16.04.2026

 img

16 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар доираи арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 чорабинии муҳимми санҷиши сатҳи саводнокии хонандагон баргузор гардид.

 

Чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсили босифат», ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани сифати таҳсил ва мутобиқ намудани низоми маориф ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.

 

Дар рафти арзёбӣ 91 нафар хонандаи синфҳои 4 иштирок намуда, сатҳи фаҳмиши матн, қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва малакаҳои хондану дарки мазмунро нишон доданд.

 

Дар арзёбии мазкур дар маҷмӯъ 144 нафар хонандагони синфҳои 4-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доранд. Аз ин шумора 91 нафар хонанда ба МТМУ №8, 29 нафар ба МТМУ №26 ва 24 нафар ба МТМУ №70 рост меоянд.

 

Қобили зикр аст, ки арзёбии PIRLS яке аз барномаҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ҳар панҷ сол як маротиба баргузор гардида, имконият фароҳам меорад, ки кишварҳо сатҳи саводнокии хонандагони худро дар муқоиса бо меъёрҳои ҷаҳонӣ муайян намоянд.

 

Зимни баргузории чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ -Маҷидзода Ҷамшед аз ҷараёни раванди арзёбӣ дидан намуда, ба сатҳи ташкил ва иштироки хонандагон баҳои мусбӣ доданд. Мавсуф таъкид намуд, ки чунин арзёбиҳо дар рушди малакаҳои хонандагон, такмили усулҳои таълим ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон нақши муҳим доранд.

 

Бояд қайд кард, ки иштироки муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар чунин барномаҳои байналмилалӣ ба таҳкими мавқеи низоми маорифи миллӣ мусоидат намуда, заминаи мусоидро барои татбиқи таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

 

Дар маҷмуъ, баргузории арзёбии PIRLS–2026 боз як қадами устувор дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсил ва рушди зеҳнии хонандагон арзёбӣ мегардад.

  • БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS–2026 ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img
  • БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS–2026 ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ Имрӯз, 17 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муҳимми таърихӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.   Дар машварати корӣ муовинони вазир, роҳбарони раёсатҳои дахлдори вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.   Зимни машварат вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, таҷлили сазовори он аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаро тақозо менамояд. Қайд гардид, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиш бояд ба он равона гардад, ки ин ҷашни муқаддаси миллӣ бо дастовардҳои назаррас, ободонии муҳити таълим ва болоравии сифати таҳсил истиқбол гирифта шавад.   Дар ин замина, зикр гардид, ки аҳли маорифро зарур аст бо омодагии ҷиддӣ, ташаббусҳои созанда ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳар як корманди соҳа бояд ҳиссаи худро дар рушди низоми маориф, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими арзишҳои миллӣ гузошта, дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз муассисаҳои томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ, сатҳу сифати таълимро боз ҳам баланд бардорад.   Ҳамзамон, дар машварат масъалаҳои вобаста ба ташкили чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, ободониву созандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин ҷалби хонандагону донишҷӯён ба чорабиниҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.   Дар анҷоми машварат таъкид гардид, ки роҳбарону масъулони соҳа бояд иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таъмин намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    31

    17.04.2026
  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим иштироки кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла арзёбии PIRLS - 2026 мебошад.   Дар идомаи баргузории давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 миёни хонандагони синфҳои 4-ум, ки аз 14 апрел то 6 майи соли ҷорӣ дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, имрӯз, 17 апрели соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Б. Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ва дигар шахсони масъул дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» иштирок намуданд.   Татбиқи арзёбии PIRLS - 2026 дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ба таври самаранок ба роҳ монда шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, такмили муҳити омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии хонандагон ба захираҳои таълимӣ мебошад. Дар ин замина, истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди қобилияти тафаккури интиқодии хонандагон низ тақвият дода мешавад.   Зикр гардид, ки натиҷаҳои арзёбии PIRLS - 2026 барои муайян намудани вазъи воқеии сатҳи саводнокии хонандагон, такмили барномаҳои таълимӣ ва таҳияи сиёсати минбаъдаи соҳа заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ҳамзамон, ин раванд имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар муқоиса бо кишварҳои дигар муайян намуда, таҷрибаи пешқадамро дар низоми миллии маориф ҷорӣ намояд.   Дар маҷмӯъ, иштироки фаъолона дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба рушди устувори соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

    57

    17.04.2026
  •  img
    ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ СИТИИ МАЛАЙЗИЯ Имрӯз, 16 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Донишгоҳи ситии Малайзия баргузор гардид.   Дар мулоқот ҳамчунин муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Т. Баҳриддин ва намояндаи раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат иштирок намуданд.   Муовини вазир меҳмононро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ ва таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ мебошанд. Зикр гардид, ки оғози ин раванд ба имзои Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду кишвар дар соли 2014 рост омада, баъдан ҳамкориҳо бо як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Малайзия густариш ёфтаанд.   Қайд карда шуд, ки ҳоло донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсил намуда, ҳамзамон омӯзгорону муҳаққиқони тоҷик дар барномаҳои гуногуни байналмилалӣ, семинару конфронсҳо ва курсҳои такмили ихтисос фаъолона иштирок мекунанд.   Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳо, ташкили курсҳои забономӯзӣ, барномаҳои такмили ихтисос ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами Малайзия барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.   Муовини вазир инчунин аз иштироки фаъолонаи донишгоҳи мазкур дар сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2026 ёдовар шуда, онро заминаи муҳим барои таҳкими робитаҳои минбаъда арзёбӣ намуд.   Дар навбати худ, намояндагони донишгоҳ омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии барномаҳои муштарак ва тақвияти табодули академӣ изҳор доштанд.   Маркази Дурахшандагон

    36

    16.04.2026