28.10.2025
28 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа доир ба мақом ва аҳаммияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар низоми маорифи кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки ин самт яке аз унсурҳои муҳимми раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, нақши муассир дар рушди ҳамаҷонибаи шахсияти хонандагон, ташаккули малака, боло бурдани сатҳи эҷодкорӣ ва тавонмандии зеҳнии насли наврас дорад.
Гуфта шуд, ки тавассути рушди таҳсилоти иловагӣ метавон муҳити мусоид барои дарёфт ва парвариши истеъдодҳои ҷавон, инчунин таъмини баробарии имкониятҳо дар соҳаи маориф фароҳам овард.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Файзобод ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ, аз ҷумла, дастовардҳои эҷодӣ, ташкили озмунҳои фаннӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва дигар ташаббусҳои маърифатӣ маълумот доданд.
Зимни муҳокима масъалаҳои вобаста ба тақвияти пойгоҳи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳо ва фаъолияти эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини вазир дар идома таъкид дошт, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд дар доираи барномаҳои давлатӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шавад ва масъулин ба натиҷагирии воқеии таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи қобилиятҳои зеҳнии кӯдакон ва наврасон шароити мусоид фароҳам оваранд.
Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин даъват шуд, то камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар муҳлати кӯтоҳ бартараф карда шуда, фаъолияти минбаъдаи муассисаҳо дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ ба роҳ монда шавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон