04.06.2026
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асл оғози марҳилаи нави муаррифии Тоҷикистон дар фазои илмии ҷаҳон мебошад. Имрӯз бисёр кишварҳо тавассути марказҳои илмӣ, ҷоизаҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои ҷаҳонӣ нуфузи худро тақвият медиҳанд. Тоҷикистон низ бо такя ба мероси яке аз бузургтарин нобиғаҳои таърихи башар имкони табдил ёфтан ба маркази муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи тибро пайдо мекунад.
Ин ҷоиза метавонад муҳаққиқон, табибон ва олимони ҷаҳонро гирди арзишҳое муттаҳид созад, ки ҳазор сол пеш Ибни Сино онҳоро асоси рушди илм медонист: дониш, таҷриба, инсонгароӣ ва масъулияти иҷтимоӣ.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчунин, қадрдонии шахсияти як нобиғаи бузург аст. Ин иқдом эътирофи саҳми таърихии миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад. Агар ҳазор сол пеш Ибни Сино аз қалби Хуросону Мовароуннаҳр ба рушди афкори илмии ҷаҳон таъсир расонида бошад, имрӯз Тоҷикистон бо таъсиси ин ҷоиза саҳифаи нави ҳамон рисолати таърихиро идома медиҳад.
Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино рамзи пайванди гузашта ва оянда, рамзи ҳамгироии илм ва фарҳанг, рамзи эҳтиром ба дониш ва инсонгароӣ мебошад.
Аз ҳамин нигоҳ, ин ҷоиза таҷассуми сиёсати давлатсозиест, ки ба неруи илм, арзишҳои фарҳангӣ ва сармояи маънавии миллат такя мекунад. Маҳз ҳамин арзишҳо буданд, ки ҳазор сол пеш Ибни Синоро ба қуллаҳои ҷаҳонии илм расониданд ва имрӯз низ метавонанд Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои бонуфузи муколамаи илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон табдил диҳанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани ҷоиза эътироф намудани дастовардҳои назаррас дар соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Фармони мазкур масъалаҳои таъсис, таҳияву тасдиқи низомномаҳо ва фонди ҷоизаро дар бар мегирад. о вуҷуди ин, дар тӯли солҳои зиёд баъзе доираҳо кӯшиш намудаанд, ки ҳувияти миллии Ибни Синоро таҳриф кунанд ва ӯро ба миллатҳои дигар мансуб донанд. Ҳатто дар мақолаи Садриддин Айнӣ – «Шайхурраис Абуалӣ Сино», ки соли 1939 таълиф гаштааст, вобаста ба ин масъала, изҳори ақида шудааст. Сабаби асосии чунин муносибат дар он аст, ки бузургии шахсияти ӯ аз марзҳои миллӣ гузаштааст ва ҳар миллат мехоҳад худро ба чунин нобиға нисбат диҳад. Аммо воқеиятҳои таърихӣ дар ин масъала хеле равшананд.
Аввалан, Ибни Сино дар муҳити фарҳангии тоҷикӣ ба воя расидааст. Ӯ фарзанди сарзамини Сомониён буд. Дуюм, яке аз муҳимтарин осори ӯ – «Донишнома» ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Ин асар нахустин донишномаи бузурги илмӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Агар Ибни Сино худро ба ин муҳити забонӣ ва фарҳангӣ мансуб намедонист, ҳаргиз чунин асари муҳимро ба ҳамин забон намеофарид. Сеюм, худи равандҳои фарҳангии замони ӯ низ шаҳодат медиҳанд, ки ӯ маҳсули мактаби фикрии Хуросону Мовароуннаҳр буд. Ин мактаб, ки аз замони Сомониён ташаккул ёфта буд, маҳз бо забон ва фарҳанги тоҷикӣ алоқамандии амиқ дошт.
Дар мақолаи худ устод Айнӣ яке аз сабабҳои пешравии илму адабиётро дар он давра бо шарофати ташкили давлати миллӣ, чун сулолаи Сомониён дониста, қайд мекунад, ки «Дар замони Сомониён Мовароуннаҳр ва Хуросон… аз зулми миллии онҳо (арабҳо – Э. С.) ҳам раҳоӣ ёфт… Дар замони Сомониён баробар мустақил шудани ҳокимияти миллии феодалӣ забон ва адабиёти миллӣ-форсӣ, ки дар охирҳо дар Осиёи Миёна номи тоҷикиро гирифт, ташкил ёфт…забони форсии маҳаллӣ ба вуҷуд омад, ки ин забон ҷойи забонҳои суғдӣ ва хоразмии Осиёи Миёнаро…гирифт».
