21.02.2026
Имрӯз, 21 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазир, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, доир ба иҷрои супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироагардида изҳори назар намуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади воридшавии ҳарчи зудтари маорифи кишвар ба фазои ягонаи байналмилалии таҳсилот гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ҳануз аз соли 2004 оғоз шуда, соли 2014 ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пурра ба ин низом гузаштаанд. Бо вуҷуди ин, зарурати таҳлили ҳамаҷонибаи бурду бохти низоми мазкур ва аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми баргузории имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм ба миён омадааст. Вобаста ба ин, пешниҳодҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъоварӣ гардида, хулосаи ниҳоии вазорат ба унвони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Зикр гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи ягонаи низоми кредитӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, низомномаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва Низомномаи низоми кредитии таҳсилот таҳия ва тасдиқ шудаанд. Бо ин вуҷуд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 18 банди талаботи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар сатҳи зарурӣ иҷро намегарданд. Камбудиҳо асосан ба сарбории омӯзгорон, тартиби баргузории имтиҳонҳои ҷорӣ ва ҷамъбастӣ, низоми триместр, таҳсил дар шуъбаи фосилавӣ ва муайян намудани холи миёнаи умумии донишҷӯён (GPA) марбут мебошанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор гардиданд, ки иҷрои қатъии талаботи низоми кредитиро таъмин намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни омӯзгорон ва донишҷӯён тақвият бахшанд. Қайд шуд, ки аз соли таҳсили 2021-2022 имтиҳонҳо тибқи талабот 60 фоиз ба шакли шифоҳӣ ва 40 фоиз ба шакли тестӣ баргузор мегарданд ва истифодаи воситаҳои электронӣ дар назорату арзёбӣ бояд боз ҳам густариш дода шавад.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки тибқи супориши Паёми Президенти мамлакат вазъи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ таҳлил гардад. Омӯзиши забонҳо дар доираи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба роҳ монда шуда, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 15 забони хориҷӣ тадрис мегардад. Дар ин замина, зарурати вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ҷиҳати такмили ихтисоси устодон ва баланд бардоштани сатҳи забондонии онҳо таъкид гардида, роҳбарияти муассисаҳо вазифадор шуданд, ки гурӯҳҳои таҳсил бо забонҳои русӣ ва англисиро зиёд намоянд.
Дар идомаи ҷаласа вазъи амалишавии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2020-2030» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи Сотим Улуғзода бо маърузаи ректори донишгоҳ Ж. Гулназарзода баррасӣ гардид. Ҳамчунин татбиқи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ректори донишгоҳ М. Қурбонзода баромад намуд. Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар низ бо маърузаи ректор З. Раҳмонзода баррасӣ гардид.
Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва кирдорҳои коррупсионӣ дар муассисаҳо, назорати додани дипломҳои хатмкунандагон, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иштироки фаъолона
дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки иҷрои босифати супоришҳои Пешвои миллат, таъмини шаффофият дар раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва мутобиқсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бояд самти афзалиятноки фаъолияти роҳбарияти донишгоҳҳо дар соли 2026 бошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон