Вохӯрии судманд

20-10-2021
20 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парк Ён Ҷин - профессори Коллеҷи Лифти Корея, Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, Ҷибок Сим-намояндаи минтақаҳои Озоди Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ, Санг Ёнг Юн-намояндаи Ассотсиатсияи профессианалии инженерии Корея иштирок карданд.
Зикр гардид, ки мақсади вохӯрӣ баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Корея,  муайян намудани нақшаи ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби донишҷӯён барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Корея ва курсҳои забономӯзӣ мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея иброз доштанд.
 


маркази матбуоти Вазорати
маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон