13.02.2025

 img

13-14 феврал ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони «То тавонӣ дӯстонро гум макун» дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илм, масъулони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, маориф, фарҳанг, зиёиён ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Иштирокдорон ва намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди минтақа, хусусан бо давлатҳои ҳамҷавор ба таври мушаххас иброз намуданд.

Тавре маълум аст, миллати тоҷик дар дарозои таърих ҳамеша фарзандони фарзонае тарбия намудааст, ки онҳо барои миллати хеш ва дигар халқият хизматҳои шоён анҷом додаанд.

«Яке аз барҷастатарини онҳо, ки барои шаклгирии давлати навини тоҷикон саҳми бузург гузоштааст, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи Устод Айниро арҷ гузошта, номи ӯро на танҳо дар дохили мамлакат, балки фаротар аз марзҳои он гиромӣ медорад ва ёдашро ҷовидонӣ месозад», — тазаккур доданд иштирокчиён.

Ҳамчунин дар доираи ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон барои боз ҳам ғанӣ гардонидани фонд ва ороиши экспозитсияи толорҳои хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба он китобҳо, аксҳо, маводи осорхонавӣ вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти Устод тақдим намуд.

khovar.tj

  • ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН» ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД ИШТИРОК НАМУД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ЗИКРИ НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲО ДАР ПАЙВАСТАГӢ БО ШОҲАНШОҲ ҶАМШЕД Дар натиҷаи тадқиқоти зиёди илмӣ собит шудааст, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ба шумор меравад. Пайдоиши он аслан ба олами коиноту табиат сахт алоқамандӣ дорад. Тавре аз хулосаҳои олимони риштаи табиатшиносӣ, ба хусус ситорашиносон бармеояд дар давоми сол Офтоб дар байни ситораҳо аз тарафи ғарб ба шарқ аз рӯи даври калон ботадриҷ ҳаракат мекунад. Ҳамин роҳи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтобро дар илми нуҷум эклиптика меноманд.   Эклиптика аз болои 12 бурҷ Ҳут, Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ ва Давл, ки он минтақаи бурҷҳо номида мешавад, мегузарад. Офтоб дар давоми сол аз қисми ҷанубии кураи осмон ба қисми шимолии он ҳаракат карда, экватори дунёро 21 март дар нуқтаи эътидоли (баробаршавии шабонарӯзии) баҳорӣ ва дар мавриди аз қисми шимолӣ ба ҷануб ҷой иваз карданаш ҳамон экваторро 21-22 сентябр дар нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ бурида мегузарад. Яъне, дар давоми сол ду маротиба шабу рӯз баробар мешавад. Дар ҳамин ду маврид, яъне эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ, ниёгони мо ду ҷашн – Наврӯз ва Меҳргонро офариданд. Инчунин, дар давоми сол Офтоб ду маротиба ҷойивазкунии калонтаринро аз сар мегузаронад, ки яке ба 22 июн ва дигаре ба 22 декабр рост меояд. Ҷашнҳои Тиргон ва Сада ба ин ду ҳолати табиат алоқамандӣ доранд.   Ниёгони мо ҳанӯз шаш ҳазор сол қабл замоне, ки ҳеҷ як дастгоҳҳои ченкунию мушоҳидакунӣ вуҷуд надошт, чунин ҳодисаҳои табиатро дар асоси таҷриба ва мушоҳидаҳо дарёфтанд ва ба ин муносибат ҷашнҳо оростанд. Ба назари мо воқеан ин амалкард ва чунин дарёфт нишонаи хиради воло ва соҳибтафаккур будани гузаштагони моро возеҳ нишон медиҳад.   Тавре, донишманди асримиёнагӣ Абӯсаиди Гардезӣ дар асари хеш «Зайн-ул-ахбор» менависад: «Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро, ки сари сол бошад ва шаб бо рӯз баробар шавад ва он сояҳое аз деворҳо бигзарад ва офтоб аз равзанаҳо уфтад».   