТОН ТАНГРИГУЛИ АТАХАЛЛИЕВ 4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон муҳтарам Тангригулӣ Атахаллиевро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешвои миллат бо қаноатмандӣ ҷараёни рушди мусбати ҳамкории ду кишварро зикр карда, ба имкониятҳои бузург ҷиҳати пешбурди ин раванд дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамлу нақл, инчунин соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳамзамон ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар самтҳои варзиш ва сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва ҷавонон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Сарвари давлати мо аҳамияти идомаи кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматиро ҷиҳати таъмини ҳамкории самарабахши ду кишвар дар ин ва дигар самтҳо таъкид карданд. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои нигоҳ доштани муколамаи мунтазами байнидавлатӣ оид ба тамоми маҷмуи рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкории зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.    

    46

    04.03.2026