08.07.2026
Дар замони муосир, ки даҳҳо давлатҳо гирифтори ҷангу нооромӣ ва миллионҳо одамҳо аз ин мусибат пароканда, ранҷкашида ва ноумед ҳастанд, иқдоми навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ба дили миллиардҳо сокини сайёра умед ба фардои зиндагии орому осуда ва ҳамзистии осоиштаро зинда кард.
25 июни соли 2026 ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бо қатъномаи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ин рӯйдодро барои мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон унвон карданд. Тавре дар Паёми мазкур омадааст: «Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд».
Албатта, пазируфта шудани иқдоми ҷониби Тоҷикистон дар мавриди сулҳ бесабаб нест, зеро Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи хуби сулҳофариро доро буда, ин раванд дар ҷаҳон бо номи «Формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон» машҳур аст. Кишварҳои сулҳпарвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҳам хуб дарк карданд, ки маҳз қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» метавонад диққати ҷомеаи ҷаҳониро барои таҳкими сулҳу субот ва оромӣ дар тамоми сайёра ҷалб намуда, ҳамзистии осудаи насли ояндаро таъмин намояд. Дар матни қатънома аз ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дархост шудааст, ки барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсола мусоидати фаъол намоянд.
Сулҳ асоси зиндагии ором, эҳтироми ҳамдигар, муколамаи созанда, ваҳдат ва ҳамбастагӣ, адолат, баробарӣ, таҳаммулпазирӣ, рушди илм, дониш ва фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама арзиши бебаҳост. Ин нуктаҳо садҳо маротиба дар минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. Аз ин хотир Тоҷикистони маҳбуби моро дар арсаи ҷаҳон дар симои Пешвои муаззами миллат ҳамчун кишвари сулҳпарвару сулҳхоҳ мешиносанду эътироф мекунанд.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба сулҳу амният даъват мешаванд ва суханронии пурмуҳтаво мекунанд. Аз ҷумла, 12 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамин Форум Пешвои миллат чунин қайд карданд: «Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббусҳо доир ба таҳкими сулҳу амонӣ дар ҷаҳон пайваста пуштибонӣ менамояд».
Маҳз ҳамин нуктаҳо аст, ки 19 майи соли 2026 Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ қадрдонӣ намуд.
Қабл аз ин (21 декабри соли 2025, шаҳри Санкт-Петербург) барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Пешвои маҳбуби миллат Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон такрор ба такрор эълон доштааст, ки тарафдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокирот ва муколамаи дипломатӣ мебошад. Ин мавқеъгирии сулҳомез кишвари моро дар пешоҳанги ҳалли буҳронҳои сиёсӣ қарор дод ва пазируфта шудани иқдоми навбатии Тоҷикистон - «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳи возеҳи баланд гардидани обрӯ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Амалӣ гардидани ҳадафҳои Даҳсола ба густариши сулҳ, муколама ва оштӣ дар ҷаҳон, инчунин ҳамкорӣ байни наслҳо мусоидат хоҳад кард. Инчунин, интизор меравад, ки дар давоми даҳ соли оянда фарҳанги сулҳ дар сайёра тақвият ёфта, ба ин васила низоъҳо пешгирӣ карда шаванд. Дар натиҷа ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбад, ояндаи беҳтар ва бехатар барои наслҳо таъмин мегардад.
Дар ин ҷода Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар имкон дорад, ки дар пешбурди муколама ва ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми фаъол дошта бошад.
Хуршед САЛОМЗОДА,
муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо