15.09.2025

 img

Дар маросими кушодашавии Ҳафтаи «Бозёфт» дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Файзобод намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомҳои пайдарпайи Вазорати маориф ва илм ба хотири дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ҷалб ва рушди онҳо чанд сухани муқаддимавӣ гуфтанд.

 

Зикр гардид, ки ин иқдом ҳамасола дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, ҳадафи асосии он татбиқи Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар самтҳои гуногун, ҳамчунин, фароҳам овардани имконияти омӯзиши ройгон дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳост.

 

Дар ноҳияи Файзобод Ҳафтаи «Бозёфт» имсол теъдоди бештари хонандагонро гирд овард, ки ин аз афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ шаҳодат медиҳад. Муддати як ҳафта баргузории чорабиниҳои гуногун идома ёфта, барои дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нав, мусоидат ба касбинтихобкунии хонандагон ва омодасозии онҳо ба озмуну олимпиадаҳо шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.

 

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин бо волидайне, ки фарзандонашонро ҳамроҳӣ мекарданд, суҳбатҳои судманд анҷом ёфт. Онҳо, пеш аз ҳама, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил изҳори миннатдорӣ намуданд

  • ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД img
  • ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД img
  • ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    «БОЗЁФТ» ДАР ҲИСОР Имрӯз ҳайати кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо раванди баргузории Ҳафтаи "Бозёфт"-и Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Ҳисор шинос шуданд.    Ҳадафи баргузории ҳафта дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдод, ҷалби хонандагони болаёқат ба таҳсилоти иловагӣ ва омодасозии онҳо ба озмуну олимпиадаҳо мебошад. Дар ҳафта намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директори МДРИ шаҳри Ҳисор Аброр Азизов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ш.Ҳисор Муҳаммадшариф Мирзоев ва директори МТМУ № 3-и ш. Ҳисор иштирок ва суханронӣ карданд.    Бо сабаби надоштани бино рӯзи аввали ҳафта дар МТМУ №3-и шаҳри Ҳисор  баргузор гардид. Зикр шуд, ки Марказ ва маҳфилҳои фаннӣ ва гурӯҳҳои таҳсил маҳз ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди онҳо фаъолият мекунанд.    Аз суолу ҷавоби хонандагон маълум шуд, ки онҳо иштиёқи омӯзиши донишҳои иловагиянд. Аз ҷумла, аз ҷониби хонандагон чунин саволҳо пешниҳод шуданд: Ба ду маҳфил шомил шудан мумкин аст? Аз синфи чанд ба маҳфилҳои фаннии МДРИ шомил шудан мумкин аст? Ман дар маҳфили фанни ҳуқуқ таҳсил мекунам, метавонам боз ба маҳфили забони англисӣ шомил шавам? ва ғ.   Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои муфассал дода шуд.

    30

    15.09.2025
  •  img
    Сафари корӣ ба Давлати Қатар 15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    41

    15.09.2025
  •  img
    ДУРАХШИ АХТАРОН ДАР ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» Дар шаҳри Хоруғ рӯзи нахустини Ҳафтаи «Бозёфт» бо  ҷалби хонандагон ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо оғоз гардид. Чорабинӣ шумораи зиёди иштирокдоронро ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Хоруғ ҷалб намуд.   Бо мақсади шиносоӣ бо раванди баргузории ҳафтаи мазкур, ҳайати намояндагон аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуда, оид ба ҳадафҳо ва вазифаҳои он суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки машғулиятҳо бо усулҳои муосири интерактивӣ ба роҳ монда шуда, барои ҳамаи хонандагон комилан ройгон пешниҳод мегарданд.   Ҳафтаи «Бозёфт» имконият фароҳам меорад, то хонандагони лаёқатманд самтҳои қобилият ва завқи худро муайян намуда, дар оянда барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо омода гарданд.

    31

    15.09.2025