ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ БУРСИЯ ҶУДО КАРД

05-11-2020
   Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи барномаи “AYUSH Scholarship” барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни тиб дар соли таҳсили 2021-2022 дар зинаҳои бакалавр, магистратура  ва доктор PhD бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст.
   Таҳсил аз рӯи барномаи мазкур ройгон буда, ба донишҷӯён идрорпулии моҳона дода мешавад. Ҳаҷми идрорпулӣ аз рӯи барнома ва ихтисосҳои интихобгардида муайян карда мешавад. Ҳамзамон, дар давоми таҳсил барномаи мазкур ба донишҷӯён ду маротиба чиптаи ҳавопаймоӣ пешниҳод менамояд.
   Таҳсил ба забонҳои англисӣ ва ҳиндӣ сурат гирифта, довталабон бояд бо забони англисӣ ба таври озод суҳбат карда ва навишта тавонанд.
   Довталабон бояд худро то санаи 10.11.2020 дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ номнавис намоянд.
   Телефонҳо барои тамос: 221-30-33, 223-23-59. 
   Е-mail: umomort@gmail.com 
   Инчунин, довталабон метавонанд маълумоти бештарро аз сомонаҳои зерин дастрас намоянд: 
http://www/scholarships.net.in/44401.html#AYUSH_Scholarship_Scheme
https://www.ayush.gov.in/
https://main.ayush.gov.in/
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон