11.10.2024

 img

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

 

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 12 ноябри соли 2026, пас аз ҷамъбасти рӯзи якуми даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Комиссияи озмун Равшан Каримзода ҷаласаи ситоди озмун баргузор гардид.   Дар ҷаласа аъзои ҳайати ҳакамон, намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор, масъулони бахшҳои ташкиливу техникии озмун ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.   Ҷаласаро муовини вазир ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти озмуни мазкур дар баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, таҳкими маърифати ҷомеа, рушди ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон ва тарбияи насли соҳибдонишу соҳибмаърифат ибрози назар кард. Таъкид гардид, ки баргузории озмун дар сатҳи баланд ва бо риояи принсипҳои шаффофияту адолат масъулияти ҷиддии тамоми сохторҳои ҷалбшуда мебошад.   Сипас, натиҷаҳои рӯзи якуми озмун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, доир ба раванди баргузории сабқат, сатҳи омодагии иштирокчиён, фаъолияти ҳайати ҳакамон, тартиби баҳогузорӣ ва масъалаҳои ташкилии ҷойдошта мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон, ҷараёни баргузории озмун аз рӯйи номинатсияҳо баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди он пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.   Дар фарҷоми ҷаласа муовини вазири маориф ва илм ба масъулини сохторҳои дахлдор ва аъзои ҳайати ҳакамон ҷиҳати таъмини шаффофияту беғаразӣ ҳангоми баҳогузорӣ, риояи қатъии талаботи Низомномаи озмун, муносибати масъулиятшиносона бо иштирокчиён, сари вақт баррасӣ намудани масъалаҳои ба миёномада ва дар сатҳи зарурии ташкилӣ баргузор намудани рӯзҳои минбаъдаи озмун дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Ҷаласаи ситод бо муайян намудани вазифаҳои минбаъда ва таъкиди масъулияти ҳар як шахси масъул дар раванди баргузории озмун ба анҷом расид.

    0

    12.11.2026
  •  img
    МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” Имрӯз 12 ноябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода , муовинони вазир, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, аъзои комиссияи ҷумҳуриявии озмун, иштирокчиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.   Нахуст, вазири маориф ва илм аҳли адаб, масъулони озмун ва меҳмононро ба муносибати оғози даври ниҳоӣ табрик намуда, таъкид кард, ки баргузории он дар остонаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти хосси рамзӣ ва маънавӣ мебошад.   Зикр гардид, ки бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳаракати фарогири маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфта, дар бедор намудани завқи китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав нақши муҳим дорад.   Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷомеа бо ҷараёни густурдаи иттилоот ва таъсири гуногуни фарҳангӣ рӯ ба рӯ мебошад, китоб яке аз воситаҳои муҳимми ҳифзи ҳувият, арзишҳо ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Ҳадафи асосии баргузории озмун низ дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, тарбияи насли донишманду китобдӯст, тарғиби илму дониш, адабиёту фарҳанг ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик мебошад.   Сипас, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки озмуни мазкур аз соли 2019 инҷониб ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷомеа, ҷалби наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои аҳолӣ ба китобхонӣ, тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мегардад.   Мавсуф таъкид намуд, ки озмун дар ташаккули фарҳанги китобхонӣ ва табдил додани мутолиа ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа саҳми назаррас дорад. Иштироки намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, ходимони илму адаб, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони дигар касбу кор далели густариши таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин иқдоми маърифатӣ мебошад.   Ҳамзамон, бо назардошти ҷамъбастӣ будани даври мазкур, таъмини шаффофият, риояи талаботи низомномаи озмун ва баҳогузории холисонаву одилонаи дониш ва маҳорати довталабон аз вазифаҳои муҳимми комиссияи ҷумҳуриявӣ ва масъулони баргузории озмун арзёбӣ гардид.   Дар идома вазири маориф ва илм иброз дошт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тӯли баргузории худ тавонистааст чеҳраҳои нави соҳибистеъдодро муаррифӣ намуда, муҳаббати насли наврасу ҷавон ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба китоб, забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ тақвият бахшад. Ҳамзамон, он дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии шаҳрвандон нақши муассир гузоштааст.   Дар фарҷом ба довталабон, омӯзгорон, аъзои ҳакамон ва масъулони озмун барору комёбӣ таманно карда шуд.   Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 нафар довталаб иштирок менамоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    12.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.    Муассисаи давлатии литсеи Дурахшандагон дар шаҳри Душанбе, дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзишӣ барои мусобиқаҳои волейболу футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.   Гуфта шуд, ки дар муассисаи нави таълимӣ барои таҳсили 640 хонанда шароит фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаҳои фанҳои дақиқ, лингафонӣ ва зеҳни сунъӣ хонандагон метавонанд донишҳои муосирро аз бар намоянд.   Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 бори нахуст дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуд ва минбаъд қабули довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад.     Бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 400 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он тибқи талабот барои зисти наврасон шароит фароҳам гардидааст.   Дар саҳни бино майдончаи сафороӣ ва лавҳаи хотиравӣ бунёд гардида, нимпайкараи намояндагони илму адаби тоҷик гузошта шудааст. Ҳамчунин, 3 майдончаи варзишӣ барои обутоби бадан ва баргузории мусобиқаҳои футболи хурду волейбол бунёд гардидааст, ки ба тарбияи ҷисмонии наврасон мусоидат мекунад.   Зикр гардид, ки бунёди иншооти нав ва фароҳам овардани шароити зурурии барои таҳсил натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлат ба ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта мусоидат мекунад.   Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъминкунандаи волояти қонун ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, наврасон аз хурдӣ дар ин муассисаи барҳавои таълимӣ бояд бо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, садоқат ба пешаи пуршарафи хизматчии низомӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба камол расанд.   Ҳамчунин, Пешвои миллат масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва омӯзгоронро барои истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшуда, бо усулҳои муосири педагогию низомӣ ба роҳ мондани раванди таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба камол расонидани хизматчиёни ояндаи низомии кишвар вазифадор намуданд.

    99

    10.11.2026