14.11.2025

 img

Имрӯз, 14 ноябри соли 2025 дар Донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо роҳбарии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода таҳти унвони «Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва субот» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедра, бахш ва кормандону омӯзгорон иштирок намуданд.

 

Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо осмони софу беғубор, меҳру муҳаббат, пирӯзиву муваффақият ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу амонӣ таманно намуд.

 

Дар баромад зикр гардид, ки бузургтарину мондагортарин хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки он асосу дарунмояи рушду пешрафти кишварро таъмин намуд. Дар маҷмуъ, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба амал омаданд. Тоҷикистон соҳиби нишону парчам, асъори миллӣ гардида, артиши неруманди худро ташкил намуд. Яке аз фазилатҳои инсондӯстонаю волои Пешвои миллат ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон маҳсуб меёбад, ки маҳз бо иқдомҳои ватанпарвонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ҳазорон мактаб-интернатҳо вусъати тоза гирифт. Хидмати дигари барҷастаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани равобиту ҳамкориҳои дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки обрӯву нуфузи кишварро дар миқёси байналмилалӣ хеле баланд бардошт.

 

Баъдан аз ҷониби мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Донишкада н.и.с Ҷумахонова Манучеҳра, омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф Имомназар Холназаров ва корманди Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ Ташрипов Лутфулло доир ба самтҳои дигари ҳамоиш маърӯзаҳо ироа гардид.

 

Дар маърузаҳои худ иброз доштанд, ки бо мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ, рушди ҳамаи соҳаҳо, махсусан мактабу маориф ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардид, ки ҳамаи он аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Дар фарҷом бори дигар Наврӯз Мирзозода таъкид намуд, ки моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон барои ҳар як корманди Донишкада азиз ва муқаддас буда, фаъолияти рӯзмаъраи худро дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд.

  • ҲАМОИШ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • ҲАМОИШ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • ҲАМОИШ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.   Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ бо самимона истиқбол гирифтанд.   Маврид ба таъкид аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад.

    12

    18.11.2025
  •  img
    ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати гурӯҳи кории Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» вохӯрӣ баргузор намуданд.   Зимни вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз намуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот мунтазам кӯшиш менамояд. Яке аз иқдомоти судманд, ки ба пешрафти маориф мусоидат мекунад, татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад.   Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» соли гузашта нақшаи азхудкунии маблағҳо ва дигар нишондиҳандаҳои барномавӣ пурра иҷро гардида, «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот» таҳия ва тасдиқ шудааст.   Дар вохӯрӣ ҳамчунин қабули Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тибқи талаботи стратегия, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта, мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои заруриро дар самти арзёбӣ ва кафолати сифати таҳсилот омода намуданд. Қарор аст ин ҳуҷҷатҳо дар 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии кишвар озмоиш гарданд.   Дар фарҷом аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ баён гардида, омодагӣ барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    13

    17.11.2025
  •  img
    ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ ТАШКИЛОТИ АКАДЕМИИ BRIGHT Имрӯз, 17 ноябри соли 2025, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» вохӯрии директори Марказ Муҳамадҷон Ғафорзода бо роҳбари ташкилоти академии Bright, ҷаноби Довлет Кличнийязов, баргузор гардид.   Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, гуфтугӯ доир ба иштироки хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ташкил ва татбиқи барномаҳои омодасозии онҳо ба сабқатҳои сатҳи ҷаҳонӣ, табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва мутахассисон, ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, инчунин тавсеаи робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ сурат гирифт.   Директори Марказ Муҳамадҷон Ғафорзода дар суханронии худ аз ташрифи ҷаноби Кличнийязов изҳори хушнудӣ карда, онро қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои судманд миёни Марказ ва ширкати академии Bright арзёбӣ намуданд. Инчунин таъкид гардид, ки таҳкими чунин робитаҳо ба баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ва ғанӣ гардонидани таҷрибаи омӯзгорон мусоидат мекунад.   Ҷонибҳо зарурати татбиқи барномаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳо дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷиро барои такмили равандҳои таълимӣ таъкид намуданд.   Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

    35

    17.11.2025