17.05.2026

 img

Бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов аксияи тозагии дастаҷамъона дар доираи аксияи “Саҳми ман - дар шаҳри ман” барои ободу зебо гардонидани донишкада, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуд, роҳравҳо, саҳн ва атрофи он баргузор гардид.

 

Дар аксияи тозагӣ аз ҷониби ҳайати коллективи донишкада корҳои ободонӣ, тозакорӣ ва батартибдарории дарахту ниҳолҳои ороишии саҳн ва атрофи биноҳои донишкада анҷом дода шуданд.

 

Чунин чорабиниҳо баҳри ободониву тозакорӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз тарафи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, ҷиҳати ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани дохил, саҳн ва атрофи бинои донишкада ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад.

  • БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДА ТАҲТИ УНВОНИ “ САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН” img
  • БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДА ТАҲТИ УНВОНИ “ САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН” img
  • БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДА ТАҲТИ УНВОНИ “ САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ 17 майи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.   Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.   Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад.

    26

    18.05.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДИИ ИҶОРАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ Дар семинари омӯзишӣ оид ба татбиқи барномаи биллингии пардохти маблағи ғайринақдии иҷораи китобҳои дарсӣ баргузор гардид.   Дар кори семинар мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим, намояндаи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мушовири бахши китоби шуъбаи маориф, инчунин директорон ва китобдорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.   Зимни семинар масъалаҳои марбут ба тартиби истифодаи барномаи биллингӣ, роҳандозии пардохти ғайринақдӣ ва такмили низоми иҷораи китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба иштирокчиён тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд.

    15

    16.05.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи онлайнии Ситоди кории вазорат таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа намояндагони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсату раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва директорони мактабҳои президентии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазир зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид намуд, ки таҳкими низоми идоракунии соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвияти масъулияти роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда аз вазифаҳои муҳимми соҳа ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон зикр гардид, ки фаъолияти мунтазами шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ бояд ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.   Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе А. Бобозода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Д. Раҷабзода оид ба фаъолияти шуъбаҳои маориф дар чор моҳи соли 2026 шунида шуд.   Ҳамчунин, масъалаҳои ҷорӣ ва муҳимми соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вобаста ба самти таҳсилоти иловагӣ масъалаи омодагии мутасаддиён барои баргузории семинарҳои истироҳатгоҳҳои тобистона матраҳ гардида, ҷиҳати ташкили босифати истироҳату фароғати хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.   Дар фарҷоми ҷаласа муовини вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои соҳа ва масъулинро ба иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани сатҳи назорат, рушди таҳсилоти иловагӣ, такмили ихтисоси кормандон, дастгирии истеъдодҳо ва тақвияти раванди рақамикунонии соҳаи маориф ҷалб намуда, таъкид кард, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои баррасишуда барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад кард.

    7

    16.05.2026