ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

13-09-2023
13 сентябри соли ҷорӣ дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд карда истодааст. Баррасии ҳамкориҳо дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ натиҷаҳои бештаре ба бор хоҳад овард.
Сипас Саясат Нурбек қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 2000-ум амалӣ карда мешавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон