МУҲТАРАМ ОЛИМОН, МУҲАҚҚИҚОН, ОМӮЗГОРОН, МАГИСТРАНТОН, ДОКТОРАНТОН (PhD) ВА ДИГАР АЛОҚАМАНДОНИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ!
Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо мақсади иҷрои талаботи банди 14 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (фармоиши вазири маориф ва илм аз 21.02.2022, №240) тасмим гирифтааст, ки нимаи аввали моҳи октябр конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони «Навсозии мундариҷаи таҳсилот-омили баландбардории сифати таълим ва тарбия дар замони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор намояд.
Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, магистрантон, докторантон (PhD) ва дигар алоқамандони соҳаи илму маориф метавонанд тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзанд.
ДАР КОНФЕРЕНСИЯ МАСЪАЛАҲОИ ЗЕРИН
МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР МЕГИРАНД:
1.Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи соҳаи маориф ва навсозии мундариҷаи таҳсилот
2.Нақши Истиқлолият дар рушди соҳаи маориф: шароит ва имкониятҳо
3.Аҳамияти навсозии мундариҷаи таҳсилот дар даврони Истиқлолият
4. Воситаҳо ва усули самаранокӣ дар навсозии мундариҷаи таҳсилот
5.Самтҳои рушду такмили мазмуни таҳсилот
6.Навсозии мундариҷаи таҳсилот дар соҳаи технологияи иттилоотӣ
7.Талаботи замон ва ниёзҳои ҷомеа барои навсозии мундариҷаи таҳсилот.
8.Воситаҳо ва усулҳои навсозии мундариҷа дар муассисаҳои таълимӣ.
9.Нақши навсозии мундариҷаи таҳсилот дар баландбардории сифати таълим.
10.Таъсири рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба мундариҷаи таҳсилот
11.Нақши омӯзгорони ботаҷриба ва таълимии касбӣ дар вазъи навсозии мундариҷаи таҳсилот
12.Истифодаи методҳои муосир дар тарбия ва таълим .
13.Воситаҳои навсозии мундариҷа барои таъмини такмил ва рушди устувор.
14. Маънии Истиқлолият ва рушди системаҳои таълимӣ.
15.Технологияҳои муосир дар навсозии мундариҷаи таҳсилот: воситаҳо ва методологияҳо.
16. Ватандӯстӣ ва арзишҳои миллӣ дар мундариҷаи таҳсилот: таъсир ва аҳамият.
17. Розҳои таълими электронии замони муосир: тадқиқоти таҷрибавӣ ва натиҷаҳо.
18.Нақши омӯзгор дар навсозии методҳо ва такмили мундариҷаи таҳсилот.
19.Рушду қобилияти зеҳнии наврасону кӯдакон: низомҳои нави таълим ва самтҳои тадқиқотии кӯмакрасон.
20.Аҳамияти омодагии касбӣ барои омӯзгорон дар самти навсозии мундариҷаи таҳсилот.
21. Мундариҷаи таълимӣ бо истифодаи методҳои интерактивӣ
22.Воситаҳои арзёбӣ ва шароитҳо дар баландбардории сифати таълим: муқоиса бо таҷрибаи байналмилалӣ.
23.Масъалаҳои равобити омӯзгору хонанда дар мундариҷаи нав: роҳҳои беҳсозӣ.
ТАЛАБОТ НИСБАТИ МАЪРУЗАҲОИ БАРОИ ЧОП ПЕШНИҲОДШАВАНДА:
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи - 14;
- сатри якум - номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри дуюм – насаб, ном ва номи падари муаллиф бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм - номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;
- фосилаи байни матни маъруза сатрӣ – 1,5;
-баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
- ҳаҷми матн бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо аз 6 то 8 саҳифа (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шавад);
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» овардашуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маъруза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);
- дар охир маълумот дар бораи муаллиф - насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа, ҷойи таҳсил рақами телефон ва почтаи электронӣ бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод шаванд);
Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 20-уми сентябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маводи конференсия нашр мешавад.
Хароҷоти рафту омад ва зист ба зимаи иштирокчиён аст.
Суроғаи мо: 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов 11/2, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ
Телефонҳо барои тамос: (+992) 2-227-02-38; (+992) 985-72-81-01
E-mail: mirobid-26@mail.ru