30.10.2026

 img

30 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Дар оғози ҷаласа вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 29 октябри соли 2026 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, ҷалб намуда, таъкид кард, ки татбиқи саривақтӣ ва босифати онҳо аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баландро тақозо менамояд. Аз ҷумла, зарурати саҳмгузорӣ дар таъмини захираи кофии маводи сӯхт барои давраи зимистон, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда, риояи талаботи сарфаю сариштакорӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 40-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид гардид.

 

Вазири маориф ва илм таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамеша таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, рушди он яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодаанд.

 

Дар идомаи ҷаласа нахуст масъалаи вазъи қабул дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Доир ба масъалаи мазкур сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода гузориш пешниҳод намуда, оид ба раванди қабул, иҷрои нақшаи қабул, самтҳои афзалиятнок ва масъалаҳои марбут ба омода намудани кадрҳои илмӣ маълумот дод. Зимни баррасӣ зарурати тақвияти фаъолият дар самти ҷалби довталабон, таъмини сифати таҳсил ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ таъкид гардид.

 

Сипас, натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини вазири маориф ва илм И. Иброҳимзода вобаста ба раванди қабул ва натиҷаҳои он гузориш пешниҳод намуд. Дар ин замина масъалаҳои вобаста ба татбиқи квота, натиҷаҳои қабули довталабон ва иҷрои нақшаи пешбинишуда баррасӣ гардида, зарурати таъмини шаффофият ва назорати раванди мазкур таъкид карда шуд.

 

Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои иловагии рӯзнома, аз ҷумла, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мусобиқаи ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон», лоиҳаи барнома ва нақшаҳои таълимии тавсиявӣ барои маҳфилҳои фаннии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Умари Хайём (KHIMIO), инчунин, масъалаҳои марбут ба китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои баррасишуда миёни иштирокчиён муҳокима гардида, пешниҳод ва мулоҳизаҳои онҳо шунида шуданд. Аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Вазири маориф ва илм дар ҷамъбасти ҷаласа ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, такмили фаъолияти сохторҳои дахлдор ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанбе (Radisson Collection Dushanbe) 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Меҳмонхонаи муосиру бошукуҳи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд.   Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори Редиссон Коллекшн Душанбе 11 июли соли 2019 дар Қасри миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ гардида буд.   4 сентябри соли 2019 бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 21-ошёна санги асос гузоштанд.   Маблағгузорӣ барои бунёди иншооти замонавию бузург аз ҳисоби даромади ширкати Себистон-2018, ки роҳбариашро соҳибкори муваффақи ватанӣ Саид Холов ба уҳда дорад, амалӣ гардидааст.   Дар шафати бинои меҳмонхонаи панҷситорадори 21-ошёна, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари дорои апартаментҳои резиденсӣ ва дафтарҳои корӣ бунёд шудааст.   Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умуми бинои меҳмонхона 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 206 ҳуҷра, аз ҷумла 50 ҳуҷраи категорияи люкс барои 150 нафар, 23 суперёр, 78 стандартӣ, 2 ҳуҷра барои шахсони имконияташон маҳдуд ва 3 апартаменти президентӣ иборат аст. Ҳуҷраҳои президентӣ бо истифода аз санъати миллии кандакории тоҷикӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оро ёфтааст. Дар маҷмуъ меҳмонхона наздики 260 ҷойи хоб дорад.   Дар меҳмонхона зиёда аз 400 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст. Бо назардошти марказҳои савдову тиҷорат, ки дар 4 ошёнаи поёнии бино ҷойгиранд, дар таҳхона ва се ошёнаи боло дар маҷмаа дар умум 1500 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар вақти сохтмони иншоот 500 коргар муваққатан ба кор ҷалб гардид.   Дар се табақаи поёнии иншоот таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва дар саҳни ҳавлӣ таваққуфгоҳи рӯизаминӣ барои мошинҳо пешбинӣ шудааст, ки имконияти ҷойгиркунии беш аз 350 воситаи нақлиётро доро мебошанд.   Дар ошёнаҳои 1 ва 21 тарабхонаҳо барои 420 меҳмон омодаи хизмат аст.   Дар меҳмонхона хизматрасонии СПА (SPA) занона ва мардона дар алоҳидагӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, ҳамомҳо, кошонаи ҳусн, тарабхонаҳо, фитнес ва ғайра пешкаш мегардад.   Дар ошёнаҳои махсуси маҷмаа осорхона, гӯшаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ ҷой дода шудааст.   Меҳмонхона барои баргузории конфронсҳои сатҳи баланд, форумҳо, вохӯриҳои тиҷоратӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ имкониятҳои зарурӣ дорад.   Ҳамаи хизматрасониҳо тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалии Редиссон коллекшн (Radisson Collection) ташкил карда шуда, бо ин бренди байналмилалӣ ба сайёҳону тоҷирони хориҷӣ хизмат расонда мешавад. Вобаста ба ин ба кормандони маҳаллие, ки ба кор ҷалб шудаанд, барои роҳандозии хизматрасонии сатҳи баланд, курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши касбӣ, таҷрибаомӯзӣ ва аз худ кардани меъёрҳои байналмилалии хизматрасонӣ ташкил карда шуд.   Дар ҷараёни бунёди иншоот дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири муаррифии ҳар чи бештари фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷикон коргарон ба сифати корҳо, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, ба истифодаи нақшу нигори мардумӣ, санъати наққошию кандакорӣ, гачкорӣ, рангубор ва масолеҳи сохтмонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.   Бо завқу салиқаи баланд оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст.   Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намудааст. Хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати меҳмонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Иншооти мазкур дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ сохта шудааст. Сохтмони маҷмааи мазкур идомаи корҳои ободониву созандагӣ мебошад ва бунёди он бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар хиёбони марказӣ бо намои зебову муосир, ба ҳусни пойтахт зебогии дигар зам кардааст.   Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастурҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тайи солҳои охир симои пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он ба ифтихори ҷашну идҳои миллию давлатӣ, аз қабили 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маҷмааи меҳмонхонаи наву замонавии Редиссон Коллекшон Душанбе ба соҳибкори ватандӯст роҳбари ширкатии ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Себистон-2018 Саид Холов барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, масъулони меҳмонхонаро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, суннатҳои баланди меҳмондории тоҷикон ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.   Мавриди зикри хос аст, ки танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар пойтахт зиёда аз 2500 ҷойи кори доимӣ ташкил карда шуд.   Ҳамчунин дар 7 корхонае, ки имрӯз сохтмонашон бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, дар зарфи яку ним сол боз 3000 ҷои кории дигар муҳайё  мешавад.