Устод Айнӣ хуб медонист, ки барои муаррифии миллат беҳтарин роҳ истифода аз шахсиятҳои маъруф аст. Ӯ бо муаррифии Рӯдакӣ ҳамчун падари адабиёти тоҷик, Фирдавсӣ ҳамчун офарандаи «Шоҳнома» ва Ибни Сино ҳамчун нобиғаи ҷаҳонӣ, миллати тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
С. Айнӣ менависад: «… яке аз он олимони маҳаллӣ, ки дар давраи Сомониён дар Бухоро бо саъй ва кӯшиши худ ба воситаи он китобҳои нодир расида, аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст, соҳиби тарҷумаи ҳол – Абуалӣ ибни Сино аст».
Устод Айнӣ бо далелҳо собит мекунад, ки Абуалӣ ибни Сино дар муҳити тоҷикӣ зода шуда, ба камол расидааст ва тоҷик будани Синоро устод яке аз аввалинҳо шуда дар байни донишмандони шуравӣ зикр мекунад: «Абуалӣ ибни Сино… бо хоҳиши Улоуддавла китоби «Донишнома»-ро ба забони модарии худ – форсӣ-тоҷикӣ таълиф намуд».
Исботи ин гуфтаҳоро дар очерки С. Улуғзода «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» дидан мумкин аст. Дар ин асар, ба он маъно ишора шудааст, ки муҳимтарини ин «санад»-ҳо ақидаи худи халқ аст: авлод-авлоди аҳолии Лағлақа, Бухоро ва атрофи он деҳаи мазкурро ватани Абуалӣ ибни Сино медонанд, ки бесабаб нест. Бисёр деҳаҳои вилояти Бухоро монанди худи Бухоро дар муддати бештар аз ҳазор сол дар ҷойи худашон истодаанд, бинобар ин, дар ин муддат ватани Ибни Сино, ки дар байни халқ аз ҳар бузургвори дигар бештар шуҳрат дорад, мумкин набуд аз хотири мардум фаромӯш шавад…
Дар асарҳои худ, С. Айнӣ кӯшиш кард, ки Синоро ҳамчун фарзанди миллати тоҷик бо забони илмӣ ва бо истифода аз ривоятҳои мардумӣ муаррифӣ кунад. Ӯ на танҳо зодгоҳ ва забони модарии Синоро равшан сохт, балки саҳми ӯро дар илмҳои тиб, фалсафа, риёзиёт ва адабиёт нишон дод. Ҳамин тавр, устод Айнӣ бо далелҳои муътамад исбот намуд, ки Сино аз оилаи тоҷик бархоста, дар муҳити фарҳанги тоҷикию форсӣ тарбия ёфтааст.
Дар ҷойи дигари мақола устод Айнӣ менависад: «Аз асарҳои ба шакли китоб ҷилд шудааш танҳо «Донишнома» ва «Рисолаи набз» ба забони модариаш – забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст».
Тавре аз мисолҳо дидем, яке аз бурҳонҳои асосии С. Айнӣ ин таъкид буд, ки забони модарии Ибни Сино тоҷикӣ будааст. Ӯ дар рисолаи худ ба такрор зикр мекунад, ки Сино дар муҳите ба воя расидааст, ки дар он забони гуфтугӯӣ ва адабӣ тоҷикӣ буд.
Аз ин рӯ, вақте мо имрӯз дар бораи тоҷик будани Ибни Сино сухан мегӯем, ин на эҳсоси миллӣ, балки як воқеияти таърихӣ мебошад. Ҳамон гуна ки ҷаҳон Рӯдакиро падари адабиёти тоҷик мешиносад ва Фирдавсиро яке аз бузургтарин шоирони форсизабон медонад, Ибни Сино низ ба ҳамин муҳити таърихию фарҳангӣ тааллуқ дорад.
Аммо аҳаммияти Ибни Сино танҳо дар мансубияти миллии ӯ нест. Бузургии воқеии ӯ дар он аст, ки тавонист фарҳанги тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад. Ӯ яке аз аввалин намояндагони миллати тоҷик аст, ки номи худро дар таърихи илмҳои ҷаҳон ҷовидона сабт намудааст.
Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» қариб шашсад сол дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби асосии тиб омӯзонда мешуд. Дар бисёр донишгоҳҳои Аврупо то асри XVII донишҷӯён тибро маҳз аз рӯйи осори Ибни Сино меомӯхтанд. Ин воқеият нишон медиҳад, ки вақте дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон илм ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дошт, як донишманди тоҷик аллакай ба сатҳи роҳнамои илмии инсоният расида буд.
Аз ҳамин ҷиҳат, номи Ибни Сино имрӯз ба як рамзи тамаддун табдил ёфтааст. Номи ӯ рамзи дониш, ақл, хирад, таҳқиқ, навоварӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат мебошад ва маҳз ҳамин арзишҳо имрӯз барои мо аҳаммияти ҳаётӣ доранд.
