ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

05-03-2024
5 марти соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд. Дар мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, намояндагони Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ” ва сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар самти маориф ва илм ёдовар шуд. Раҳим Саидзода иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза боз ҳам дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар оянда саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Алиризо Ҳақиқиён ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо ибрози ақида намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон ишора кард.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муаяйн намудани номгӯйи ихтисосҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки тариқи бурсияҳо пешниҳод кардаанд ва ҳамзамон сохтмони муассисаҳои таълимӣ, муҷаҳҳазгардонии лабараторияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, табодули таҷрибаҳои донишҷӯёну устодон ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон