ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ (GPE)

26-02-2024
26 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) ва сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон доир гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) иштирок намуданд.
Дар вохӯрии мазкур оид ба дастгирии соҳаи маорифи кишвар дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар асоси татбиқи лоиҳаи муштараки Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва Бонки Исломии Рушд - «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мубодилаи афкор сурат гирифт.
Раҳим Саидзода зимни суҳбат иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар иртибот бо Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян кардааст. Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҷдид, идомаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро дар бар мегирад ва то охири соли 2023 дар доираи ин лоиҳа корҳои зиёд анҷом ёфта, сохтмони 48 муассисаи таълимии дигар идома дорад, ки ин аз рушди ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо шарикони рушд, махсусан, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дарак медиҳад. Ҳамзамон вазири маориф ва илм омодагии Вазорати маориф ва илмро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иброз медорад.
Дар идома Муҳаммад Тариқ Хон нахуст вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати интихоб шуданашон ба аъзои раёсати Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф табрик гуфта, иброз дошт ки акнун Раҳим Саидзода дар ин созмон аз ҳавзаҳои Осиё ва Аврупои Шарқӣ 14 давлатро намояндагӣ мекунанд, ки ин натиҷаи ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо аст. Маҳз талошҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамкориҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон хеле вусъат пайдо кард.
Ӯ иброз дошт, ки Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф яке аз созмонҳои калонтарини шарикии рушд дар соҳаи маориф мебошад, ки бо кишварҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ мондааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои аъзои фаъоли ин созмони байналмилалӣ мебошад.
Дар фарҷом, ҷонибҳо бо хушнудӣ иброз доштанд, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илм мебошанд. Сипас ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон