ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ ШӮРОИ ПАРАСТОРОНИ ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

09-02-2023
9 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раҳим Саидзода- вазири маориф ва илм бо Шамш Кассим-Лакха - раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Раҳим Саидзода қайд намуд, ки ҳадафи асосӣ аз фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод намудани таҳсилоти олии касбии мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ ва тайёр намудани мутахассисонест, ки метавонанд дар якҷоягӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ дар самти рушди иқтисодиёти минтақа саҳмгузорӣ кунанд.
Ҳамчунин, Шамш Кассим-Лакха таъкид намуд, ки аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд марказҳои омӯзишии забони англисӣ дар ояндаи наздик кушода, ба истифода дода мешавад.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон