05.04.2026
Дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Суғд дар се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа мавриди натиҷагирӣ қарор гирифта, самтҳои асосии рушд ва нишондиҳандаҳои муҳими соҳа таҳлилу баррасӣ шуданд.
Дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода, кормандони раёсат, роҳбарони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.
Сараввал сардори Раёсати маорифи вилоят ҳисоботи фаъолияти се моҳи аввали соли 2026-ро пешниҳод намуда, аз дастовардҳои назарраси соҳа ёдовар гардид. Қайд карда шуд, ки дар доираи ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд як қатор иншооти муҳими соҳаи маориф ба истифода дода шуданд, ки ин иқдомҳо далели таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегарданд.
Ҳамзамон, натиҷаҳои даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5–11 баррасӣ гардида, фаъолияти муассисаҳо дар самти дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат мавриди таҳлил қарор гирифт. Масъулин вазифадор карда шуданд, ки хонандагонро ба даври ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омода намоянд.
Зимнан, вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баррасӣ гардида, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Сипас, муовини раиси вилоят вобаста ба рафти корҳои сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, бартараф намудани муассисаҳои таълимии садамавӣ ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи замони муосир бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҳамчунин, масъалаҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсил, пешгирии аз таҳсил дур мондани онҳо ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
Дар идома, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияи Ашт ва шаҳри Панҷакент оид ба натиҷаҳои фаъолияти се моҳи соҳа гузориш доданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд бояд зери назорати ҷиддӣ қарор дошта бошад.
Масъулони соҳа вазифадор шуданд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии шомилшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, такмили сатҳи дониш ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ намоянд.