ДАР БЕЛАРУС ТАҲСИЛ КАРДАН МЕХОҲЕД?

01-08-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус грантҳо барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус барои соли таҳсили 2023-2024-ро пешниҳод намудааст.
Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба грантҳои мазкур то санаи 18.08.2022 буда, хоҳишмандон барои ба қайд гузоштани номзадии худ аз сомонаи www.studyinby.com маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро дастрас ва хонапурӣ намоянд. 
 
Тамос: Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: +992 (37) 2213033
Email: umomort@gmail.com