Чун халқи мо, ки аз азал дар замиру сиришташ фарҳангпарварию зебоипарастӣ таҷаллӣ мекард, дар марҳилаҳои баъдии таърих ба чунин ҷашнҳо ҳар навъ анъанаҳое эҷод кардаю ба он қабои нав пӯшониданд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ин ҷашнҳо, ба хусус Наврӯз ба як маҷмӯаи бузурги донишҳо табдил ёфт. Дар баробари ин ҳаргуна ривоёту қиссаҳо дар давраҳои мухталифи таърихӣ аз забонҳои гузаштагону ровиён қисса мекарданду менавиштанд ва ин тарзи муносибат аз як ҷиҳат сабаби гуногунрангии андешаҳо дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз гардид. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, албатта ривояту ахбори зиёде доир ба пайдоиши ин ҷашни бостонии мо оварда шудааст, ки омӯзиш ва донистани он аз манфиат холӣ нест.   Доир ба бунёдгузори ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳо фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Агар маълумотҳое, ки дар маъхазҳои асримиёнагӣ оварда шударо пайгирӣ намоем, бештар ҳамчун асосгузори Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед ишора мешавад. Аммо дар баробари ин дигар шахсиятҳо, аз ҷумла номи Каёмард (Каюмарс) низ дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ба назар мерасад.   Ба ин маънӣ донишманди намоёни тоҷик Умари Хайём дар асари хеш «Наврӯзнома» бунёди Наврӯзро ба Каёмард дониста, менависад: «…чун Гаюмарт (Каёмард) аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардум онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввалдақиқаи ҳамал омад мӯъбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд…мӯъбадон чунон карданд, пас Гаюмарт ин рӯзро оғози таърих кард».   Дар «Осор-ул-боқия»-и худ мутафаккири тоҷик Абурайҳон Берунӣ агарчӣ ин ҷашнро ба замони шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат медиҳад, аммо ҷое боз таъкид мекунад, ки то Ҷамшед ин ҷашн вуҷуд дошт. Тавре дар ин сарчашмаи таърихӣ мехонем: «…ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт. Пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».   Аммо дар мавриди нисбат додан ба шоҳ Ҷамшед маълумотҳо бештаранд. Азбаски ин маълумотҳо зиёдтаранд месазад атрофи Ҷамшед ва замони подшоҳии ӯ нигоҳи фишурдае дошта бошем.   Исми Ҷамшед дар Авесто Йима писари Виваҳванта, дар паҳлавӣ Йимак ё Ҷамак писари Вивангаҳон ва дар санскрит Йама писари Вивасвант зикр шудааст. Яъне, Ҷамшед яке аз бузургтарин ориёиҳо буда, дар нахустин давлати ориёӣ ҳамчун барҷастатарин подшоҳи давлати Пешдодиён ҳукумат кардааст.   Наврӯз, ки аслаш сохтани худ ва таъмини саодати башарист ба Ҷамшед нисбат додан ба гумони ғолиб ба воқеият наздикӣ дорад. Ҳидояти Ҷамшед мардумро ба хушбахтию адолат ва бунёди Наврӯз дар асари «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ба таври зайл омадааст: «Ва дуо кард, (Ҷамшед дар назар аст. И.А.) то Худой, аззу ҷалл, гармову сармо ва бемориву марг аз мардумон баргирад. Худой, аззу ҷалл, аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард ва ин офатҳо аз мардумон бардошт. Ва сесад сол ҳам бар ин ҷумла буд. Ва чун ин дуои ӯ мустаҷоб шуд, шукри ӯро ҷашни Наврӯз сохт...». Ҳамин аст, ки номи Ҷамшед дар китоби “Авесто” бештар ба некӣ зикр мешавад. Аз он, ки барои мардум зиндагии муфидро сохт дар ин сарчашмаи таърихӣ атрофи он чунин гуфта мешавад: «Ҷамшед, он ки ба шаҳриёрии хеш ҷонварону мардумонро бемарг ва обҳову гиёҳонро нахушкиданӣ ва хӯрокҳоро накостанӣ кард».   Замони подшоҳии Ҷамшедро бештари муаррихон ба миёнаи ҳазораи IV то мелод медонанд. Бо назардошти ин, тавре дар ибтидо низ зикр кардем, ҷашни Наврӯзи мо таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад.   