    19

    30.10.2026
  •  img
    Ифтитоҳи Маркази аутизм ва оғози сохтмони Маркази трансплантология дар Душанбе 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд ва бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба сохтмони он оғоз бахшиданд.   Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони спектри аутизм бунёд гардидааст.   Муассиса барои дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони дорои вайроншавии спектри аутистикӣ, синдром Дауна, фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, ақибмонии инкишофи нутқу равонӣ, нишонаҳои норасоии диққат ва гипперактивӣ, ҳамчунин оилаҳои онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нави хизматрасонии махсус ва мусоидат ба рушди қобилиятҳои инфиродии кӯдакон пешбинӣ шудааст.   Самтҳои асосии фаъолияти тавонбахшӣ дар марказ рушди малакаҳои ҷисмонӣ, муошират ва нутқ, амал ва рафтор, ҳаракатҳои хурду калон, рушди равонӣ, таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии тарбиятгирандагонро дар бар мегиранд.   Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав аз се бинои панҷ, шаш ва ҳафтошёна иборат буда, бахшҳои тавонбахшӣ, таълимӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад. Маҷмаа бо назардошти талаботи фаъолияти муассисаҳои махсус бунёд гардида, барои ташкили хизматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад.   Марказ имкони дар як вақт қабул намудани то 400 табобатгирандаро дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 200 мутахассиси ин соҳа бо кор таъмин мегарданд, ки ин иқдом дар баробари рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат менамояд.   Дар марказ ҳафт шуъбаи соҳавӣ фаъолият намуда, самтҳои ташхис, дахолати бармаҳал ва дастгирии оила, тавонбахшӣ, қабули рӯзона, кор бо наврасон, инчунин, омӯзиш ва машваратдиҳии волидонро фаро мегирад. Чунин сохтори фаъолият имкон медиҳад, ки ба ҳар як кӯдак вобаста ба хусусиятҳои инкишоф ва ниёзҳои фардиаш хизматрасонии мувофиқ пешниҳод шавад. Ҳамчунин, волидон метавонанд аз машварату роҳнамоии мутахассисон баҳра гирифта, барои дастгирии фарзандонашон донишу малакаи зарурӣ пайдо намоянд.   Муассиса дорои 10 синфхонаи таълимӣ, 102 ҳуҷраи корӣ ва маъмурӣ, 40 ҳуҷраи техникӣ ва ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, дар он ду толори маҷлисӣ бо 90 ва 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра барои қабули волидони кӯдакони табобатгиранда, ошхона барои 50 нафар ва ду ҳавзи шиноварӣ ҷойгир шудааст.   Дар саҳни муассиса суҳбаткадаҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд шудаанд, ки барои истироҳат, фароғат ва ташкили машғулиятҳои беруназсинфии онҳо пешбинӣ шудаанд.   Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо имконияти муосир аз ҷумлаи муассисаҳои махсуси соҳа ба ҳисоб рафта, барои беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои зарурӣ ва дастгирии оилаҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.   Пас аз шиносоӣ бо муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро идомаи мантиқии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар пойтахти кишвар арзёбӣ намуданд.   Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология дар кӯчаи Неъмат  Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он оғоз бахшиданд.   Тавре иттилоъ дода шуд, марказ бо назардошти талаботи муосири соҳаи тиб тарҳрезӣ гардида, барои ташхису табобати беморон, гузаронидани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ва пайванди узвҳою бофтаҳо, нигоҳубини беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо пешбинӣ шудааст.   Тибқи лоиҳа, бинои марказ аз 15 ошёна иборат буда, дар қисми болоии он майдончаи махсус барои нишасту парвози чархбол пешбинӣ гардидааст.   Дар маҷмӯъ, дар бино 377 ҳуҷраи функсионалӣ ҷойгир карда мешавад, ки барои ташхису табобат, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, корҳои озмоишӣ, нигоҳубини беморон, фаъолияти маъмурӣ ва хизматрасониҳои дигар истифода хоҳанд шуд. Ҷойгиркунии бахшу шуъбаҳо дар ошёнаҳои алоҳида бо назардошти таъиноти онҳо ва таъмини робитаи байниҳамдигарии қисматҳои гуногуни муассиса ба нақша гирифта шудааст.   Дар марказ 19 бахши асосии функсионалӣ пешбинӣ гардида, дар он озмоишгоҳҳои махсус, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва нигоҳубини интенсивӣ, маъмурият, кафедра, инчунин, бахши ҷарроҳиҳои инноватсионӣ ва омехта ҷойгир карда мешаванд.   Бунёди чунин маҷмааи бисёрсамтаи тиббӣ барои муттаҳид намудани имконияти ташхис, табобат, ҷарроҳӣ, нигоҳубини интенсивӣ ва назорати ҳолати беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ дар як муассиса шароити мусоид фароҳам меорад. Ин иқдом ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии беморон ба хизматрасониҳои мураккаби тиббӣ равона шудааст.   Мувофиқи нақша, корҳои сохтмонии Маркази трансплантология дар давоми ду сол ба анҷом расонида мешавад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшаванда ва таъмини сифати корҳо дастуру тавсияҳо доданд.   Ифтитоҳи Маркази аутизми шаҳри Душанбе ва оғози сохтмони Маркази трансплантология бозгӯи идомаи тадбирҳо дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва тиббии кишвар арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки амалӣ гардидани ин иқдомҳо барои беҳтар намудани шароити ташхису табобат, тавонбахшии кӯдакони дорои ниёзҳои махсус ва хизматрасонии муосири тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ҳамчунин, дар Маркази аутизми шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барномаи электронии Е-тиб муаррифӣ карда шуд, ки ба рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ, худкорсозии равандҳои корӣ ва баланд бардоштани сифату самаранокии хизмат ба шаҳрвандон равона гардидааст.   Барномаи мазкур имкониятҳои корти электронии бемор, дорухатти электронӣ, навбати электронӣ ва сабти фосилавӣ барои қабули табибонро фароҳам меорад. Татбиқи он ба сарфаи вақт, такмили фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои босифат мусоидат менамояд.

