ВОХӮРИИ Ҷ.ҶӮРАЗОДА БО Р.НАЖМИДИНОВА

24-05-2022
24-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо директори Филиали Интернюс дар Тоҷикистон Рухшона Нажмидинова баргузор гардид, ки дар он Р. Кейвуд-ҷонишини директори Филиали Интернюс дар Тоҷикистон, А.Каримова-ҳамоҳангсози лоиҳа, Э.Сафарзода-сардори Маркази матбуоти вазорат ва И.Камолзода-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат иштирок намуданд.
- Вазорати маориф ва илм хуб медонад, ки Филиали Интернюс дар Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ дар самти омода намудани рӯзноманигорон ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии расонаии аҳолӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Яке аз корҳои шоистае, ки Интернюс анҷом додааст, ин дастгирии лоиҳаҳои омӯзишӣ, аз ҷумла, таъсиси Маркази саводнокии расонаӣ дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ифтитоҳи Хонаи саводнокии расонаӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ ва муҳимтар аз ҳама таҳияи дастури таълимии Саводи расонаӣ барои омӯзгорону донишҷӯён мебошад,-зикр кард Ҷ.Ҷӯразода. 
Р.Нажмидинова зимни суҳбат зикр кард, ки Филиали Интернюс дар Тоҷикистон дар оянда низ мехоҳад корҳои зиёдеро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм анҷом диҳад. Хусусан, таҳия ва нашри китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва ташкили курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорону донишҷӯён аз ҷумлаи корҳоеанд, ки бояд дар ҳамкорӣ бо вазорат роҳандозӣ шаванд.
Ҳамчунин, зимни суҳбат ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бештар ва татбиќи босамари нақшаҳои корӣ зарур аст, ки миёни Вазорати маориф ва илм ва Филиали Интернюс дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.