Ҳаким Умари Хайём дар идомаи қиссаҳои хеш вобаста ба пайдоиши Наврӯз ҷои дигар чунин менависад: «Чун Гаюмарт пас аз ҳазор соли подшоҳӣ аз дунё бирафт, Ҳушанг ба ҷойи ӯ нишаст ва нуҳсаду ҳафтод сол подшоҳӣ кард…ва пас аз ӯ Таҳмурас биншаст ва сӣ сол подшоҳӣ кард. Ва пас ӯ подшоҳӣ ба бародараш Ҷамшед расид ва аз ин таърих ҳазору чиҳил сол гузашт, ин давр тамом шуда буд ва Офтоб ба фарвардини хеш ба аввали ҳамал омад ва ҷаҳон бар вай рост гашт… Пас дар ин рӯзе, ки ёд кардем ҷашн сохт ва Наврӯзаш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун фарвардин нав шавад, он рӯз ҷашн кунанд…».   Донишманди асримиёнагии тоҷику форс Ибни Балхӣ дар «Форснома»-и хеш ҳамин андешаро ҷонибдорӣ намуда, қайд мекунад: «...Ҷамшед дар хутбаи худ Худоро ситоиш карда, чунин фармуд: «Худованд баҳои мо тамом гардонид ва таъйид арзонӣ дошт ва дар муқобалаи ин неъматҳо бар хештан воҷиб гардонидем, ки риояи адл ва некӯӣ фармоем». Чун ин суханон бигуфт ҳамагон ӯро дуъои хайр гуфтанд ва шодиҳо карданд ва он рӯзро ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва аз он сол боз Наврӯз ойин шуд».   Муаррихи намоёни аҳди Сомониён Ҷарири Табарӣ дар «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» вобасата ба масъалаи мазкур чунин навиштааст: «Ҷамшед бифармуд, то чархе аз обгина барои ӯ бисозанд ва шаётинро дар он ҷой дод ва бар он нишаст ва дар ҳаво аз шаҳри хеш аз Данбованд (Дамованд) то Бобул ба як рӯз рафт ва он рӯз ҳурмузрӯзи фарвардинмоҳ буд ва мардум аз ин шигифтӣ, ки диданд Наврӯз гирифтанд. Ва бигуфт, то ин рӯз ва панҷ рӯзи дунболи онро ид гиранд ва шодӣ ва хушӣ кунанд ва ба рӯзи шашум, ки мурдодрӯз буд, зимни мактубе ба мардум хабар дод, ки чун Худованд равиши вайро дар подшоҳӣ писандида, подоши вай ин шуда, ки мардум аз гармо ва сармо ва беморӣ ва пирӣ ва ҳасад барканор шудаанд ва мардум аз паси сесаду шонздаҳ сол, ки аз подшоҳии вай гузашта буд ба сар карданд, ки аз ин балиёт ба дур буданд…Гӯяд, ҳама маликии Ҷам аз оғози шоҳӣ то вақте, ки кушта шуд, ҳафсаду нуздаҳ сол буд».   Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ низ бунёдгузори ҷашни Наврӯз будани шоҳ Ҷамшедро ҷонибдорӣ мекунад. Инро мо дар намунаи зер мушоҳида карда метавонем: Сари соли нав ҳурмузи фарвадин, Баросуда аз ранҷ тан зи кин. Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро наврӯз хонданд. Бузургон ба шодӣ биёростанд, Майю ҷому ромишгарон хостанд. Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор, Бимондаст аз он хусравон ёдгор.   Дар «Фарҳанги Деҳхудо» ҳам зикр мешавад: «Ҷамшед, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, фармуд, тахти гавҳарнишине ба ҷои баланде рӯ ба ҷониби Ховар гузоранд. Ва худ тоҷи гавҳарнишине бар сар ниҳода, бар он тахт бинишаст. Ҳамин ки офтоб рух намуд ва партаваш бар он тоҷу тахт афтод, фурӯғе дар ниҳояти рӯшноӣ падид омад, мардумон аз он шод шуданду гуфтанд: “Ин рӯзи нав аст!” Ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро “шед” мегӯянд, ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он ин расм (Наврӯз) пайдо шуд».   Истилоҳи “Ҷам” дар «Авесто» чанд сифат дорад: яке хшаета (дар форсӣ шед) ба маънии шоҳвор ё дурахшон, рӯшноӣ ва дигаре ҳваредареса ба маънии некдидор ва дигар ҳватра, ки дар паҳлавӣ ҳварамак ва дар форсӣ хубрама шудааст. Ба ҳар сурат маънии мусбиро медиҳад, ки дар маҷмӯъ аз сиёсати созандаи вай гувоҳӣ медиҳад.   Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ яке аз дигар олимони асримиёнагӣ доир ба ободониҳои анҷомдодаи Ҷамшед ва таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби ӯ маълумотҳои аҷибе манзури хонанда мегардонад. Гуфтаҳои ӯро донишманди рус К.А. Инострантсев бо такя ба асари «Китоб-ал-маҳосин ул-адад» (муаллифаш номаълум) чунин нишон медиҳад: «Кисравӣ мегӯяд: Якум шахсе, ки Наврӯзро ҷашн гирифт, дараҷаҳои мулкҳои тобеъро муайян намуд, рамзҳои ҳокимияти давлатиро муайян кард, ба истихроҷи тиллову нуқра ва дигар фулузот машғул шуд, аз оҳан олот сохт, аспро ром намуд, гавҳарро дарёфт намуд, сирри атриётро кашф намуд, низоми обёриро ба вуҷуд овард Ҷамшед, писари Виванҷон, яъне ҳимоятгари олам... ба шумор меравад».   Дарёфти бархе аз донишмандон, ки Наврӯзро анҷоми офариниш ва оғози зиндагии инсонӣ медоданд ба ин нигоштаҳо мувофиқ меояд. Бо ин далел, ки вақто ҳама шароит барои зиндагии инсонҳо муҳайё гардид, пасон бо нишот ба зиндагии инсонӣ (ба маънои томаш) шуруъ намуданд. Ин нишот дар мисоли бунёди Наврӯз ифода меёбад. Ва таҳлили маъноии истилоҳи Наврӯз низ ҳамин маъноро бори дигар собит мекунад.   Шоҳ Ҷамшед бо караму хулқи инсондӯстонаи хеш ба мардумон суханони хуб орзу кард ва хайроту ниёиш намуд. То имрӯз, ки чунин амалҳои зебо ба рукнҳои ҷашни Наврӯз табдил ёфтааст аз аҳди ӯ сарчашма мегиранд. Барои исботи ин андеша боз руҷуъ мекунем ба «Форснома»-и Ибни Балхӣ: «Ва Ҷамшед гуфт: Ба нияти оят, ки эзиди таоло шаъну баҳои мо тамом гардонид ва ёрӣ арзонӣ дошт ва дар муқобилаи ин неъматҳо бар хештан воҷиб гардонидем, ки бо мардум адл ва некӯӣ фармоем. Чун ин суханон бигуфт, ҳамагон ӯро дуои хайр гуфтанд ва шодиҳо карданд ва он рӯз ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва он сол Наврӯз расм шуд ва он рӯзи Ҳурмуз аз моҳи фарвардин буд ва дар он рӯз бисёр хайрот фармуд ва як ҳафта пай дар пай ба нишоту хуррамӣ машғул буданд ва баъд аз он як шабонарӯз дар ибодатгоҳ рафт ва яздонро парастиш ва шукр гузорид ва зорӣ намуд ва ҳоҷат хост, ки дар рӯзгори ӯ ҳама офат аз қаҳтӣ ва вабо ва бемориҳо ва ранҷҳо аз ҷаҳон бардорад».   Ба ҳамин маъно зиёд донишмандони дигар низ ишораҳо доранд, ки мо наметавонем дар ҳаҷми як мақола ҳамаи онҳоро ба риштаи таҳлил бикашем. Танҳо бардошт ин аст, ки бештари сарчашмаҳо ҳамчун бунёдгузори ин ҷашн Ҷамшедро медонанд. Ба ҳар сурат, ба гумони яқин чун Каёмард (дар Авесто Гайамаретан ва дар паҳлавӣ Гайумард, ба маънии «зиндаи миро» ё «ҷони нестипазир» ва дар форсӣ ба таҳриф Каюмарс ва дарвоқеъ «Гайумарт») нахуст инсон дониста мешуду ҳоло маърифати инсонӣ то он ҳадде набуд, ки чунин ҳикматҳои табиатро дарёбанду гиромӣ доранд ва ҷашн ороянд, намешавад бунёдгузори Наврӯз номид.   Дар илми таърихнигории мо зарур аст, ки ба аҳди Пешдодиёну Каёниён ва махсусан ба замони подшоҳии шоҳони пешдодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Замоне, ки Наврӯзи мо аслият дорад, пас месазад, ки атрофи корномаи шоҳони Пешдодию Каёнӣ, аз ҷумла шоҳ Ҷамшед тадқиқотҳои ҷиддӣ сурат бигиранд, ки ин амал аз ҳар нигоҳ ба суди миллат ва давлати миллии мост. Ишораҳое, ки дар сарчашмаҳои болозикр ва даҳҳо маъхазҳои дигар аз рӯзгори Ҷамшед ва аҳди ӯ, бозгӯикунандаи он аст, ки ҷадди мо ҳанӯз дар саргаҳи таърих ба андешаҳои дунявиятгароӣ бештар арҷ мегузоштем ва эътиқодотро барои шинохти худ ва дунё чун васила истифода мебурдем. Бунёди Наврӯз бо тамоми ҳикматҳояш собитгари ҳамин андешаҳои мост.   Имрӯз, ки дар фазои давлатдории миллӣ халқи тоҷик ҳаёт ба сар мебарад, зарур аст решаҳои аслии хешро бишносад. Ибтикороти пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ба ҳамин хотир аст. Аз ин рӯ, моро мебояд дар атрофи ин сиёсат муттаҳид шуда, ба наслҳои оянда ва ба ҷаҳониён бори дигар собит кунем, ки мо аз табори Хуршеду нур ҳастем ва дар бағал ба мисли Наврӯз ҷашнҳое дорем, ки ҳамбастагию ваҳдатро дар иртибот ба табиат таблиғ мекунанд.   Ибодуллозода А.И. – ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