    21

    30.10.2026
  •  img
    Ифтитоҳи корхонаи Разес Фарма дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Разес Фарма дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахтро мавриди истифода қарор доданд.   Ифтитоҳи корхона дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, саноатикунонии босуръати кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими амнияти дорувории кишвар, иқдоми муҳим ба шумор меравад.   Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкониятҳои истеҳсолӣ, технологияҳои истифодашаванда, навъҳои маҳсулот ва дурнамои рушди минбаъдаи он маълумоти муфассал пешниҳод гардид.   Тавре иттилоъ дода шуд, ин ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон буда, соли 2022 таъсис ёфтааст ва татбиқи лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Разес Фарма моҳи майи соли 2024 оғоз гардидааст.   Дар марҳилаи аввал чор хат ба кор даромада, истеҳсоли 100 номгӯйи доруворӣ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхона ба 1 миллиарду 400 миллион қурс, 300 миллион ғилофак, 21 миллион воҳиди доруҳои моеъ барои истифодаи берунӣ ва 13 миллион воҳиди малҳам, крем ва гел баробар мебошад.   Тибқи нақша, дар оянда, номгӯйи маҳсулоти корхона то ба 250 намуд расонида мешавад.   Дар рафти боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба истифодаи таҷҳизоти муосир, низомҳои рақамии идоракунӣ ва фаъолияти озмоишгоҳи махсуси назорати сифат иттилоъ дода шуд. Корхона бо риояи таҷрибаи хуби истеҳсолӣ фаъолият намуда, назорати сифати ашёи хом ва маҳсулот дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот таъмин карда мешавад.   Техникаву таҷҳизот ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ дар корхонаи мазкур аз кишварҳои ИМА, Италия, Олмон ва Ҷопон дастрас гардидааст.   Истифодаи технологияҳои пешрафта, раванди худкори истеҳсол ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ барои истеҳсоли дорувории босифату бехатар, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Бо расидан ба иқтидори пурраи марҳилаи якуми лоиҳа дар корхона беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Ин иқдом, на танҳо ба рушди саноати дорусозӣ, балки ба омодасозии кадрҳои баландихтисос ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ мусоидат хоҳад кард.   Ҳамчунин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа муаррифӣ карда шуд.   Гуфта шуд, ки татбиқи пурраи лоиҳа барои коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз воридоти доруворӣ, васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар имконияти бештар фароҳам меорад.   Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа муаррифӣ гардид. Тибқи он, дар масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ коргоҳи нави истеҳсолӣ бо сармоягузории зиёда аз 150 миллион сомонӣ бунёд гардида, 150 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Дар ин корхона 100 намуди доруҳои моеъ дар ампулаҳо ва зарфҳои калони пластикӣ дар ҳаҷми солонаи 125 миллион дона тавлид мегардад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини сифат ва бехатарии доруворӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва татбиқи саривақтии марҳилаи дуюми лоиҳа дастуру тавсияҳо доданд.

    15

    30.10.2026