26.04.2025

 img

26 апрели соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, муовинони раисон ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

 

Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Варзоб ва Шаҳринав оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки мақсади баргузор намудани ҷаласаи мушовараи сайёри имрӯзаи Вазорати маориф ва илм татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад.

 

Дар идома, гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Варзоб ва Шаҳринав” шунида шуд.

 

Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарогирии пурраи хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистони соли 2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.

 

Сипас, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин баромад намуда, иброз дошт, ки кабудиҳои ишорашуда дар самти соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат ошкоргардида, ҷой дошта, масъулини шаҳр тамоми саъю кӯшиши худро барои бартараф намудани онҳо равона месозанд ва дар муддати кутоҳтарин мушкилиҳои ҷойдошта ҳалли худро меёбанд.

 

Дар охир, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН 3 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, собиқадорони соҳа, намояндагони дигар вазорату идораҳо ва омӯзгорону мураббиён иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм чорабиниро оғоз намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми омӯзгорони кишварро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният гуфт. Вазири маориф ва илм зимни суханронӣ аз нақши арзанда ва заҳматҳои содиқонаи омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, ба омӯзгорону мураббиён барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар пешрафти ҷомеа изҳори сипос намуд.   Сипас, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чорабиниро идома дод. Мавсуф дар суханронӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону мураббиёнро ба муносибати иди касбиашон самимона табрику таҳният гуфта, барои хизмати содиқона, заҳмати созанда ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас арзи сипос намуд. Таъкид гардид, ки омӯзгорон ҳамчун тарбиятгарони насли нав дар таҳкими маърифату фарҳанг, худшиносии миллӣ, рушди неруи инсонӣ ва бунёди ояндаи дурахшони кишвар нақши муҳим доранд.   Гуфта шуд, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои назаррасро амалӣ намуда, рушди соҳаи маорифро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Омӯзгорон дар ташаккул ва рушди маърифати аҳли ҷомеа вазифаи басо муҳимми таърихӣ дошта, Ҳукумати кишвар талош мекунад, ки барои фаъолияти онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.   Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ва «Омӯзгори соли Тоҷикистон» эълон ва бо мукофотҳои пулӣ, дипломҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, як қатор собиқадорони соҳа бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.   Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар баргузор шуд. Барнома бо иҷрои сурудҳо ва рақсу навоҳои миллӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид ва фазои идонаро тақвият бахшид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    03.10.2026
  •  img
    ДИЛРАБОИ ҲОТАМШО - МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026 Имрӯз, 3 октябри соли 2026 зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон маросими расмии ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон - 2026» баргузор гардид.   Озмуни мазкур бо ҳадафи ҷалби мураббиёни боистеъдод, эҷодкор ва кордон, инчунин ҳавасмандсозӣ ва дастгирии фаъолияти онҳо дар самти таълиму тарбия роҳандозӣ шуда, беҳтарин мураббиён аз муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ муайян гардиданд.   Соли равон ба даври ниҳоии озмун панҷ мураббии беҳтарин аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо Дилрабои Ҳотамшо – мураббияи муассисаи таълимии томактабии №7-и «Булбулакон»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сазовори Ҷоми ғолиб, Диплом ва мукофоти пулии озмун ба маблағи 10 000 сомонӣ гардид.   Ҳамзамон, дигар иштирокчиёни фаъолу боистеъдод бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва туҳфаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1

    03.10.2026
  •  img
    ШАРИФЗОДА ШАРИФ - ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2026 Имрӯз, 3 октябри соли 2026 зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон маросими расмии ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026» баргузор гардид.   Озмуни мазкур бо мақсади таҳкими сатҳу сифати таълим, дастгирии омӯзгорони соҳибистеъдод ва эҷодкор, инчунин баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи касби омӯзгорӣ баргузор гардида, ҳамасола миқёси иштирок ва сатҳи касбии довталабонро тавсеа мебахшад.   Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун Шарифзода Шариф - омӯзгори Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026» эълон гардида, бо Ҷоми озмун, Диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.   Ҳамзамон, дигар иштирокчиёни фаъолу боистеъдод бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва туҳфаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    03.10.2026