31.01.2026
31 январи соли 2026 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи назоратии сайёри вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории ҷаласаҳои сайёр ҷиҳати таҳлили амиқи вазъи соҳа дар маҳалҳо, муайян намудани мушкилот ва андешидани тадбирҳои мушаххаси ислоҳотӣ аҳаммияти муҳим дорад. Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ таъкид намуд, ки тамоми дастовардҳои соҳаи маориф, аз ҷумла, дар вилояти Суғд, самараи таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф мебошад. Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат дар кишвар, аз ҷумла, дар вилояти Суғд, бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, шароити муосири таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Таъсиси муассисаҳои нави таълимӣ, таҷҳизонидани синфхонаҳо бо технологияи замонавӣ, тақвияти пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳҳо, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири таълим далели равшани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Дар натиҷаи ин сиёсати хирадмандона имрӯз дар вилояти Суғд тамоми зинаҳои таҳсилот, аз томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ, ба рушди устувор нигаронида шуда, заминаи боэътимод барои тарбияи насли соҳибмаърифат, рақобатпазир ва ватандӯст фароҳам омадааст.
Дар идома, тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Г. Мирзозода оид ба вазъи соҳаи маорифи вилоят дар соли 2025 шунида шуд. Дар ҳисботи худ сардори раёсати маорифи вилояти Суғд натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилоят дар соли 2025-ро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таҳсилот, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, рушди инфрасохтори соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Пас аз анҷоми ҳисобот, вазири маориф ва илм ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти назорат ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони ҳамаи зинаҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, ба як қатор омӯзгорон ва кормандони техникӣ туҳфаҳои вазири маориф ва илм тақдим гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм иброз дошт, ки татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм аз фаъолияти ҳамоҳанг, масъулиятнок ва ташаббускоронаи тамоми кормандони соҳа вобаста мебошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон