03.06.2025

Имрӯз, 3 июни соли 2025 дар шаҳри Парижи Фаронса ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) оғоз гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун аъзои Шурои директорони GPE иштирок намуда истодааст.
Дар рӯзи аввали ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирокчиён дар қисмати ифтитоҳӣ бештар ба мавзуъҳои калидии рушди таҳсилоти фарогир ва устувор диққат доданд. Аз ҷумла, дар баромадҳои худ иштирокичён масъалаҳои арзёбии натиҷаҳои татбиқи модели нави фаъолият (GPE-2025), пешниҳоди роҳҳои содасозии равандҳои ҳамкорӣ, баррасии механизмҳои маблағгузории муосир ва самаранок, густариши дастрасии духтарон ба таҳсилот дар доираи татбиқи стратегияи баробарии гендерӣ, инчунин роҳҳои тақвияти ҳамкории кишварҳои шарик ва баланд бардоштани нақши онҳо дар қабули қарорҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён ба зарурати ҳамоҳангии бештари стратегӣ ва тақвияти кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи маориф таъкид карданд.
Дар баробари дигар иштирокичён вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчун аъзои Шурои директорон вобаста ба таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба соҳаи илму маориф дар замони муосир суханронӣ намуда, қайд дошт, ки соҳаи илму маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлатро ташкил медиҳад.
Дар суханронии худ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар иртибот бо Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда, омода аст, ки ҳамкориҳои худро дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолият бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшад.
Дар интиҳои суханронӣ, вазир ба ҳамкориҳои муваффақонаи байни Вазорати маориф ва илм ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ишора намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ барои таҳкими низоми маорифи Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Ҷаласаи Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф то 5 июн идома ёфта, барои баррасии масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон