29.11.2025
Тайи чанд солест, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар давоми ин солҳо тадқиқот ва таҷрибаҳо нишон доданд, ки сол то сол сафи хоҳишмандони ширкат дар ин озмун иштирок мекарда меафзояд, чунки доираи синнусолии иштирок дар он васеъ гардонида шудааст ва намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа имконияти дар он иштирок намудан пайдо кардаанд. Аз ҷониби одимони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамарӯза пайваста бо истифода аз методҳои илмии таҳқиқ ба монанди мушоҳида, таҳлил, саволу ҷавоб ва ғайра, раванди баргузории онро мавриди омӯзиш қарор дода истодааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ иштирокчии соли аввали озмун дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Холзода Меҳриддин Равшан – сардори Раёсати байналмилалии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои педагогӣ дар раванди таҳқиқот ба пурсишҳо ҷавоб гардонида, таассуроти худро оид ба он изҳор дошт.
- Чӣ омилхо сабаб шуд, ки Шумо барои иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намудед?
Барои иштирок дар озмун сабаби асосӣ омӯзгори забони англисӣ будан ва шиносоӣ доштан бо адабиёти хориҷӣ, шавқу завқи шинос шудан бо фарҳангу маданияти ҷаҳониён мебошад. Омили дигар ин шукргузорӣ ва дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Инчунин, омӯхтани адабиёти ҷаҳон дар доираи фаррох мебошад.
- Ҷиҳати расидан ба мақсад барои иштирок дар озмун барои Шумо чӣ душвориҳо пеш омаданд?
Дар давраи омодагӣ ба озмун душвориҳо низ буданд, ба монанди омодагӣ ба ҳимояи диссертатсияи номзадӣ, дар баробари таълиму тарбия ва омӯзиши илм фурсат ёфтан барои хондани асарҳои бадеӣ.
- Душвориҳои пешомадаро чи гуна бартараф намудед?
Дар муддати рухсатии меҳнатӣ, як соат пеш аз кор ва ду-се соат пас аз кор вақт ҷудо намуда, китоб мехондам. Ҳамин тавр, малакаи як повестро дар ду рӯз хондан пайдо гардид. Гузашта аз ин, ба омехта нашудани фикрҳои фаъолияти корӣ, фарзандон ва сюжети асарҳо низ бояд таваҷҷуҳ намуд.
- Барои татбиқ намудани донишҳои гирифта дар ҳаёт дар оянда Шумо чӣ мақсадҳо доред?
Новобаста аз чӣ гуна ҷамъбаст гардидани озмун дар оянда маводи хондашуда ба шогирдон таълим дода мешавад. Инчунин, барои иштирок дар озмун донишҷӯёнро омода месозам. Дар раванди корҳои илмӣ бошад, фарҳангу маданияти миллати худро дар муқоиса бо адабиёти ҷаҳон мавриди тадқиқ қарор медиҳам.
- Пас аз мутолиаи асарҳо кадоме аз онҳо ба Шумо бештар писанд омад?
Бештар асарҳои адабиёти неоклассикӣ ва тахайюлӣ шавқовар буданд. Масалан, асари нависандаи колумбӣ Габриэл Гарсиа Маркес “Сад соли танҳоӣ” оид ба эътироф намудани қобилиятҳои фитрии инсон ва эҳтироми меҳнату заҳмати аҷдодон аст, ки ҷиҳатҳои қавии тарбиявӣ дорад.
Ҳамин тавр, озмоишҳое, ки аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд, нишон медиҳанд, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омили кушодани дарҳои дониш, васеъ шудани ҷаҳонбинии насли наврас ва ҷавон, муҳаррики фатҳ намудани қуллаҳои нави фарҳангу маданият дар ҷомеа гашта метавонад.
Дар ин самт рушди зеҳнии насли наврас ва ҷавон, мукаммал гардидани донишҳои шахсони синну соли болоӣ, ки дар шохаи илми педагогика – андрагогика тадқиқ намуда мешавад ва ҷанбаҳои гуногуни тадқиқ нагардидаи таълимию тарбиявӣ дар раванди баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маводи мукаммали илмиро мунтазиранд.
Шаҳлои Абдуализодаи Тоҳириён – номзади илмҳои филология,
ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳ.