Э Ъ Л О Н!

14-06-2022
Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” дар зинаҳои таҳсилотӣ: бакалавр, мутахассис, магистратура (ординатура), аспирантура ва докторантура то 20.06.2022 давом дорад. 
 
НОМГӮЙИ ИХТИСОСҲО АЗ РӮЙИ ЗИНАИ ТАҲСИЛОТ:
 
БАКАЛАВР:
1. Сурдопедагогика – информатика
2. Геодезияи муҳандисӣ, маркшейдерӣ ва харитасозӣ
3. Огоҳкунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода
4. Автоматонии равандҳои технологӣ дар истеҳсолот (саноати сабук
5. Математикаи амалӣ
6. Тарҳрезӣ ва лоиҳакашии компютерии воситаҳои радиоэлектроника
7. 3D-дизайнер, веб-дизайнер, дизайнер-техник дар соҳаи саноати сабук
8. Физик-механик
9. Инженер-конструктор
10. Геофизики соҳаи нафту газ
11. Коргардон-барномасози чандрасонаӣ (Режиссёр анимации и компьютерной графики – мультимедиа)
12. Ҳифзи комплекси объектҳои иттилоотонӣ
13. Пармакунии чоҳҳои нафт ва газ
14. Муҳандис оид ба обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов
15. Мутахассис оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об
16. Экотаҳлилгар дар сохтмон
17. Филмноманавис
18. Наворбардори филмҳои ҳунарию мустанад
19. Пиротехник
 
МУТАХАССИС:
1. Геохимияи амалӣ, минералогия ва петрология
2. Усулҳои геофизикии ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок Муҳандис дар соҳаи ҳимояи релегӣ ва автоматика
3. Системаҳои автоматикунонии лоиҳакашӣ
4. Офталмолог барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии ретиналӣ, ҷарроҳии пластикии чашм
5. Духтури варзишӣ
6. Психотерапевт
 
МАГИСТРАТУРА:
1. Тибби ветеринарӣ – фарматсевт
2. Осорхонашиносӣ ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ
3. Гидрометеорология ва метеорология
4. Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ
5. Бозорҳои молиявӣ ва институтҳо
6. Стратегияҳои молиявӣ ва таҳлил
7. Иқтисоди рақамӣ
8. Муҳандис вобаста ба манбаъҳои барқароршавандаи энергияя
9. Мутахассиси кӯпруксоз
10. Мутахассиси нақбҳо
11. Гармидиҳӣ, шамолдиҳӣ, кондитсионерӣ ва газтаъминкунӣ
12. Биофизика
13. Амнияти иттилоотӣ (компютерӣ) 
 
АСПИРАНТУРА:
1. Конструксиҳои сохтмонии биноҳо ва иншоотҳо
2. Системаҳои энергетикаи барқӣ ва комплексҳо
3. Химияи таҳлили
4. Технологияи иттилоотӣ
5. Дорусозӣ
6. Ҷарроҳи қафаси сина
7. Тавлиди доруворӣ
8. Диетология
9. Эндоурология
10. Генетикаи тиббӣ
 
ДОКТОРАНТУРА:
1. Таҳлили математикӣ
2. Физикаи экспременталӣ
3. Технологияи полиграфӣ ва борҷомасозӣ
4. Муҳандис вобаста ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия
5. Эпидемиалогия
6. Биологияи молекулавӣ
7. Радиобиология
8. Технология ва таҳрезии маҳсулоти саноати сабук
9. Вирусология
 
ОРДИНАТУРАИ КЛИНИКӢ:
1. Ҷарроҳи қафаси сина
2. Бемориҳои асаб
3. Ҷарроҳии абдоминалӣ
4. Анатомияи патологӣ
5. Наркология 
6. Тибби судӣ
 
 
ҲУҶҶАТҲОИ ЛОЗИМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН:
1. Ариза (намуна дар марказ пешниҳод мешавад) 
2. Анкетаи шакли муқарраршуда (дар марказ пешниҳод мешавад)
3. Нусхаи шиноснома
4. Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд
5. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: аттестат ё маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11 будан. Нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи таҳсилоти бакалавр, мутахассис, магистр, аспирант ва доктор)
6. Маълумотномаи тиббӣ 0,86 ё 0,38 ва ВИЧ/СПИД
7. Маълумотномаҳо аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ
8. Сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра (дар ҳолати мавҷуд будан)
9. Дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3, сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан)
10. Реферат аз рӯи мавзӯи интихобгардида (барои дарёфти зинаи аспирант ва доктор)
11. Мактуби тавсиявӣ (рекомендательное письмо)
12. Маълумотнома аз ҷои истиқомат
13. Нусхаи шиносномаи падару модар
14. Маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома)
15. 4 дона расми ранга 3х4
16. Маълумотномаи доғи судӣ.