    27

    19.03.2025
  •  img
    Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд.   Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.   Дар оғози иҷлосия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Аз ҷониби вакилон регламент тасдиқ, тартиби баргузории иҷлосия ва инъикоси ҷараёни кори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма муайян шуда, Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.   Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Идизода Файзалӣ интихоб карда шуд.    Пас аз ин Котиботи иҷлосия, Муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд.   Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, рақами 13 Мавсума Муинӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 -Хоруғ Гиёзода Азиз интихоб гардиданд.   Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, пеш аз ҳама вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфтанд.   Таъкид гардид, ки вакилон бояд тамоми кӯшишу талош ва донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки ба эътимоди мардуми кишвар сазовор бошанд.   Роҳбари давлат аз натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи 2 марти соли ҷорӣ дар фазои озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардид, изҳори қаноат намуданд.   Аз вакилон талаб карда шуд, ки барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона кӯшиш намоянд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба ҳайати нави парламент олимон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаву сохтмон ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд.   Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парламенти даъвати нав 18 нафар бонувон интихоб шуданд ва ин шумора аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд буда, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши қонунгузориро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, талаб карданд, ки фаъолияти парламенти Тоҷикистон дар ин самт боз ҳам тақвият дода шавад.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки мақоми қонунгузор ҳамкориро бо мақомоти дахлдор, хусусан, бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ вусъат бахшад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияту афзалияти қабули барномаву стратегияҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки барои иҷрои босифату саривақтии Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шаванд.   Пешвои миллат ба вакилони Маҷлиси намояндагон дастур доданд, ки ба рақамикунонии фаъолияти худ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Зикр гардид, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, аз ҷумла асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.   Аз ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба пешбурди масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, Сарвари давлат зарур донистанд, ки парламент дар ин самт саҳми босамари худро гузорад.   Густариши ҳамкории вакилони мардумӣ бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти иҷроия ва судӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, интихобкунандагон амри муҳим дониста шуд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват намуданд, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.   Зарурати иштироки фаъоли вакилон дар раванди омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии истиқлоли давлатӣ таъкид карда шуд.   Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз намуданд, ки вакилон вазифаи дар Конститутсия ва қонунҳо муайяншудаи худро бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон, рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи баланд ва босамар амалӣ мекунанд.

    30

    19.03.2025
  •  img
    Таъиноти кадрӣ 18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.   Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар дар ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм, Вазорати нақлиёт, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти иҷро, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва чанде аз муасссисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд. Аз ҷумла кадрҳое, ки ба синни нафақа расидаанд аз вазифа озод ва мутахассисони ҷавону варзида ба вазифаҳои раҳбарӣ таъин шуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла таваҷҷуҳи ҳозиронро ба масоили баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, ба талаботи замон мутобиқ ва самарабахш намудани тадқиқоти илмӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ миёни илму истеҳсолот, беҳтар намудани сифати корҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани зербино ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт ва дигар мавзӯъҳои ҳалталаб ҷалб намуда, ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъиншуда супоришҳои мушаххас доданд.   Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва содиқонаю софдилона бо қалби поку ниятҳои наку вазифаҳои хизматии худро иҷро намуда, ҳамзамон мудом дар тарбияи кадрҳои ҷавон ҳамаҷониба саҳмгузор бошанд.   Ҳамчунин, ба омӯзиши амиқи забонҳои ҷаҳонӣ ва аз худ намудану ба манфиати кор васеъ истифода намудани технологияҳои муосири иттилотӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

    43

    18.03.2025