Дар шароити кунунӣ, дар ҷаҳони муосир сарвати асосии давлатҳо на танҳо захираҳои табиӣ, балки сармояи инсонӣ мебошад. Давлатҳое пешрафтаанд, ки шаҳрвандони донишманд, олимони соҳибистеъдод, муҳаққиқони навовар ва ҷавонони эҷодкор доранд. Аз ин рӯ, ҳар иқдоме, ки барои рушди илм ва қадршиносии олимон равона шудааст, дар асл, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб маҳз аз ҳамин нуқтаи назар аҳаммияти бузург дорад. Ин ҷоиза метавонад ба яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳавасмандгардонии олимон табдил ёбад. Солҳои охир Тоҷикистон дар самти рушди илм, омодасозии кадрҳои илмӣ ва густариши фаъолияти таҳқиқотӣ корҳои назаррас анҷом медиҳад. Бо вуҷуди ин, ҷомеаи илмӣ ҳамеша ба намунаҳои нави ҳавасмандсозӣ ниёз дорад. Ҷоизаҳое, ки номи шахсиятҳои бузурги миллӣ доранд, дар ташаккули муҳити солими рақобати илмӣ нақши муассир мебозанд.
Ҳамзамон, таъсиси чунин ҷоиза аҳаммияти бузурги тарбиявӣ низ дорад. Ҷавонон вақте мебинанд, ки давлат олимонро қадр мекунад ва ба номи бузургтарин донишманди тоҷик ҷоизаи махсус таъсис медиҳад, муносибати онҳо нисбат ба илм тағйир меёбад. Дар шуури онҳо тадриҷан фаҳмиш шакл мегирад, ки роҳи муваффақият танҳо аз тариқи дониш ва заҳмати илмӣ мегузарад.
Дар асл, яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯз маҳз тағйири низоми арзишҳост. Агар ҷомеа мехоҳад пешрафт кунад, бояд шахсияти марказии он на сарватманд, балки донишманд бошад. Қаҳрамони ҷомеаи муосир бояд олим, омӯзгор, муҳаққиқ ва ихтироъкор бошад. Таъсиси ҷоизаи ба номи Ибни Сино маҳз ба ҳамин тағйири низоми арзишҳо мусоидат мекунад.
Аз ҷониби дигар, ин ташаббус ҷанбаи муҳимми сиёсати ҳувиятсозӣ низ дорад. Дар замони ҷаҳонишавӣ бисёр миллатҳо барои ҳифзи ҳувияти худ мубориза мебаранд. Яке аз роҳҳои муассири ҳифзи ҳувияти миллӣ эҳёи мероси шахсиятҳои бузург мебошад.
Тоҷикистон дар даврони истиқлол дар ин самт корҳои назаррас анҷом додааст. Таҷлили ҷашнҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар бузургони миллат ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Акнун таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб низ идомаи мантиқии ҳамин сиёсат мебошад.
Ин иқдом ба ҷомеа хотиррасон мекунад, ки миллати тоҷик танҳо соҳиби таърихи сиёсӣ нест, балки дорои таърихи бузурги илмӣ низ ҳаст. Мо миллате ҳастем, ки дар домани худ нобиғаҳое чун Ибни Сино парвариш кардааст. Аз ин рӯ, рушди илм барои мо идомаи рисолати таърихии миллат мебошад.
Дар воқеъ, агар ба мероси Ибни Сино бо чашми амиқтар назар кунем, мебинем, ки ӯ намунаи комили зиёии миллӣ буд.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон маҳз ба ҳамин гуна шахсиятҳо эҳтиёҷ дорад. Мо ба насли ҷавоне ниёз дорем, ки мисли Ибни Сино донишро ҳадафи зиндагӣ қарор диҳад, андешаи илмиро аз ҳама гуна хурофот болотар гузорад ва рушди кишварро рисолати шаҳрвандии худ шуморад.
Аз ҳамин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон на танҳо як иқдоми илмӣ, балки як рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ, сиёсӣ ва маънавӣ арзёбӣ кард. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон роҳи худро дар оянда бар пояи илм, дониш ва маърифат мебинад.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон ба марҳалаи нави инқилоби технологӣ ворид мешавад, миллатҳое муваффақ хоҳанд шуд, ки тавонанд мероси бузурги илмии худро бо талаботи замони нав пайваст намоянд. Барои тоҷикон чунин пули пайванд маҳз Ибни Сино мебошад. Ӯ аз гузаштаи пурифтихори мо сухан мегӯяд, аммо ҳамзамон, моро ба сӯйи ояндаи донишбунёд раҳнамун месозад.
Иқдоми зикршуда ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.
Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаи тандурустӣ нақши муассир гузошта, чун дигар иқдомҳои сатҳи ҷаҳониашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҷонибдорӣ меёбад.
Шарофзода Э.У. - н.и.т., дотсент,
мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